фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ХАНДА ҲАМ ДОРУСТ»
1. Саҳифаи ҳаҷвии яке аз рӯзномаҳои тоҷикии ҷумҳуриявӣ. 2. Як навъ ё шакли хандаи маънодор. 3. Театри миниётурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 4. Қаҳрамони латифаҳои тоҷикӣ. 5. Навъи санъати бадеӣ дар шеършиносӣ.
6. Исми кӯтоҳшудаи саҳифаи ҳаҷвии рӯзномаи фарҳангии солҳои 80 – уми асри гузашта. 7. Шахси базлагӯй ё амалҳои хандаоварро иҷрокунанда. 8. Шоири тоҷик. 9. Актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки бештар нақшҳои ҳаҷвиро бозидааст. 10. Адиби тоҷики асрҳои миёна. 11. Собит кардан.
12. Шакли санъати бадеӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс. 13. Зодгоҳи муаллифи «Рисолаи дилкушо». 14. Адиби ҳаҷвнависи турк. 15. Навъи ширинӣ. 16. Персонажи латифаҳои қадимаи тоҷикӣ. 17. Шахси ниҳоят нодон, муқобили доно. 18. Муродифи мушкил.
19. Ифодакунандаи қимати ҳар чиз. 20. «… ҳам доруст, инсонро табобат мекунад». 21. Баъд аз ҳазл кардани касе шахси муқобил ба ҳамон ҳолат гирифтор мешавад.
Мураттиб Мунира САИДАҲМАДОВА, сокини шаҳри Ҳисор
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ҶАШНИ НАВРӮЗ», АЗ 19 МАРТИ СОЛИ 2021:
1. Баҳор. 2. Рақс. 3. Суманак. 4. Кабӯтар. 5. Рангинкамон. 6. Наргис. 7. Сабзӣ. 8. Исфисор. 9. Райҳон. 10. Набот. 11. Тоҷик. 12. Китоб. 13. Бӯстон. 14. Намак. 15. Кабк. 16. Киром. 17. Модар. 18. Ранг. 19. Гандум. 20. Мамлакат. 21. Тоқӣ. 22. Испанд. 23. Дамованд. 24. Дуҳул. 25. Лола. 26. Анҷир. 27. Рубоб. 28. Бухоро. 29. Оҳиста. 30. Абр. 31. Раъд. 32. Дирам. 33. Ман.
34. Нисо. 35. Офтоб. 36. Бастакор. 37. Ромин. 38. Наврӯз. 39. Забон. 40. Нанг. 41. Гавҳар. 42. Раҳм. 43. Мактаб. 44. Бист. 45. Тарозу. 46. Усмон. 47. Ношир. 48. Раҳовӣ. 49. Икс. 50. Санбӯса. 51. Атр. 52. Раҳмат. 53. Танӯр. 54. Ромб.
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
«ОЧА ЧӢ ГУНА БАЧА НАМУНА»
СУД НИҚОБИ ЗЕБОИРО АЗ РӮЙ БАРДОШТ
Зебо буданро инсонҳо барои худ муҳим мешуморанд. Ба ин хотир, яъне барои хушнамо будан ба чи корҳое даст намезананд. Ҷамоли зебо дилрабост, аммо гоҳе боиси моҷаро ва то ба баҳси судӣ мерасад.
Чунин ҳолати ғайриинтизор ба як оила дар Чин рух дод. Мард завҷаашро барои таваллуди тифли дуруштсурат ба суд дод. Барои мард шубҳаовар он буд, ки чӣ тавр аз зани зебо фарзанди бенур ба дунё омадааст. Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ маълум шуд, ки зан пеш аз мулоқот ва ошноӣ бо шавҳар, ба хотири зебоиаш якчанд ҷарроҳии пластикӣ анҷом додааст. Баъди ошкор шудани ин ҳақиқат оила пош нахӯрд, вале суд ҳукм баровард, то зан ба шавҳараш (ҷабрдида) бояд 120 000 доллар пардохт намояд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
РАНЕВСКАЯ
Вақте аз Раневская мепурсанд, ки танҳоӣ чист, оҳи сарде кашида мегӯяд:
- Вақте дар хона ду телефон асту танҳо «будилник» занг мезанад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Ман бовар кардам, аз омадани падарам тарсидам. Тарсидам, ки ӯ меояду маро мебарад, аз бобоям ҷудо мекунад. Чун бузург шудам, ба сол, албатта, бар гуфтаҳои ӯ андешидам. Дарёфтам, ки падарам ба марги худ намурдааст, ӯро куштаанд. Бобоям ин асрорро аз ман ниҳон дошту медорад. Дар ин бора ҳеҷ касе дигар ҳеҷ чизе намедонад.
* * *
Ҷаҳон ангуштарин бошад, нигинӣ,
Ҷаҳон тахт аст агар, ту тахтшинӣ.
Бинозам бо ту, мулки нозанинӣ,
Диёрам, ҷаннати рӯи заминӣ.
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 19 МАРТИ СОЛИ 2021:
Ҳакими Тирмизӣ, Умари Хайём.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ПАНҶОҲ СОЛИ РОНАНДАГӢ
ЯГОНА ИШТИБОҲЕ, КИ СОБИҚАИ БЕНУҚСОНРО ДОҒДОР КАРД
Тоҷири бритонӣ Дэвид Тис зиёда аз 50 сол сари чамбари мошин нишаста, дар тӯли собиқаи ронандагиаш боре ба қоидаситезӣ ё ҳолати садамавӣ дучор нашуда буд. Вале як иштибоҳ ин карйераи ӯро шикаст. Ахиран, дар нуқтаи шустушӯи нақлиёт ҳангоми идораи нақлиёт ба ҷои тормоз газро пахш намуд ва «ягуар» - и ӯ мисли ракета ба мошини «поло» - и дарпеш-истода бархӯрд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ронанда ба ҷуброни зарар ба маблағи умумии 200 000 фунт стерлинг вазифадор шуд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
БАНГЛАДЕШ
АГАР ДАР ИМТИҲОНСУПОРӢ ФИРЕБ КАРДӢ, ҲАБС МЕШАВӢ
Аз қадимулайём мардум имтиҳонро бо фанду фиреб ва истифода аз варақаҳои гӯшнависӣ (шпаргалка) месупурданд ва боз баҳои баланд ҳам мегирифтанд. Ин гуна фиреби назар дар Аврупо ҳамчун ҷиноят дониста мешуд, ки бо баҳои манфӣ анҷом меёфт. Ҳоло дар Бангладеш агар афроди аз 15-сола боло бо роҳи фиреб имтиҳон супораду дастгир шавад, ҳатман ҳабс мегардад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
СЕҲРИ ҲУНАР Ё МУСАВВАРАЕ, КИ БОНУИ АШРОФЗОДАРО БО РАССОМ ХОНАДОР КАРД
Салвадор Дали, рассом ва пайкарасози фаронсавӣ, дар силсилаи мусаввараҳояш нақши зани ашрофзодаеро офаридааст, ки дар ҳаёташ тақдирсоз шуд.
Нақши Елена Дяконова дар мусаввараҳои рассом ба он оварда расонд, ки Еленаи сарватманд бо вуҷуди 10 сол калонтар буданаш аз Дали ба ӯ дилбаст ва мунтаҳо ба ҳам хонадор шуданд. Ашрофзода барои рассом на танҳо ҳамсар, балки котиба ва мураббии мушфиқ ҳам буд.
Дали самимияту муҳаббати худро нисбат ба Елена дар сархати китоби ёддоштҳояш ба номи «Рӯзномаи як нобиға» чунин баён намудааст: «Ман ин китобро ба нобиғаам, ба олиҳаи беназир - Гала Градив, Еленаи муқаддас, Еленаи Троянскии худам мебахшам».
