иқтисод
ФАРХОР. НАСОСҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ НАВ, МУШКИЛИ КИШОВАРЗОН ҲАЛ МЕШАВАД!?
Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз андози ягонаи замин озод кардани хоҷагидорон дар соли 2021 ва дар ин замина гирифтани се ҳосил аз як замин тадбири саривақтӣ буда, боиси дилгармии кишоварзони ноҳияи Фархор гардид. Онҳо талош доранд, ки саҳми хешро дар яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ бештар созанд. Аммо…
Самаранок истифода бурдани заминҳо, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии онҳо, таъмини тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва таъмини саривақтии техникаи кишоварзӣ, яке аз омилҳои асосии афзун намудани истеҳсоли маҳсулот мебошад. Фархор, асосан, ноҳияи аграрӣ буда, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ соли 2020 ба 954 миллиону 113 ҳазор сомонӣ расид.
Бо вуҷуди ин, имрӯз дар ноҳия ҳолати мелиоративии 100 гектар замин беҳтар гардонда шуда бошад ҳам, мутаассифона, ҳар сол норасоӣ ва аз меъёр кам будани оби полизӣ сабаби нигаронии кишоварзон гардидааст.
Тавре раиси ноҳия Рустам Раҳматзода ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, қариб ҳамаи 32 насоси обкаш ба ҳолати имрӯза куҳнаву фарсуда буда, дар ҳолати корношоям қарор доранд. Муҳлати истифодаи онҳо аз соли 1960 буда, ниёз ба таъмир намондааст. Насосҳо дар мавсим кишоварзонро пурра бо оби полизӣ таъмин карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бо сабаби камбуди оби полизӣ 1760 гектар замини обӣ барои аз гардиши кишоварзӣ берун намондан, ба заминҳои лалмӣ табдил ва дар онҳо зироатҳои ғалладонагӣ кишт шудааст.
- Хушбахтона, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насосҳои обтаъминкунӣ имсол аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ карда мешаванд. Метавон гуфт, ки баъди таҷдиди насосҳо зиёда аз 5 ҳазору 130 гектар замини лалмӣ пурра обёрӣ мешавад, - афзуд раиси ноҳия. Мутаассифона, ба ҳолати имрӯза, 43 гектар замини кишоварзии ноҳия ба шӯразамин табдил ёфтааст. Дар ҳоле ки нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия ҳамагӣ 101,4 фоизро ташкил медиҳад, барои барқарор намудани канали Кокул-2 ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани 1153 гектар замини мавзеи Кокул, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 420,5 километр ва шабакаҳои обрасонӣ ба масофаи 641,9 километр, паст кардани обҳои зеризаминӣ, ҳамзамон, барқарор намудани новаҳои бетонӣ дар мавзеъҳои Сайёду Уртабуз ва обёрии зиёда аз 3 гектар замини лалмӣ нокифоя мебошад.
Мушкилоти мавҷуда тақозо дорад, ки дар ҳолати амалӣ гардидани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ имконияти барқарор кардани заминҳо вуҷуд доранд, вагарна дар солҳои наздик ба шӯразамин табдил ёфтани онҳо аз эҳтимол дур нест. Масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба ин васила гирифтани 3 ҳосил аз як замин, ба инобат гирифта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2021 №: 64 Мутолиа карданд: 649