logo

иҷтимоиёт

ШАМБАРӢ ВА ДУШАНБЕ: ЧӢ РОБИТАЕ БАЙНИ ИН ДУ КАЛИМА ВУҶУД ДОРАД?

Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» аз натиҷаи нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки раиси кумитаи мазкур Олимҷон Муҳаммадҷонзода вобаста ба фаъолияти муассиса дар соли сипаришуда чунин ибрози назар намудааст: «Соли 2020 барои номгузории 1278 маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин, 11 номгӯй номвожаҳои мансуб ба конҳои шимоли Тоҷикистон хулосаи ниҳоӣ пешниҳод гардид. Аз он 1279-тоаш дастгирӣ ва 10-тоаш рад карда шуд». Ин як иқдоми хеле саривақтӣ ва қобили дастгирӣ аст. Дар иртибот бо ин таваҷҷуҳи хоссаи Кумитаи забон ва истилоҳот ба номвожаҳои ҷуғрофӣ як фарзияеро оид ба маънии номи пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе пешниҳод менамоем.
 
Мо - ҳама дар ин ақидаем, ё касе шояд дар замони шӯравӣ ин ақидаро ба мо бор карда бошад, ки номи пойтахти кишварамон аз номи яке аз рӯзҳои ҳафта – «душанбе» гирифта шудааст. Ҳамзамон, аксарият итминон дорем, ки чунин ном гирифтани пойтахти мо ба он вобаста аст, ки гӯё замонҳое дар ин мавзеъ рӯзҳои душанбе бозори бузург барпо мегардид. Ба масъалаи он, ки то кадом андоза ин андешаҳо асоси воқеӣ доранд ва оё дар ин бора ягон маъхази таърихии қадима ё нав вуҷуд дорад, мо таваҷҷуҳ намекунем. Ҳамин аст, ки дар солҳои аввали шӯравӣ пойтахти моро меҳмонони русзабон «Душамбе» ё «Дюшамбе» - «город понедельника» мегуфтанду мо бе шакку шубҳае ин ақидаро қабул мекардем.
Дар иртибот ба ин мавзӯъ мехостем як воқеаеро зикр намоем. Соли 2004 дар якҷоягӣ бо ходими илмии Институти этнология ва антропологияи ба номи Н. Н. Миклухо-Маклайи Акдемияи илмҳои Россия Сергей Абашин бо мақсади таҳқиқи илмии мавзӯи таносуби анъана ва ҳуқуқ дар фарҳанги тоҷик ба Қалъаи Ҳисор сафар намудем. Ҳамсафари мо, олими рус, дар он ҷо мӯйсафедеро дида, аз камина хоҳиш кард, ки бо ӯ тавассути тарҷума як суҳбате дошта бошад. Мӯйсафеди нуронӣ дар бораи таърихи Ҳисор, қалъаи он ва ҳодисаҳои дигари таърихӣ нақли муфассал намуд. Ҳикояти худро ба анҷом расонида, таъкид дошт, ки Ҳисор он замонҳо мақоми баландро соҳиб буд ва ҳатто дор дошт. Банда суол кардам, ки «дор доштан» чӣ маънӣ дорад? Ҳамсуҳбати ҳисориямон таъкид кард, ки он замон танҳо амири Бухоро ва мири Ҳисор ҳуқуқ доштанд, ки ҳукми қатл бароранд ва бо ин сабаб дар Ҳисор дор мавҷуд буд. Вақте ки ин суханонро ба ҳамсафари русамон тарҷума кардам, ӯ хулоса кард, ки мӯйсафед марди донову ҷаҳондида аст.
Пас аз ин суҳбатҳо дар мавзӯъҳои мухталиф идома ёфтанд ва атрофи чизҳои дигаре низ мо суол кардаву ҷавоб гирифтем. Аз ҷумла, чун сухан аз мирону шоҳон мерафт, банда пурсидам, ки кадом ном дуруст аст – Шамбарӣ ё Шоҳамбарӣ? Ва шояд онҷо мавзеи шоҳнишин буд, ки чунин ном - Шоҳамбарӣ гирифтааст? Мӯйсафед посух дод, ки дурусташ Шамбарӣ аст, яъне замини чимдори лаби рӯдча ва сипас, аз мавзеи суҳбатамон - Қалъаи Ҳисор дасташро аввалан ба сӯи Шамбарӣ ва баъдан, ба сӯи пойтахт гардонида, гуфт: «Ана ин як шамбар - Шамбарӣ ва ана Душанбеи шумо – ду шамбар».
Азбаски забоншинос нестам, банда ба муҳтавои ин суҳбат чандон таваҷҷуҳ накардам ва гоҳ-гоҳе ба рафиқон ба таври шифоҳӣ ё дар саҳифаҳои интернетӣ ин андешаи мӯйсафедро нақл мекардам (ва ҳатто барои чунин андеша аз баъзе шахсиятҳои маъруф дар саҳифаҳои фейсбукӣ таҳқирҳо ҳам шунидам. Аз ин рӯ, ин дафъа мехоҳам таъкид созам, ки ин андешаҳо фаразияанд барои расидан ба ҳақиқат, на барои таҳқири ҳамдигар). Танҳо соли 2020 дар саҳифаи фейсбукии тоҷики таҳҷоии Қазоқистон Шакарбек Норматов баъзе андешаҳоро дар бораи номи шаҳри қазоқии Чимкент мутолиа карда, дар атрофи ин масъала ба фикр фурӯ рафтам. Ин андешаҳои Ш. Норматов чунин буданд (матн бо забони русӣ буд): 