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
ҶАЗО БАЪДИ 23 СОЛ
ҚИССАИ АҶИБИ ПАРВАНДАИ АҶОИБ
Анастасия Садриева (Россия) айёми мактабхонӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқи беандоза дошт ва мехост, ки ба факултети забонҳои хориҷӣ дохил шавад. Вале ҳодисаи соли 1997, ки он вақт ӯ синфи 10 буд, гардиши куллие дар зиндагиаш гардид. Ҳамон сол падараш – Александр Садриевро, ки тоҷир буд, парронданд. Дар иртибот ба ин куштор, парванда кушода шуд, аммо таҳқиқ нагардид. Духтарак ин ноадолатиро дида, аз омӯзиши забонҳо даст кашид ва ба факултети ҳуқуқшиносӣ рафт, то ҳуқуқшинос шаваду қотили падарро пайдо кунад.
Аз байн 23 сол гузашт. Ҳоло Анастасия ёрдамчии калон оид ба робита бо ВАО-и Кумитаи тафтишотии Россия дар вилояти Новгородский буда, рутбааш полковник аст. Ӯ тобистони соли 2020 тафтиши куштори падараш - Александр Садриевро дубора оғоз кард. Дар натиҷа, гумонбарон дастгир гардиданд. Ҳоло парвандаи яке аз қотилон, ки ба гуноҳи худ иқрор гардидааст, ба суд фиристода шудааст. Парвандаи гумонбари дуюм ҳанӯз дар таҳқиқ аст. Фармоишгари кушторро бошад, пас аз ду соли марги Александр Садриев паррондаанд.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
АНОР ДАВОИ COVID – 19
Тибқи маълумоти муҳаққиқон, шарбати анор ва ғубайро (рябина) коронавирусро дар 5 дақиқа мекӯшад. Алҳол дар ақсои олам донишмандон роҳи ҳалли мушкилоти паҳншавии сирояти пандемияи коронавирусро меҷӯянд. Онҳо барои таҳияи ваксина ва доруҳо заҳмат бар дӯш доранд. Ҳоли ҳозир ба гуфтаи муҳаққиқон аз Олмон рустание пайдо кардаанд, ки метавонад коронавирусро дар 5 дақиқа безарар гардонад ин хосиятро онҳо дар меваҳои анор ва ғубайро дарёфтанд.
Афшураи табиии ин ду мева метавонанд бактерияҳои COVID – 19 – ро дар тӯли дақиқаҳои башумор ба таври муассир безарар гардонанд.
Таҳияи Умар АЛӢ
ЯК ПАНД
Хонаводае рӯзи истироҳатии худро дар соҳил мегузаронд. Кӯдакон дар баҳр оббозӣ намуда, аз рег қалъачаҳо месохтанд.
Баногоҳ, аз дур пиразани хурдҷуссае намоён шуд. Либосҳояш ифлосу дарида буданд ва мӯйҳои сафедашро бод парешон мекард.
Ӯ худ ба худ зери лаб чизе гуфта аз рӯи регзор ҷисмҳоеро мебардошт ва дохили борхалтааш мегузошт. Волидайн кӯдаконро ба назди худ хоста, таъкид карданд, ки аз ин пиразан дуртар бозӣ намоянд.
Вақте ки вай аз канори онҳо мегузашт хам шуда чизеро аз замин бардошт ва ба сӯи ин хонавода табассуме кард, вале ҳеҷ кас ба дуруди ӯ эътибор надод.
Пас аз гузашти чанд ҳафта онҳо фаҳмиданд, ки ин пиразани хурдҷусса ба тоза кардани шишапораҳои соҳил, ба хотири он ки пойи кӯдаконро набуранд, тамоми ҳаёти худро сарф намудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ЧАРХИ ФАЛАК
МАҲБУСИ СИТАМПЕША ЧӢ ГУНА ЭҲСОНКОР ШУД?
Соли 1974 Чарлз Бронсони бритонӣ барои дуздии 26 фунту 18 пенс аз як шуъбаи почта 7 сол ба зиндон маҳкум шуд. Вале ҷинояткор на 7 сол, балки 47 сол дар маҳбас монд. Ҳукми ӯ барои он меафзуд, ки ҳамеша низоми маҳбасро вайрон мекард, ба посбонон дармеафтод ва зиндониҳоро гаравгон мегирифт.
Вале ногаҳон дар зеҳну амалаш чархиши нав ба вуҷуд омад. Ибтидо барои ислоҳи худ кӯшиш ба харҷ дод ва, баъдан ба корҳои хайру самаровар рӯ овард. Чарлз Бронсон барои кор кардан дар осорхонаи криминал ба мувофиқа расид. Тамоми ин замон маҳбусшуда бо истифода аз ҳунарҳои дастӣ маблағ пайдо мекард. Шеър менавишт, аз тариқи интернет мефурӯхт ва пулҳои бадастовардаашро ба эҳсонкорӣ сарф менамуд.
Ҳоло Чарлз Бронсон дар остонаи адои муҳлати ҷазо буда, интизор меравад, ки соли ҷорӣ аз ҳабс озод шавад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
УҚОБ
ҲИКМАТИ ЯК ҚИССА
Ягона парандае, ки дар пушти уқоб нишаставу ба гарданаш нӯл мезанад, зоғ аст. Вале ҳаргиз уқоб ба ин аҳамият намедиҳад ва аз он баландӣ зоғро намепартояд. Балки болҳояшро васеътар кушода, сӯи боло меравад. Ва ҳар қадаре, ки уқоб ба осмон наздик мешавад, ҳаво барои зоғ камтар мегардаду қувват аз даст медиҳад ва билохира сарозер мешавад.
Ин табиати уқоб омӯзанда аст. Ҳаргиз тавону вақтро набояд сарфи зоғон кард, балки танҳо ба пеш, ба сӯи мақсуд ҳаракат намуд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
РОСТ ВА ХОМӮШ
Низоми сахти сарбозӣ дар Британия
Сарбозони Гвардияи Шоҳигарии Британияи Кабир ҳангоми адои хизмат ҳуқуқи муошират бо якдигарро надоранд. Ҳатто, агар дар вақти адои уҳдадории ҳарбӣ сарбозе беҳуш шуда, аз пой афтад, касе аз гвардиячиён ба ёрӣ намешитобад, зеро тибқи талаботи қонун онҳо бояд рост ва хомӯш истанд…
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
40 СОЛ БЕ ТАБАССУМ
ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД?
Тесс Кристиан зодаи Бритониёи Кабир буда, барои ҷавон монданаш тасмим гирифтааст, ки табассумро бас кунад. Сабабаш шиносоӣ бо далелҳои ҷолиб дар бораи табассум буд, ки ӯ аз кӯдакӣ дар бораи он фаҳмидааст.
Ба шинохти ӯ, табассум ожангҳои рӯйро ба вуҷуд оварда, то ба 50 мушаки рӯй таъсир мерасонад. Кристиан бо мақсади пешгирии пайдоиши ожангҳо дар рӯяш 40 сол табассум накардааст. Ҳатто таваллуди духтараш наметавонист дар чеҳраи ин зан табассумро ба вуҷуд орад. Ҳоло Кристиан 50 сол дорад, вале аз интихоби кардааш пушаймон нест. Ба чеҳраи ҳамсолонаш нигариста ӯ бовар мекунад, ки ин тасмимаш натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МИХАИЛ СВЕТЛОВ
Михаил Светлов, шоири маъруфи рус, ки бо шикастанафсиву қаноатпешагиаш аз атрофиён билкулл фарқ дошт, доим таъкид мекард:
- Шодии ҳар як шоир бояд аз они мардум, вале ғаму дардаш моли шахсиаш бошад.
Ӯ, ки табиатан шӯх буд, баъзан, дар бораи қомати хамгаштааш нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфт:
- Медонед, ки аломати савол чист? Ин ҳамон аломати хитоб аст, ки пир шудааст.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ПИКАССОИ МАФТУНИ РАҚҚОСА
Мусаввараи «Олга лаҳзаи нишаст дар роҳаткурсӣ» ном асари бебаҳои рассоми бузург Пикассо ҳангоми бори аввал дидани Олга Хохлова офарида шудааст. Пикассо 37 – сола буд, ки Олга ба ӯ гуфт: «Ман мехоҳам зоҳиру ботини дунёи худро аз расме, ки шумо бароям меофаред, хонам». Воқеан ҳам расми хонум ончунон воқеӣ ва зебо баромад, ки дар қатори тасвирҳои барҷастааш ҷой гирифт.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2021 №: 66 Мутолиа карданд: 744