logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ

дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шаҳри Душанбе, 29 марти соли 2021
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Мулоқоти имрӯзаи сатҳи олии ҷонибҳо чун анъана дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил сурат гирифт.
Дар ҷараёни музокироти созанда ҳамаи самтҳо ва арсаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари дӯсту бародар ва ҷанбаҳои мухталифи масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд. 
Дар меҳвари муколамаи мо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Афғонистон ва дастёбӣ ба сатҳи нави онҳо қарор доштанд. Аз ҷумла, ба рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуда, ҷиҳати пешбурди ин раванд бо истифодаи васеи имкониятҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар алоқамандӣ изҳор гардид.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ба туфайли тадбирҳои андешидашуда тиҷорати дуҷониба миёни Тоҷикистону Афғонистон тамоюли мусбат пайдо кард.
Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла пайомадҳои ҳамагирии COVID - 19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро зиёд кунем.
Дар мавриди роҳу василаҳои пешбурди самарабахши ин раванд нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ таъкид карда шуд.
Феълан мо дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ, инчунин, дар ноҳияҳои наздики сарҳад бо Афғонистон 4 Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис додаем.
Соҳибкорони Афғонистони ҳамҷавор метавонанд дар фаъолияти онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, мавзӯи татбиқи муштараки лоиҳаҳои афзалиятноки зербиноӣ ва транзитиву нақлиётии дорои аҳамияти минтақавиро ба таври муфассал муҳокима карданд.
Дар ин замина мо бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро самти муҳими ҳамкории ду кишвар арзёбӣ намудем.
Қобили зикр аст, ки то ба имрӯз мо 6 пули фаромарзиро байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта, ба истифода додаем. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум дар рӯзҳои наздик оғоз мегарданд.     
Дар рафти музокирот рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи энергетика мавриди таваҷҷуҳи хоси тарафайн қарор гирифт.Дар ин замина, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди иншооти тавлиди неруи барқ ва хатҳои фаромарзии интиқоли он мусоидат карда шавад.
Тоҷикистон ҳамасола содироти неруи барқро ба Афғонистон дар ҳаҷми то 1,5 миллиард киловатт/соат (кВт/с) анҷом медиҳад.
Барои ин мақсадҳо аз ҷониби мо ду хати интиқоли неруи барқ бо тавоноии 500 мегаватт (мВт) аз зеристгоҳи Герани Тоҷикистон то Пули Хумрии Афғонистон сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон бар он аст, ки амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо омили муҳими таъмини пешрафту суботи кишварҳои мо ва тамоми минтақа хоҳад шуд.
Зимнан, мо лоиҳаҳои сохтмони хати баландшиддати (500 Кв) таҳвили неруи барқи “Роғун-Пули Хумрӣ” ва Неругоҳи барқи обии “Себзор”-ро ба нақша гирифта, татбиқи онҳоро пайгирӣ дорем.
Ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷиҳати сари вақт анҷом додани лоиҳаи CASA-1000, ки намунаи ҳамкориҳои воқеии кишварҳои мо дар ростои ташаккули бозори минтақавии энергетикӣ мебошад, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.  
Мо самараи робитаҳоямонро дар соҳаҳои фарҳангию башардӯстӣ, бахусус дар арсаи илму маориф, мусбат арзёбӣ кардем.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 нафар донишҷӯи афғон таҳсил мекунад.
Дар давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор нафар шаҳрванди Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, дар ҳудуди яку ним ҳазор нафари дигар, аз ҷумла бонувон, дар марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кишвари мо ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро ба идомаи ин раванд иброз намуданд.
Дар ҳошияи музокироти имрӯза бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба имзо шуд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои моро такмил медиҳад.
Дар ин росто ба имзо расидани Барномаи иқдомоти амалӣ (ё Нақшаи роҳи амалҳо) дар заминаи ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, Созишнома дар хусуси таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистон ва Афғонистон иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба кишвари мо дар марҳилаи барои мардуми бародари афғон ҳассосу сарнавиштсоз ҷараён дорад. Ба ин манзур, дар музокироти сатҳи олӣ мавзӯоти амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсии Афғонистон ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти ҳамкориҳоро дар таъмини бештари амнияти марзҳои муштараки давлатӣ таъкид намуданд.
Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки мушкилоти дар ин самт мавҷударо бартараф намуда, марзи ду кишварро ба арсаи субот, дӯстӣ ва ҳамкории созанда табдил диҳем.
Дар ин замина, зарурати тақвияти  мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо аз ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. 
Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумату мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу суботи комил ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯст истиқбол менамояд. Ба ин манзур, изҳори умед менамоям, ки натиҷаҳои Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”, ки кори онро субҳи фардо мо бо Ҷалолатмаоб оғоз мебахшем, доираи талошҳои муштараки моро дар ин ҷода  васеъ хоҳанд кард.
Мехоҳам таъкидан зикр намоям, ки мулоқоту музокироти мо дар фазои ҳусни ният, самимият ва эътимоду эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд.
Дар марҳалаи кунунӣ Тоҷикистону Афғонистон манфиатҳои зиёди муштарак доранд.
Мазмуну муҳтавои онҳоро, қабл аз ҳама, таъмини суботу амният ба манзури таҳкими заминаи пешрафти ду кишвар ва рушди тамоми минтақа ташкил медиҳад.
Бовар дорем, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба тавсеаи ҳамкориҳои  дуҷониба такони тоза хоҳанд бахшид. 
Изҳори умед менамоям, ки саъю талошҳои ҷонибҳо дар татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда самараи дилхоҳ дода, мо шоҳиди таҳкими бештари робитаҳои ду кишвари дӯст хоҳем гардид.  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед