иҷтимоиёт
ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ҲИФЗИ НУФУЗИ МИЛЛАТ АСТ
Новобаста ба вазъи пуртазоди ҷаҳони муосир ва мушкилоти иқтисодию молиявӣ тақрибан 50 дарсади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, равона гардидааст. Соли гузашта вобаста ба паҳн шудани бемории коронавирус ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона шуд.
Дар баробари ин, баҳри тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар давраи пандемия бо ташаббуси Сарвари давлат баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд созишномаи молиявӣ оид ба маблағгузории «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Тибқи муқаррароти созишномаи мазкур ва дастурамал оид ба таъйин ва пардохти кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3 - сола, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шудааст, суратҳисоби махсуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сарраёсати хазинадории Вазорати молия барои интиқоли маблағҳои грантии лоиҳаи мазкур кушода шуд. Кумакпулӣ ба андозаи 500 сомонӣ ба як оилаи камбизоат, як маротиба пардохт гардид. Чунин кумакпулӣ ба 64 469 оилаи камбизоати кӯдакони то 3 - соладошта, дар ҳаҷми 32 234 500 сомонӣ пардохт шуд.
Инчунин, дар давраи пандемия дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 480 000 гурӯҳи гуногуни осебпазири ҷомеа кумакпулии якдафъаина ба андозаи 400 сомонӣ пардохт шуд. Аз ин кумакпулӣ 149 856 оилаи камбизоати 68 шарҳу ноҳия бархӯрдор гардид.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём таъкид намуданд: «Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад».
Дар чунин шароити мураккаби бемории сироятии коронавирус, ки кишварҳои ҷаҳон сарҳадҳои давлатиро барои рафтуомади озоди одамон бастаанд, буҳрони иқтисодию молиявӣ ба вуҷуд омада, таъсири худро ба буҷети кулли кишварҳои сайёра гузоштааст, дастгирии саховатмандонаи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, махсусан табақаҳои осебпазири аҳолӣ, сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури раҳнамоест, ки барои таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ равона гардида, амалисозии нуктаҳои муҳими он вазифаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни давлатии сатҳҳои гуногун, мебошад.
Абдулҳаким ХОЛЗОДА,
директори Агентии давлатии
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2021 №: 60 - 61 Мутолиа карданд: 478