logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ДАР РӮҲИЯИ ҶАВОНОН ОЯНДА ПУРҶИЛО МЕНАМОЯД

Барои омӯзгор хушбахттарин лаҳза онест, ки шогирдони муваффақ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Имрӯзҳо ҷавонони зираку ҳушёри мо бо сайю талош ва кӯшиш дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар фаъолият менамоянду ҳиссаи худро баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон - Тоҷикистон мегузоранд. 
 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон доштанд, ки он сиёсати оқилонаи Сарвари давлатамон имрӯз ҳосили пурсамари хешро дода истодааст. Хидмати Пешвои миллат ба ҷавонон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои замон ва наслҳои оянда хеле назарас аст. Дар ин раванд фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дошта, боло бардоштани стипендияҳои донишҷӯёну хонандагон ва ҷорӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ мавриди зикри хос аст. Аз ҷумла, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 «Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 14 июли соли 2005 «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо» ҷиҳати ноил шудан ба  ҳадафҳои ояндабинонаамон, ки ба самти ҷавонон нигаронда шудаанд, мусоидат намуданд.
Ҳоло дар мамлакати мо боварии Ҳукумати кишвар маҳз ба ҷавонони ояндабину дурандеш равона гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгир ва ҳидоятгари  ҷавонон ҳастанд ва онҳоро мебояд кӯшиш намуда, дар оянда ҳамчун мутахассиси босалиқа саҳми хешро барои боз ҳам ободу зебо гардондани давлатамон бигузоранд.
Воқеан, ҷавонони тавоно ва соҳибилму эҷодкор номвари давлату миллати хеш мегарданд. Имрӯзҳо давлату Ҳукумат барои ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё сохта, онҳоро сӯи умеду орзу ва ояндаи дурахшон ҳидоят менамоянд. Ба ҷои оне, ки бархе аз ҷавонон даст ба корҳои ношоям, аз қабили тамокукашӣ зананд, бояд илм омӯхта, соҳибкасбу соҳибдониш гарданду дар рушди кишвар саҳм гиранд. Зеро ояндаи дурахшони ин меҳан аз ҷавонони бедордили ин миллат вобастагии калон дорад.
Шароити мусоид ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф ба он водор месозад, ки наврасонро дар рӯҳияи баланди ватандориву меҳандӯстӣ тарбия намоем. Барои сохтани ояндаи худ ва номдории ин марзу бум ҳидоят созем. Мутмаинем, ки ҷавонон ҳамеша барои рушду субот ва ободии Ватани азизамон, ҳамчун мутахассисони варзида талош мекунанду кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. 
 
Ҷамолбӣ ШАРИФОВА, 
омӯзгори МТМУ №43, ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 458
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед