иҷтимоиёт
ЖУРНАЛИСТ ВА СИЁСАТМАДОР
18 март зодрӯзи арбоби сиёсию давлатӣ ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Отахон Латифӣ аст. Боиси таассуф, ки ин чеҳраи номдори журналистикаи миллӣ ба таври даҳшатнок аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. 22 сентябри соли 1998 бар асари нақшаи тарроҳишудаи раҳбарони ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Душанбе ин фарзанди фарзонаи миллат террор гашт. Террори устод Отахон Латифӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин, барои тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар ҳудуди ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд.
Отахон Латифӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои таъсиргузори журналистикаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад. Устод Латифӣ бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва андӯхтани донишу таҷрибаи ҳирфаию зиндагӣ тавонист дар раддаҳои баланди сиёсию иҷтимоии замони шӯравӣ ва пасошӯравӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи баланд касб намояд. Муҳимтар аз ҳама, аз хонадони як тоҷики музофотӣ баромадан ва рушд кардани устод Латифӣ маънои онро дорад, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замон метавонад кадрҳои баландихтисоси сатҳи ҷаҳониро омода ва барои хидмат ба халқу Ватан сафарбар намояд. Бад-ин тартиб метавон дар бораи шахсият, асолат ва ҳайсияти ин журналисти овозадор зиёд гуфт, зеро ӯ фарзанди содиқи Ватан ва миллати худ буд.
Решаи комёбиҳои устод Латифӣ, қабл аз ҳама, дар заҳмату талошҳои фаровони инфиродӣ ва шахсии устод ниҳонанд, ки ӯро ба унвони як журналист ва воқеанигори ҳирфаӣ муаррифӣ кардаанд. Латифӣ соли 1958 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград, ки аз бонуфузтарин марказҳои таълимию илмии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт, дохил мешавад ва онро сарбаландона хатм мекунад. Баъдан кор дар нашриёт, рӯзномаю матбуоти пурнуфузу пуртаъсир ва мақомоти давлатии вақт - нашриёти давлатии “Ирфон”, рӯзномаҳои “Комсомолец Таджикистана” ва “Комсомоли Тоҷикистон», дар Дастгоҳи Кумитаи Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон - ЛКСМ (солҳои 1963-1967), мухбири махсуси рӯзномаи пуровозаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва минбаъд Осиёи Миёна (солҳои 1967-1973), мухбири махсуси “Правда” дар Тоҷикистон (солҳои 1973-1989), муовини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (солҳои 1989-1991), мухбири махсуси рӯзномаи “Известия” ва ҳафтаномаи “Союз” — “Жизнь” (аз соли 1991 ба баъд) ӯро ба сифати шахсияти варзида ва таҷрибадори замон миёни ҷомеа маъруфият бахшиданд. Аз ин ҷост, ки решаи маҳбубият ва маъруфияти устод Отахон Латифӣ дар мушаххасоти зерини шахсиятӣ: масъулиятмандӣ, шоистагӣ, бовиҷдонӣ, хирадмандӣ, гуманизм ва мардумсолории ӯ зоҳир гардидаанд.
Отахон Латифӣ дар давоми фаъолияти журналистӣ аз воқеият ва ҳақиқат убур накардааст ва барои барқарор кардани адолат ва махсусан, адолати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳои шахсиятӣ, ихтисосӣ, мақомӣ, табақотӣ ва билохира инсонии худ истифода бурдааст. Силсилаи мақолаҳои интиқодие, ки дар матбуот ба исми Отахон Латифӣ мунташир мегардиданд, баёнгари рӯҳияи озодандешӣ ва масъулиятписандии журналист буданд. Нуктаи дигари ҷолиб дар ин замина ин аст, ки устод аз дидгоҳи шахсиаш ба масоили доғи рӯзгор назар меафканд ва дар меъёри кор ҳамеша адолатро мегузошт. Убур аз адолатро убур аз меъёр талаққӣ мекард ва ба он мекӯшид, ки тавассути матбуоти даврии вақт манофеи мардумро ҳифз намояд. Дар зимн, устод тайи солҳои 1973-1989 ба ҳайси мухбири рӯзномаи пурнуфузи “Правда” фаъолият карда, бо истифода аз мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мақолаҳои дархӯри иҷтимоӣ рӯйи нашр меовард ва аз ин тариқ дар ҳалли мушкилоти Тоҷикистон саҳми сазовор мегирифт. Аз ҷониби дигар, ба забони адабии муосири русӣ балад будан ва ба ин забон навиштани матолиби ҷолиби матбуотӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз осон набуда ва нест. Аммо устод Латифӣ бо шева ва сабки вежа доир ба масоили муҳими замон гузоришу мақолоти ҷолиб мунташир мекард. Рӯзномаи рақами яки замони шӯравӣ “Правда”, ки адади нашри он ба 12 миллион нусха расида буд, матолиби ҷолиби устод Латифиро интишор медод, ки муҳтавои баланди иҷтимоӣ доштанд ва ин навъ мақолаҳо боиси ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти иҷтимоии мардуми маҳаллӣ мегардиданд. Матолиби устод муаррифгари миллат ва мардуми Тоҷикистони азиз будаанд. Бар илова, ҳар як маводи таҳлилӣ ва гузоришии устод мансабдорони давлатии сатҳҳои гуногунро ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ вомедошт.
Отахон Латифӣ аз ташаббускорони шурӯи музокироти сулҳи байни тоҷикон ба шумор рафта, тавассути ҷаҳду талошҳояш дар барқарории сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон саҳми муносиб гирифтааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) ба Душанбе баргашт ва аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллии (КОМ) дар баррасӣ ва ҳалли масоили муҳими давр фаъол буд. Мавсуф дар қабули як силсила санадҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули қонуни афв пешгом ва дар ҳалли масоили вобаста ба сулҳ мавқеи созанда дошт. Ин аст, ки барои хизматҳои шоистааш дар барқарории сулҳу субот дар кишвар ӯ бо ордени “Шараф” қадр шуд.
Террори устод Отахон Латифӣ, пеш аз ҳама, ба фаъолияти касбии ӯ вобастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигор ва журналисти ҳирфаӣ ва дар айни замон сиёсатмадори миллиандеш ба бисёр гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки аз қазияи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон манофеи хешро меҷустанд, маъқул набуд. Аз ҷумла, ба муҷриён ва бозигарони тарҳи исломи сиёсӣ дар минтақа сахт нописанд буд. Устод бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад ва онҳо дар ибтидо хостанд аз нуфуз ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии устод Латифӣ дар корзори сиёсӣ ва ҷангӣ истифода бубаранд, вале мавқеъгириҳои миллӣ ва дунявии ӯ чун устухон дар гулуи ҳавохоҳони режими теократӣ буд. Аз ин рӯ, бо фароҳам омадани шароити мусоид дар ҳазфи ҷисмонии ӯ кӯшиданд. Ҳамин тавр, субҳи 22 сентябри соли 1998 устод Отахон Латифӣ дар шаҳри Душанбе, дар наздикии қароргоҳи КОМ аз сӯйи қотилони наҳзатӣ террор шуд. 26 январи соли 1999 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қазияи террори устод Латифӣ изҳороте пахш намуда буд, ки тибқи он, яке аз қотилон, узви ТТЭ ҲНИ Равшан Ғафуров ҳангоми фирор аз боздоштгоҳ безарар гардид, 7 июни соли 2000 қотил Абдулло Турсунов, узви ТТЭ ҲНИ, ки бевосита ба тарафи устод тир зада, ӯро ба қатл расондааст, боздошт ва ба 17 соли зиндон маҳкум гардид. Иштирокчии дигари тарҳи террор узви ТТЭ ҲНИ Нозим Воҳидов ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва безарар гардонда шуд. Зимнан, дар филми мустанади ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 августи соли 2017 аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш гардида буд, муҷриёну омилони тарҳи террори журналисти варзидаи миллӣ, ки раҳбарияту аъзои ТТЭ ҲНИ будаанд, фош шуданд. Далелҳои шайъие, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ тайи солҳо ҷамъоварӣ гардиданд, раҳбарият ва қотилони ТТЭ ҲНИ- ро дар ин қазия муқассир медонанд ва дигар ҷойи баҳс ҳам нест. Шоҳидон дар ин филм ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни пасипардагии он дар ибтидои солҳои навад сухан дар миён оварда, бар он ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳо гузарондан ва билохира ба марҳилаи ниҳоӣ расондани гурӯҳҳои махсуси қотил раҳбарияти вақти ТТЭ ҲНИ даст доштанд.
Отахон Латифӣ ҳамчун журналисти ҳирфаӣ хуб медонист, ки рӯзноманигор нафарест, ки бо воқеиятҳои замонию маконӣ рӯбарӯст ва дар асоси воқеият ва ҳақиқати зиндагӣ ба масоил бархӯрд мекунад. Ҳадафи рӯзноманигоре мисли устод Латифӣ, пеш аз ҳама, баёни воқеиятҳои давру замон будааст. Ӯ бо беадолатӣ ва зулму истибдоди дохилию берунӣ дасту панҷа нарм намуда, дар ин раҳ ҷон бохт. Рӯҳи устод шод бод.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
ходими пешбари илмии АМИТ,
номзади илмҳои филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.03.2021 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 710