фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Саҳми ходими пешбари илмии шуъбаи селексия ва технологияи занбӯриасалпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Абдурашид Шарифов дар рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ хеле бузург аст. Мавсуф дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда дорад. Доктори илми кишоварзӣ Абдурашид Шарифов профессори кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ мебошад.
Ӯ дар яке аз деҳаҳои зебоманзари шаҳри Ҳисори шодмон чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил мешавад. Аз рӯзҳои аввали таҳсил худро ҳамчун донишҷӯи фаъол ва меҳнатдӯст нишон дод. Баъди хатми донишкада ихтисоси агрономро соҳиб гашт. Меҳри илм ва такмили он устодро ба олами улум овард. Алҳол соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар маркази тадқиқоти олим қарор дорад. Ин муъҷизаҳои табиат дар соҳаи кишоварзӣ саҳми беандоза доранд. Онҳо рустаниҳоро гардолуд менамоянд.
Устод кӯшиш ба харҷ доданд то илмашон дар амал татбиқ гашта, муҳаққиқи мӯшикоф будани худро собит намоянд. Хусусиятҳои фоидаоварии занбӯри асалро ба инобат гирифта, кӯшиш ба харҷ доданд, то ки ҳосилнокии рустаниҳоро дучанд гардонанд.
Инчунин, устод барои сайқал додани донишу маҳорати худ ва бештар ба умқи соҳа ворид шудан, ба вилояти Рязани Федератсияи Россия сафар карда, дар назди Институти занбӯриасалпарварии шаҳри мазкур дар риштаи занбӯриасалпарварӣ такмили ихтисос намуданд. Устод бо сари баланд баъд аз хатми ин боргоҳи илму маърифат дипломи олии «зоотехник-занбӯрпарвар»-ро ба даст гирифта, ба Ватан баргаштанд ва дар рушди соҳа хизматҳои шоёне анҷом доданд.
Бо кӯшишҳои пайгиронаи А. Шарифов дар заминаи шуъбаи парандапарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Тоҷикистон бахши занбӯриасалпарварӣ ташкил шуд. Баъдан дар назди институт шуъбаи занбӯриасалпарварӣ ташкил шуд. Бояд тазаккур дод, ки устод нахустин нафаре мебошанд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ рисолаи докториро ҳимоя намуданд.
Имрӯзҳо бо саъю талоши ин олими варзида корҳои селексионӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба роҳ монда шуда, дар ояндаи наздик типи тоҷикии занбӯрони асал бо иқдоми ин марди фозил ба роҳ монда мешавад. Ин яке аз дастовардҳои илмии соҳа дар замони истиқлолият ба шумор меравад.
Бо талошу заҳматҳои олими мазкур шуъбаи занбӯриасалпарварӣ ба шуъбаи селексия ва технологияи занбӯриасалпарварӣ табдил шуда, баҳри ҷоннок намудани корҳои селексионӣ заминаи моддӣ-техникии зарурӣ гузошта шавад.
Устод Абдурашид Шарифов яке аз олимони соҳибмактаб буда, тавассути ғамҳориҳои пайваста ва роҳбариашон 7 нафар номзади илм дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Имрӯзҳо ин олимон дар вазифаҳои мухталиф сарбаландона иҷрои вазифа менамоянд.
О. УЛУҒОВ, О. ТОҲИРОВ,
Ф. БУРЧИНОВ,
номзадҳои илми кишоварзӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.03.2021 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 873