logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Абдулҳай Маҳмадаминов. Тавсифу муаррифии ӯ бо зикри унвонҳои доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Балки инсонияти ӯ, фаъолияти ӯ, дар навиштаҳо ва гуфтаҳо  гунҷоиш намеёбанд.
 
Магар фаъолияти омӯзгории ӯро дар ин ягона донишгоҳи бонуфуз ва бузург метавон дар чанд сатре хулоса кард? Албатта, не. Ин устоди мушфиқу ғамхор ва дар айни замон сахтгир, он замон ҳам, ки унвони баланди илмӣ надошт, барои мо, донишҷӯён, намунаи ибрат ба шумор мерафт. Хотираи қавӣ, дониши мукаммал ва усули дарсгузариаш, бе ҳеҷ шак, моро дар тааҷҷуб меовард. На танҳо дар тааҷҷуб, балки дунёамонро, ба маънии мусбаташ, дигар мекард. Ӯ ҳам ба андеша ва ҳам ба ҳиссиёти ҳар як донишҷӯ таъсири нек гузошта метавонист. Чӣ гуна ба поён расидани дарсҳояшро эҳсос намекардем. Садои занг, ки аз анҷоми соати дарсӣ башорат медод, ҳеҷ кадоми моро шод намекард. Бо муҳаббати том ва ҳарорати хос мавзӯъҳоро баррасӣ мекард, мефаҳмонд, таҳлил менамуд. Далелҳои овардааш бисёр қавӣ буданд ва сарчашмаҳои истифоданамудааш муътамад. Ба ҳама гуна пурсишҳо посухҳои дурусту саривақтӣ медод.
Мо туфайли дарсҳову суҳбатҳояш дарёфтем, ки ин миллат чи ранҷҳо кашидаву ба  ҳама фитнаҳову душманиҳои бузург пойдор мондаву рушд кардааст. Заҳматҳои абармардоне, аз ҷумла Садриддин Айниро пеши рӯямон меовард. Дарёфтем, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» чӣ гуна омода шудаву ба табъ расидааст.
Фаҳмидем, ки Абулқосим Лоҳутӣ чӣ тавр аз ин абармард ва миллат пуштибонӣ намудааст. Мутолиаву омӯзиш ва фаро гирифтани асарҳои бадеии даврони муосирро бо ҷузъиёташ, бешубҳа, аз ӯ омӯхтем. Беш аз 40 сол дар ин сатҳ, бо ин муҳаббату масъулият ва шинохти рисолат омӯзгорӣ кардан ҳаргиз кори осон нест. То ба ҳанӯз барои мо муаммо аст, ки ин гуна неру дар ӯ аз куҷост ва чӣ гуна дар ҳоли афзудан мебошад. Ба рӯзе 6-8 соат ва баъзан вақт бештар аз он дарс мегузашт.
Ӯ, охир, танҳо омӯзгор нест. Муҳаққиқи барҷаставу эътирофшудаи адабиёт низ мебошад. Ҳамеша меомӯзад, таҳқиқ мекунад ва асар таълиф менамояд. Шумораи асарҳояш зиёд аст. Ҳар кадоме арзиши баланд доранд ва барои мутахассисон, донишҷӯёну ҳаводорони адабиёту соҳаи адабиётшиносӣ беҳтарин манбаи омӯзиш мебошанд. Аз барҷастатарин Айнишиносон шинохтаву эътироф шудааст. Хондани матнҳои душвору дастхатҳо бо алифбои тоҷикии арабиасос низ ба осонӣ дасташ медиҳад. Кофӣ буд, бо таҳияи асарҳои арзишманде, ки дастраси хонандагону алоқамандони адабиёт намудааст, ному шуҳрати зиёд касб бикунад ва умре зикри хидматҳои сазоворашу  пурманфиаташро бинамоянд. Аммо ӯ ҳаргиз чунин намеҳисобад, ки рисолаташро бо анҷоми ин гуна корҳо, ки ҳам мондагоранд, ба иҷро расондааст. Оре, агар ҳар нафаре дигар мебуд, бо таҳияи «Раҳбари дониш»-и Абдурауфи Фитрат ва ҷамъоварии ашъори парокандаи шоир Сомеъ Одиназодаву таълифи асари таҳқиқотӣ дар бораи ӯ шояд ифтихор мекарду қаноат меварзид. Аммо ин сифат ва чунин муносибат хоси ӯ нест. Хуб медонад, ки қаноатмандиву қаноатпешагӣ дар корҳои илмӣ, таҳқиқотиву тадқиқотӣ марги олиму донишманд аст.
Ман мислаш ҳеҷ омӯзгору олимеро вонахӯрдаам, ки матбуоти давриро ҳамарӯза мутолиа бикунад ва аз тамоми ҳодисоти рӯзгору навигариҳои илму адаб огоҳии комил дошта бошад. Мутолиаи ӯ ҳаргиз як мутолиаи сарсарӣ нест. Медонад, ки кадом матлаб, дар кадом рӯзнома ё маҷалла кай, дар саҳифаи чандум, дар кадом гӯша ба табъ расидааст. Дар хусуси матлабҳои ҷолиб ва ё истифодаи нодурусти далелҳо андешаҳояшро ба муаллифонашон мегӯяд ва маълумоту маслиҳатҳо медиҳад, то хатоҳо дар шаклҳои дигар такрор наёбанд.
Ба ҷуз ин ҳама, дар тарбияи олимони ҷавон саҳми назаррас мегирад, дуруст роҳнамоияшон мекунад. Навиштаҳои онҳоро то ба камолрасиашон таҳрир менамояд.
Дили поку соф дорад ва бухлу ҳасад барояш бегона аст. Донишу раҳнамоияшро аз ҳеҷ кас дареғ намедорад.
Ҳафтод сол ин гуна зистану фаъолият кардан ба ҳеҷ ваҷҳ осон нест. Чи фурсатҳои қиматро аз хоби худ ҳам таманно мекунад, мегирад ва барои хидмати мардум, миллат, адабиёт сарф менамояд. Ин гуна рӯзгор на танҳо ибратомӯз аст, балки баландтар аз он мебошад. Ҳар инсони асил ба подошу арҷи заҳматҳои шабонарӯзиаш барои ӯ боз аз ин бештару бештар умр таманно мекунад ва зиндагии пурбаракату саодатмандиашро мехоҳад.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 508
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед