фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, номзади илмҳои физика ва математика Саттор Ғаффоровро дар минтақаи Кӯлоб ва ҷумҳурӣ садҳо шогирдон, ҳампешагон ва аҳли илм мешиносанду эҳтиромашро қоиланд.
Шасту шаш сол муқаддам ӯ аз деҳаи Шобикаи ноҳияи Восеъ ба шаҳри Кӯлоб равон шуда, по ба остони мактаби 8 – солаи ба номи Ворошилов ниҳоду то ҳол аз ин шаҳри ободон дил канда наметонад. Пас аз итмоми мактаб, омӯзишгоҳи педагогии Кӯлобу факултети физика ва математикаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакиро хатм намуд.
Донишҷӯи болаёқат, кунун хамткардаи хешро раёсати донишкада ҳамчун омӯзгор пазируфтанд. Инак, Саттор Ғаффоров 50 соли расост, ки ҳаёту фаъолияти хешро ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи физика ва математика бахшидааст.
Мавсуф солҳои зиёд ҳамчун омӯзгор, устоди калони кафедраи физикаи умумӣ, коромӯз – тадқиқотчии кафедраи химияи физикии Институти техникаи электронии шаҳри Москва, аспиранти кафедраи химияи физикии Донишгоҳи техникаи электронии Москва (Россия) буд.
Шурӯъ аз соли 1982 омӯзгор ба шаҳри Кӯлоб баргашта, дар вазифаҳои гуногун ба фаъолияти густурда пардохт.
Саттор Ғаффоров рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Тадқиқи эффекти Холл дар моеъҳои нимноқилии характери гуногуни таъсири мутақобилаи байни атомидошта» дифоъ намуд. Мавсуф унвони дотсентиро низ дар шаҳри Москва сазовор гаштааст.
Тайи 32 соли фаъолияти омӯзгорӣ барои донишҷӯёни факултети физика ва математикаи донишгоҳҳо китобу дастурҳои таълимӣ, нишондодҳои методии зиёде таълиф ва нашр кардааст.
«Эффекти Холл ва методҳои ченкунии он», «Нишондодҳои методӣ аз физикаи умумӣ барои донишҷӯёни ғоибхон», «Истилоҳи физикаи нимноқилҳо», «Хосияти моеъҳо ва ҷисмҳои сахт», «Термодинамика», «Физикаи молекулавӣ», «Асосҳои термодинамика ва физикаи молекулавӣ», «Физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо», «Физика, химия ва технологияҳои ҷисмҳои сахт», «Электроникаи нимноқилӣ», «Физика ва асосҳои биофизика» ва ғайра намунае аз хирворанд.
Саттор Ғаффоров дар маҷаллаву рӯзномаҳои ватаниву хориҷӣ беш аз 50 мақолаи илмии хешро ба чоп расондааст. Ӯ, ҳамчунон, тайи солҳои 2012 – 2015 соҳиби панҷ гувоҳнома оид ба ихтироот мебошад. Хизмати шоёни устод бо нишонҳои Аълочии мактабҳои олии СССР, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо қадр гашта.
Шогирдони устод имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар кору пайкор доранд. Профессори ДТТ Хаёл Бобоев, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Искандар Ситамов, ходимони давлатӣ Султон Валиев, Бек Сабур, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва дигарон аз зумраи шогирдони номвари Саттор Ғаффоров мебошанд.
Умар АЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.04.2021 №: 65 Мутолиа карданд: 472