иқтисод
ТУХМИПАРВАРӢ. СОҲА ҒАМХОРИИ СИДҚӢ МЕХОҲАД, НА САТҲӢ
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзии мамлакат 240 номгӯй тухмии зироат ихтироъ шуда, то имрӯз 129 номгӯй минтақабоб гардида, мавриди истифода қарор дорад. Ба гуфтаи олимони Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзӣ, тухмиҳо давра ба давра бо назардошти қобилияти сабзишу устувориашон ба иқлим ноҳиябандӣ мешаванд.
Айни замон беш аз 10 ҳазор навъи зироати тухмии аз лиҳози ҳосилнокӣ озмудашуда дар Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ нигаҳдорӣ мешавад. Аммо, бо вуҷуди чунин имкониятҳои васеъ, ҳанӯз бисёре аз деҳқонони кишвар бештар аз навъҳои тухмии воридотӣ истифода мебаранд. Ҳоло он ки аксари касалиҳои зараррасони зироат аз тухмиҳои воридотӣ сар мезананд. Чаро деҳқонон аз тухмиҳои маҳаллӣ, бахусус ғалладона, картошка ва маҳсулоти полизӣ кам истифода мебаранд?
Некрӯз Ализода, мудири шуъбаи зироатҳои кишоварзӣ, хӯроки чорво, рустаниҳои техникӣ ва равғандиҳандаи Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзӣ, дар ин хусус чунин иброз дошт: «Вақте тухмии нав ихтироъ мегардад, парвариши он бояд муддати чанд сол дар заминҳои алоҳида ба роҳ монда шавад, то ки ин навъ бо дигар тухмиҳо омехта нагашта, солҳо ба сифати тухмии серҳосил ва ба иқлим устувор истифода гардад. Бинобар ин, бо таваҷҷуҳ ба вазъи тағйирёбии иқлим, кашфи беҳтарин навъҳои тухмии ватанӣ, аз ҷумла зироати ғалладона, рустаниҳои равғандиҳанда ва хӯроки чорво ба манфиати кор аст. Айни замон дар қитъаҳои таҷрибавии марказ омӯзиши навъҳои маҳаллӣ, аз ҷумла зироати ғалладонаи навъи «Шарора», «Наврӯз», «Ормон» ва «3000 - солагии Ҳисор» ба роҳ монда шуда, баъди муайян намудани қобилияти сабзиш тухмиҳо пешкаши кишоварзон мегарданд».
НОРАСОИИ ТУХМИҲОИ ХУШСИФАТ
Хоҷагидорону деҳқонони кишварро айёми киштукор сифати пасти тухмиҳои воридотӣ, аз ҷумла навъҳои ғалладона ва картошка нигарон намудааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳангоми хариди тухмӣ, фурӯшандаҳо бештар навъҳои хориҷиро муаррифӣ намуда, нашъунамои онро хуб арзёбӣ мекунанд.
Абдусаттор Каримов, хоҷагидори ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, ки замони хариди тухмӣ аксари фурӯшандаҳо мутобиқшавӣ ба иқлим ва серҳосилии онро дар шароити Тоҷикистон кафолат медиҳанд. Аммо баъди ҷамъоварии ҳосил маълум мегардад, ки тухмӣ пастсифат аст.
Ба гуфтаи Некрӯз Ализода, чанд сол аст, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ айёми баҳор бештар аз навъҳои зироати интродуктивии хориҷӣ (муваққатан серҳосили кӯчондашуда) истифода мебаранд. Тухмиҳои воридшуда бе озмоиш ва муайян намудани қобилияти сабзишу устувории он ба иқлими минтақа оқибат ба камҳосилӣ ва ифлосшавии қабати ҳосилхези замин боис мегарданд.
- Борҳо таҷриба бартарии тухмиҳои маҳаллиро аз навъҳои хориҷӣ бо назардошти иқлим собит намудааст. Агар тухмиҳои ватанӣ вобаста ба иқлими минтақа дуруст интихоб гарданд, ҳосили дилхоҳ дода, умри тӯлонӣ мебинанд. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст, ки аз навъҳои маҳаллӣ, бахусус зироати ғалладонагии «Ормон», «Садоқат», «Фарҳодӣ» ва «Сомонӣ» бештар истифода намоянд. Аз навъҳои зикршуда бо назардошти иқтидори ҳосилнокӣ аз ҳар гектар замини корами обӣ метавон то 60-80 сентнер ва аз заминҳои намноки лалмӣ 25-30 сентнер ҳосил ба даст овард. Дар шароити босуръат тағйирёбии иқлим ва хушксоливу номусоидии вазъи иқтисоди ҷаҳон ин дастоварди кам нест, - иброз дошт Ҷӯрахон Азизов, сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзӣ.
ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАР ДАСТГИРӢ МЕХОҲАНД
Хоҷагии тухмипарварии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор беш аз 1000 гектар замини корам дар ихтиёр дорад. Иқтидори солонааш дар самти истеҳсоли тухмии ғалладона ва хӯроки чорво 400 тоннаро ташкил медиҳад, ки ба талаботи кишоварзон кофӣ нест.
Баҳриддин Солиев, роҳбари хоҷагӣ, гуфт, ки барои инкишофи тухмипарварӣ дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳсос мегардад, вале норасоии дастгоҳ ва техникаи парвариши тухмӣ, нархи гарони нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ба андозаи 25 - 30 дарсад имкон намедиҳанд, ки соҳа бештар рушд намояд.
ХУЛОСА
Аз гуфтаҳои боло мақоли «Аз дони пӯсида ва тухмии фарсуда ҳосил хуб нарӯяд» ба зеҳн мерасад. Илова бар ин, навъҳои серҳосили тухмиҳои маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ кам нестанд. Аз ин лиҳоз, кишоварзону хоҷагидоронро зарур аст, ки беш аз пеш навъҳои зироати ватаниро дар кишт истифода намоянд. Чунки таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаву хушсифат аз фаровонии ҳосил ва заҳмати шабонарӯзии кишоварзон бастагӣ дорад.
Муҳаммад САИДВАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2021 №: 66 Мутолиа карданд: 853