«Чимин с персидско-таджикского - "чим" - на русском "дерн" (земля, где густо растет сорное растение чим; кто живет в южных краях знает эту траву, которую невозможно удалять в ручную, крепкая и имеет глубокие корни, а если удалять одну траву, на следующий день на ее месте вырастят десять). Этот город (т.е. Чимкент – Х.З.)  построил в древности ираноязычный оседлый народ - таджики, на месте, где невозможно было вести земледелие из-за того, что земля была "оккупирована" травой "чим". Эти таджики до сих пор живут в Туркестанской области, сохранили свою культуру и язык - это мы, таджики Казахстана. Далее вернемся к названию города - Чимин. Это название переводится дословно "город постороенный на дерне (чимин - прилагательное, аналогия: сангин - каменный, заррин - золотой, чӯбин - деревянный, оҳанин – железный)».
Ба ҳамин тариқ, номи шаҳри Чимкент дар Қазоқистон, ки то соли 1800 Чимин, то соли 1864 Чиминин буд ва аз ин баъд Чимкент (ё Чимканд) номгузорӣ шудааст ва дар манбаъҳои тоҷикӣ бо номи Шимкент (ё Шимканд) низ ёд мешавад, аз рӯи шарҳи Шакарбек Норматов - тоҷики таҳҷоии Қазоқистон маънии «шаҳри дар заминҳои чимдор бунёдшуда»-ро дорад.
Вобаста ба ин, ба луғатномаҳои гуногун муроҷиат намуда, маънии якчанд калимаро, ки бо мавзӯи мавриди баҳс перомуни маънии номи пойтахтамон рабт дорад, пайдо намудем. Ин калимаҳо чунинанд:
Чим – ё шим, чимтол, сатҳи болои замин, ки бо алафҳои бисёрсолаи решадор пӯшонида шудааст (бо забони русӣ – дерн, газон).
Чаман – аз решаҳои чим ва суффикси «ан», чиман (ё чимин), яъне замини чимпӯш, сабзапӯш, марғзор.
Чимин – аз решаи чим ва суффикси сифатсози «ин», яъне замини чимпӯш, сабзапӯш, чаман ё марғзор.
Чимкент – «шаҳри дар заминҳои чимдор бунёдшуда».
Бар – 1) тараф, паҳлу; 2) замини ноҳамвори моил ба ҷарӣ. Аз он калимаи лаҳҷавии «бармол» реша мегирад, ки ин ҳам маънии замини ноҳамвори моил ба ҷариро дорад.
Шибар – ё шимбар, шибар, чибар, замини намноки чимпӯш, сабзапӯш.
Шамбарӣ – аз решаҳои чим ва бар, яъне шамбар, чамбар, чимбар (ё шибар), инчунин, чимин ва чаман, ки ҳама маънии замини чимпӯш ё марғзорро доранд. Беҳуда нест, ки дар баъзе лаҳҷаҳо якпаҳлу ба рӯи сабза хобида истироҳат карданро «чамбар задан» мегӯянд.
Дар асоси ин калимаҳо метавон хулоса кард, ки номи пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе ё дақиқтараш Душамбе, низ бояд маънии ду марғзор, ду чаманро дошта бошад, на яке аз рӯзҳои ҳафтаро. Дар натиҷаи ин боз як калимаи дигар бо маънии зайл ба рӯйхати мо изофа шуд:
Душанбе – аз калимаҳои ду ва шамбар ё чимбар – «душамбар», яъне ду замини чимпӯш (инҷо заминҳои чимпӯш ё марғзори соҳили ду дарё - Варзоб ва Лучоб дар назар дошта шудааст). 
Дар охир бори дигар таъкид месозам, ки банда аз рӯи ихтисоси илмӣ забоншинос нестам ва аз ин рӯ, қазовати ниҳоӣ оид ба маънии номи пойтахти зебои кишвари азизамон ба зиммаи забоншиносон ва мутахассисони мақомоти масъули соҳаи забон ҳавола мегардад.
 
Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 653
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед