иҷтимоиёт
ПАЁМ. МАВҚЕИ ҶАВОНОН АФЗУД
Мардуми шарафманду куҳанбунёди тоҷик ҳамасола бо шукргузорӣ аз амну осоиштагии кишвари маҳбубамон, ҳамзамон бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро паёмҳои Пешвои муаззами миллатамон ба ҳайси санади сарнавиштсоз, дастури раҳнамои зиндагӣ буда, моро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят менамоянд.
Паёми Пешвои миллат барои ҳар як сокини кишвар, махсусан ҷавонон, роҳнамои асосии зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми худ Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, мардуми хушбахти тоҷикро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, ки бояд дар барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдод дар хориҷи мамлакат вусъат бахшида шуда, бо стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъмин гарданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳар Паём Сарвари давлат оид ба дастгирии ҷавонон ба Ҳукумати кишвар дастуру супоришҳо медиҳанд. Дастгирии донишҷӯёну магистрантон ва аспиранту докторантон аз назари Сарвари давлат дур намемонад. Ин буд, ки дар Паёмашон таъкид намуданд, ки аз 1 - уми сентябри соли 2021 стипендияи онҳо ба андозаи 30 дарсад зиёд шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонони имрӯза умеди калон доранд. Пешвои миллат чунин таъкид намуданд, ки “ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”. Бинобар ин, мо - ҷавононро зарур аст, ки ба боварии Сарвари давлатамон сазовор шуда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту озодӣ, амну осоиштагии кишварамон баҳри сарсабзу хуррам гардондани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон саҳми босазо гузорем.
Алишер ҒОИБОВ, устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2021 №: 60 - 61 Мутолиа карданд: 413