logo

ҳуқуқ

ХУРОФОТ ВА СИЁСАТ

Агарчи  решаҳои хурофот нодонӣ дар баробари ҳаводис ва тарси вуҷудӣ дар баробари онҳо бошад ҳам, вале дар зинаҳои баъдии ташккулёбии инсонҳо шаклгирии ҷомеаи табақотӣ, ба вуҷуд омадани давлат ба ҳайси як ниҳоди асосии идоракунии иҷтимоӣ аз хурофот ва боварҳои хурофӣ суистифода гардидааст. Аксаран дар ҷомеаи табақотӣ нафароне, ки идораи иҷтимоӣ дар дасташон буд, ҳамеша кӯшиш мекарданд, худро дар баробари боқимондаи мардум бартар нишон диҳанд ва ҷиҳати ин ки ин бартарият дар чашми мардум ба тарзи муъҷизаосо ифода ёбад, ниёзе доштаанд, ба мубалиғон ва тафсиргароне, ки вуҷуд, ҳолат, вазъият ва истеъдоди онҳоро фарозаминӣ баён созад. 
 
Ҳамин ҳолат боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки аз боварҳои мардум суистифода намуда, худро донандаи асрори вуҷуд муаррифӣ менамуданд, барои табақаҳои ҳоким ба ҳайси як пуштибон зуҳур кунанд. Онҳо бо таблиғҳои ғайриилмӣ ва ғайривоқеии хеш дар зеҳни мардум аз нафароне, ки идораи сиёсии иҷтимоъ дар дасташон аст, як навъ шахсиятҳои ғайритабиӣ, муъҷизаосо ва осмонӣ таллақӣ мекунанд. Чунин навъи таблиғ боиси он мегардад, ки аксари халқ итминон пайдо кунанд, ки аслан ҳеҷ коре аз дасташон намеояд. Ин гуна биниш боиси он мегардад, ки дар асрҳои миёна, аксари мардум ҳеҷ гоҳ ҷиҳати тағйири зиндагии худ ва ё шахсияти худ кӯшише ба харҷ намедоданд ва ин омил боиси ниҳоят ба кундӣ ба вуҷуд омадани тағйирот дар ҷомеаи асримиёнагӣ буд. Барои гурӯҳҳои роҳбарикунанда ин ҳолати мардум бисёр муносиб ва қобили қабул дониста мешуд. Зеро онҳо бо нишон додани худ ба ҳайси як нафари муъҷизаосо ва фарозаминӣ дар зеҳнияти зердастону тобеони худ ин гуна ваҳм ва итминонеро ба вуҷуд меоварданд, ки онон аз ҳама вазъ ва ҳоли ҷаҳон огоҳанд.
Аз ин вазъ истифода намуда гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва мубаллиғони асосии хурофа он қадар тавсифҳо ва тавсирҳои зеҳние аз ҳокимон ва табақаи болоии ҷомеаи асримиёнагӣ анҷом додаанд, ки гоҳо худи ин нафарон итминон ҳосил кардаанд, ки воқеан онҳо инсони одӣ нестанд, балки худододанд. 
Агар ба шикасти аксар аз ҷомеаҳо ва салтанатҳои асримиёнагӣ таваҷҷуҳ созем, хоҳем дарёфт, ки ин омили худшефтагӣ ва худбовариву худманишии хурофазада, ҳатман дар онҳо ҷойгоҳи хосае доштааст. Аз тарафи дигар мардумоне, ки дар ин ҷомеа рушд кардаанд, аксаран дар муқобили чи ҳаводиси табиӣ ва чи ҳаводиси иҷтимоӣ тақрибан ҳеҷ амалеро анҷом намедоданд. Зеро тақдирпарастӣ дар онон ба сатҳи ниҳоят баланд расида буд. Гумон мекарданд, ҳуҷуми аз берун сурат гирифта ин як балои осмоние аст, ки аз носипосии онҳо ё гурӯҳҳои идоракуни иҷтимоъ ба вуҷуд омадааст. Ҳамин будааст, ки аксар дар баробари лашкаркашиҳои беруна ҳеҷ як вокуниши ҷиддие нишон надодаанд ва ҳолату вазъиятро ҳамчун насибу тақдир ва балои осмонӣ тавсир кардаанд. 
Агар ба таърихи мардумони сарзаминҳои мо дар асри миёна назар афканем, мебинем, ки бо тафовут аз вазъияти кишварҳои аврупоӣ минтақаи мо ҳамеша ноором ва дар он ҷангу талошҳо барои ҷоҳу ҷалол ва салтанат идома доштааст. Ҳанӯз захмҳои як ҷангу даъво ба анҷом нарасида, ҷангу даъвоҳои нав пеш омадаанд. Табиист, вазъ ҳар қадар ноорому шикананда ва пур аз тарсу ваҳм бошад, бистари нарме барои рушди афкори хурофазадаю тақдиргароёна мегардад. Зеро дар замони ғайриосоишта инсонҳо бештар на бо ақлу хирад, балки аз рӯи тарси вуҷудӣ тадбир меҷӯянд. Онҳо аз рӯи эҳсос ва барои ҷуброн кардани тарсҳои вуҷудии хеш ба олами тахайюлу  боварҳо такя намуда, хешро таскин додаанд. Аз тарафи дигар, вақте оромиши бардавом дар ҷомеа вуҷуд надорад, хирадмандӣ, мактабҳои илмӣ, марказҳои фарҳангӣ, ки заминаи асосӣ барои рушди тафаккури илмианд, аз байн мераванд. 
Агар ба лашкаркашиҳои асримиёнагии то ба қарни ХХ таваҷҷуҳ кунем, ҳамаи инҳо аввалин таъсири манфиеро, ки ба ҷомеа расондаанд, ин аз байн бурдани марказҳои фарҳангӣ, донишмандон, китобҳо  ва афкори пешқадами замон будааст. Зеро дар асри миёна ҳамеша тарси табақаҳои ҳоким ва гурӯҳҳои хурофапардоз аз донишу донишманду аҳли китоб будааст. Чун барои онон ҳамеша нодонӣ бар дониш тарҷеҳ дода мешуд. Зеро бузургию муъҷизае, ки онҳо аз худ ва аз табақаи ҳоким ба миён меоварданд, маҳз аз нодонӣ ва тарси мардуми одӣ маншаъ мегирифт. Ин раванд боиси он гардидааст, ки ҳатто пас аз оне, ки кишварҳои Ғарб ба фазои нав ворид шаванд ва ба кишваркушоӣ пардозанд, дар кишварҳои шарқӣ натавонистаанд, як ислоҳоти ҷиддию густурдае ба миён оваранд ва аз камбуду иллатҳои дар ҷомеаашон ҷой дошта иттилоъ пайдо намуда, онро мавриди ислоҳи ҷиддӣ қарор диҳанд. Ҳатто, дар замоне, ки ин кишварҳо зери бори мустамлика мераванд, ҳеҷ гоҳ аз боварҳои хурофиашон дастбардор набудаанд. 
Мо ин гуна вазъро дар тасвири аморати Бухоро дармеёбем, ки замоне зери мустамликаи Россияи подшоҳӣ рафтанд, амирони вақташ тасаввуроти саҳеҳе на дар бораи ҷаҳон доштанд ва на аз охирин фановариҳои ҳамон замон огоҳ буданд. Вазъи ба ин мушобеҳро мо метавонем дар тамоми давлатҳои шарқи мусалмонии асрҳои ХVII – ХХ дарёбем. Гумон меравад, бо тамоми таҳаввуле, ки кишварҳои дигари ҷаҳон дар замони нав пушти сар карданд ва аз боварҳои соддалавҳонаю кӯдаконаи хеш даст кашида, пайи ҳалли хирадгароёна ва илмии мушкилоти зистию иҷтимоии хеш пардохтанд, барои иддае аз кишварҳои ҷаҳон то ҳанӯз ин таҳаввулот на дарсе шуд ва на зеҳнияту ислоҳкорӣ. Ҳарчанд айни ҳол, сохторҳои иҷтимоии хешро ба сохторҳои кишварҳои пешрафта монанд кардаанд, вале ин танҳо як тақлиди зоҳирие беш нест. То ҳанӯз иддае аз бошандагони ин кишварҳо ба мисли инсонҳои асри миёна меандешанду ба сар мебаранд. 
Мутаассифона, имрӯз агарчи кишварҳои пешрафта аз донишҳои илмиву фанновариҳои навин кор гирифта, дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузоранд, вале ҳанӯз ҳам иддае аз кишварҳои шарқӣ бо ҳамон боварҳои хурофӣ вопасгарою нотавон, тақдирзада, истеъмолгар ва истеъморшудаанд. Ҳеҷ гоҳ намехоҳанд нодонии хешро эътироф кунанд, бо роҳи ақлию мантиқӣ дар асоси таҷрибаҳои озмудашудаи кишварҳои дигари ҷаҳон иллату сабабҳои ақибмондагии ҷомеаи хешро мавриди таҳлил қарор диҳанд ва пайи ислоҳ неруҳои хешро равона созанд, бевоситаи мушкилоти дар рӯёрӯ қарор дошта, чунин вазъ ҳеҷ гоҳ ба манфиати мардумони ин сарзаминҳо нахоҳад буд. 
Исомиддин ШАРИФЗОДА, 
номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 2690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед