иқтисод
ДУШАНБЕ. ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ!
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаҳои гуногун ба истифода дода шуда, дар ин замина барои фаъолияти сокинон, хусусан занону духтарон, шароити мусоид фароҳам омадааст. ҶДММ «Анас Аврупо-Осиё» бо фарогирии 46 нафар бо кори доимӣ аз ҷумлаи чунин иншоот аст, ки истеҳсолгари маҳсулоти қаннодии гуногун ба ҳисоб меравад.
Дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иштирок намуда, ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшид. Корхонаи мазкур бо шароити замонавӣ таъмин буда, дар он мутахассисони ботаҷриба фаъолият мекунанд.
Тибқи иттилои масъулон, коргоҳи мазкур маҳсулоти худро на танҳо дар ҳудуди пойтахт, балки берун аз он низ тибқи фармоиши муштариён пешниҳод менамояд. Солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. ҶДММ «Анас-Аврупо-Осиё» низ бо ҳамин мақсад бунёд шуда, барои бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ таъмин кардани сокинони шаҳр ва берун аз он замина мегузорад.
Инчунин, дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки раиси ноҳия Билол Иброҳим шаш иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Аз ҷумла, сохтмони бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал аз тарафи ҶДММ «Элит-строй-сервис». Дар иншоот 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ аз тарафи ҶДММ «Сарв», ки дар ин коргоҳ 15 ҷойи кори нав таъсис ёфт. Нуқтаи сӯзишворӣ ва шустушӯи мошинҳои боркаш. Дар он 5 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад. Маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ аз тарафи шаҳрванд Саодат Каримова. Ин марказ 40 ҷойи кории нав муҳайё намудааст. Корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо бо номи «Нашрияи босифат» аз тарафи шаҳрванд Давлаталӣ Сафаров. Ин коргоҳ низ 50 ҷойи кории нав таъсис намуд. Таҷдиди бинои таъйиноти истеҳсолии ҶДММ «Офсейт» бо ташкили 10 ҷойи кори нав.
Баъди пурра ба истифода супурдани иншооти мазкур дар маҷмӯъ, зиёда аз 150 сокини шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ раванди тадбирҳои ободонӣ босуръат идома доранд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.04.2021 №: 65 Мутолиа карданд: 666