logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар дунё касбу корҳое ҳастанд, ки аз нигоҳи аввал чандон муҳим нанамоянд ҳам, дар асл барои осон намудани зиндагии мардум басо заруранд. Корманди почта аз ҷумлаи ҳамин гуна касбҳост. Ӯ мардумро бо ҳам қарин намуда, ба дилҳо суруру шодмонӣ меорад. Шамсиддин Саймаҳмадов яке аз ҳамин гуна кормандони соҳа буд, ки мардум ба ӯ эҳтироми беандоза дошт. 
Ӯ маълумоти миё-наро дар муассисаи таҳсилотии деҳаи Навди Ҷамоати Кочони Поёни ноҳияи Рашт гирифта, пасон соҳиби маълумоти олии техникӣ гашт. Нахуст, Политехникуми алоқаи шаҳри Тошканд ва, баъдан, Донишгоҳи умумииттифоқии элект-ротехникии шаҳри Москваро хатм намуд. Қариб чил соли ҳаёти худро сарфи хизмат дар ҳамин соҳа сохт. Аз хаткашони одӣ сар карда, дар ноҳияву шаҳрҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба сифати сардори шуъбаи алоқа ва корманди масъули хадамоти марказии он фаъолият дошт. Ду сол дар шуъбаи алоқаи шаҳрҳои Тирмизу Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва хадамоти почтаи Осетияи Шимолӣ фаъолият намудааст. Ҳамон вақт бо тавсияи хадамоти почтаи шаҳри Орҷоникидзе (ҳоло Владикавказ) ба Донишгоҳи умумииттифоқии электротехникии шаҳри Москва барои таҳсил фиристода мешавад. 
Дар ҳама давру замон почта рисолати худро дорад. Рисолати асосии худро Шамсиддин Саймаҳмадов дар хизмат намудан ба мардум медид. Ҳамчун шахси масъули соҳа бо чандин намояндагони иттиҳодияву муассисаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мулоқот намуда, дар пешрафти соҳа саҳми босазо гузоштааст. 
Ҳоло алоқаи телефонӣ фаъолияти хуб дорад. Ӯ дар вақташ ҳамчун сардори шуъбаи навтаъсиси танзими нархҳои КВД “Почтаи тоҷик” ҳам кор кардааст. Шуъба моҳи марти соли 2010 ташкил гардида, вазифааш танзими дурусти даромаду хароҷот аст. Ш. Саймаҳмадов ақида дошт, ки ташкили хуби алоқаи почта яке аз шартҳои асосии рушди ҳар давлат ба ҳисоб меравад. “Фаъолияти почта ба талаботи аҳолӣ бояд мувофиқ бошад”, - мегуфт ӯ. 
Ш. Саймаҳмадов дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ватанамон, аз ҷумла, дар маркази алоқаи ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Фархор, иттиҳодияи “Душанбеалоқа”, КВД “Почтаи тоҷик” фаъолият кардааст. Чанд муддат муовини сардори раёсати алоқаи иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Дар литсеи алоқаи шаҳри Душанбе аз фанни технологияи тахассусӣ дарс додааст. Шогирдони зиёдеро низ тарбия намудаву ба воя расондааст. 
 
Амурбибӣ МАҲМАДУЛЛОЕВА, 
Умедҷон САЙМАҲМАДОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 495
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед