logo

иҷтимоиёт

САБҚАТИ СЕСОАТАИ УСТОД ТУРСУНЗОДА БО ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН

Миёнаҳои моҳи сентябри соли 2018 тақрибан соати 10 - и пагоҳӣ ба дафтари кории собиқ сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Мансур Суруш даромадам. Меҳмони ношиноси пушт ба даромадгоҳ дар курсии чармини мулоим нишаста ба адиб саргузашти шавқовареро қисса мекард. Мансур чунон бо завқ механдид, ки ба коргоҳ ворид шудани маро ҳатто пайхас накард. Ба онҳо наздик шуда, бо овози баланд салом додам. Марди сарсафед гардан тофт ва гӯё маро барқ зада бошад, ки дар ҷоям лолу пакар мондам. Ба чашмонам бовар намекардам. Дар рӯ ба рӯям устоди азизу гиромиқадр Мирзо Турсунзода (рӯҳашон шод бод!) меистод.
- Шинос шавед, - овози соҳиби дафтари корӣ маро аз ҳолати карахтӣ баровард. - Писари бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири машҳури Машриқзамин Мирзо Турсунзода - Мақсудҷон. Айни ҳол якчанд саргузашти шавқовару мароқангези қиблагоҳашонро ҳикоя карда, хотири маро шод гардонданд. Баъзе хотираҳояшонро, аллакай дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расондаам.
Бо Мақсудҷон гарму ҷӯшон ва самимӣ даст-фишорӣ кардам. Ӯ бо лаби пурханда гуфт:
- Ҳоло ба шумо дар бораи чӣ тавр падарам тасодуфан бо Тигран Петросян шинос шудану бо вай шоҳмот бозӣ карданашонро нақл мекунам.
Ду тан ҳушу гӯш шудем. Ман, ки кайҳо боз бо яке аз фарзандони устод шинос шуданро орзу доштам, бо майли том дар паҳлуи писари шоири ширинкалом ҷой гирифтам.
- Ин ҳодиса тобистони соли 1965 рух дода буд. Падарамро барои ширкат дар ҷаласаи раёсати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Москва даъват намуданд. Чун одати муқаррарӣ қиблагоҳ дар меҳмонхонаи «Россия» ҷой гирифта, ба соати дастӣ менигарад. То оғози ҷаласа ҳоло вақти бисёре будааст. Қарор медиҳад, ки ҳамсуҳбате ёфта, ба шоҳмотбозӣ машғул шавад. Бо ин мақсад ба роҳрави ошёна мебарояд. Мебинад, ки марди миёнақади қафқозӣ, эҳтимолан ба аёдати кадом шиносаш ба меҳмонхона ташриф оварда будааст, рӯ ба рӯяш меояд. Падарам сари роҳи мардро гирифта, бо нармӣ мепурсад:
- Шумо шоҳмот бозӣ карда метавонед?
- Кам - кам метавонам, - марди ношинос падарамро мешиносад, вале сир бой надода, бо лаҳҷаи мардуми Қафқоз посух медиҳад.
Бо пешниҳоди мизбон меҳмон ба ҳуҷра даромада, онҳо дарҳол ба шоҳмотбозӣ мепардозанд. Падар ҳарчанд саъю талош намоянд ҳам, ҳарифро мағлуб карда наметавонанд ва разми сесоатаи онҳо бо се ғалабаи меҳмон ба охир мерасад. Пас аз бохти сеюм падар бо табассум эрод мегиранд:
- О, шумо гуфтед, ки хуб бозӣ карда наметавонед, ин бохти пай дар пайи ман ва ғолибияти шуморо чӣ тавр шарҳ диҳем?
- Охир, ман Тигран Петросянам, - бо ханда ҷавоб мегардонад ҳариф.
Падар бо шунидани номи чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот аз ҷояш хеста, ӯро гарм ба оғӯш мегирад ва аз ҷомадон коняки арманӣ бароварда, ба қадаҳҳо мерезаду дар бораи дӯстии ду халқи бародар ва саҳми намояндагони миллати арман дар рушди иқтисодиёт ва маданияти халқи тоҷик бо ифтихор нӯшбод мегӯяд.
Падар гоҳ - гоҳе ба мо фарзандон дар сари дастархон бо мамнуният лаҳзаи тасодуфан шинос шудан ва разми сесоатаашро бо Тигран Петросян қисса карда, хоксорию фурӯтании чемпионро ҳамчун намунаи ибрат мисол меовард. 
Ҳикояи Мақсудҷон Турсунзода боз як саҳифаи барҷастаи ибратомӯзе аз ҳаёти фарди таърихӣ, сарвари вақти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мунодии сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода ба шумор меравад, ки ӯ одатан аз хурдтарин имконият барои ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани хислати меҳмоннавозии миллати тоҷик истифода мебурд. 
 
Зариф ҒУЛОМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2021    №: 66    Мутолиа карданд: 496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед