ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
АЗХУДГУЗАРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МОРО БА ҲАМ ОВАРД
Ба таърихи начандон дури миллат назар афканда, метавон дид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом ҳолат қарор дошт ва имрӯз чи симоеро дорост.
Маълум аст, ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон дошт. Вале солҳои 1991 - 1993 хеле вазнину душвор омаданд. Фалаҷшавии мақомоти давлативу қудратӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ ба миён омаду миллатро парокандагӣ таҳдид кард. Дар робита ба ин, Пешвои миллат чунин баён доштаанд: “Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст”.
Дар ҳамин миён Пешвои миллат чун шери жаён аз миёни халқ бархосту бо суханони дар он лаҳзаҳои душвори кишвар зарурӣ: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” тавонист мардумро сари як андеша биорад – ба ҳам омадан, бахшидани якдигар, даст болои даст гузоштан ва дар ҳамин замина хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дар баробари ин, барои ободии Ватани аҷдодиамон равона кардани неруи худ.
Хирадмандиву дипломатияи сатҳи баланд, донишу малака, азхудгузарӣ ва кордониву масъулиятшиносии Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбариашон ба мардум умед бахшиданд. Маҳз бо чунин Сарвар миллати тоҷик тавонист бар зидди гурӯҳҳои зиёновар истодагарӣ карда, сулҳу суботро пойдор намуда, давлати деринтизори худро бунёд созанд. Имрӯз мо ифтихор дорем, ки мактаби сулҳофари Пешвоямонро дигар давлатҳо меомӯзанду дар раванди давлатдории худ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд ин мактаби бузурги сулҳофар, ваҳдатофар, хештаншиносӣ ва ҷасорату мардонагии Сарвари давлатро амиқ омӯхтаву дарк карда, ба насли минбаъд низ талқин намоем.
ЭҲЁИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ
Ҷавҳари талошу заҳматҳои Пешвои миллат барои пешрафт ва рушди босуботи Тоҷикистон равона шудааст. Ва инро ҳар фард эҳсос менамояд. Зеро хизматҳои бузурги Пешвои миллат ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳояшон бо мақсади эҳёи решаҳои таърихии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ беназиранд. Махсусан, бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаашон Ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои Сада ва Меҳргон дар кишвар ва дар баробари ин, рукнҳои фарҳанги халқи тоҷик – “Фалак”, “Шашмақом” ва “Чакан” низ ҷаҳонӣ шуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар тоҷик мебошад.
Дар ин росто хусусан, мо – ҷавонон ба осори фарҳанги гаронарзиши ниёгон, ки умри чандҳазорсола дошта, роҳи моро барои ҳазорсолаҳои минбаъда муайян ва равшану мунаввар месозанд, бояд арҷ гузорем ва омӯзиши амиқи онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ донем.
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД
Ояндаро бунёд кардан бе надонистани таърихи миллати хеш, ғайриимкон аст. Хушбахтона, халқи тоҷик таърихи бою ғанӣ ва шахсиятҳои муътабар зиёд дорад, ки онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бузург дошта, ифтихори на танҳо мо - тоҷикон балки сарфарозии мардуми олам гардидаанд.
Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон ба насли имрӯзи Ватан муяссар гардид, ки ба зиндагиву осори ниёгони хирадманду шуҳратманди худ, аз ҷумла Абуҳанифа Имоми Аъзам (соли 2009), Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 2014), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015) ва дигарон шиносоӣ пайдо намояд. Оид ба ин, Пешвои миллат дар як суханронии худ чунин изҳор доштанд: “Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонад.” Пас, ба хотири ояндаи дурахшони миллат Сарвари давлат тамоми кӯшишҳои худро бар он равона месозанд, ки насли наврасу ҷавон гузаштаи худро омӯзанд, ифтихор намоянд ва ҳифз созанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дастур доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намоянд. Ин тадбири саривақтиест, то мардум ба таърих, тамаддун ва гузаштагони худ пурра шинос гарданд.
Доир ба ин мехостам суханони арзишманди нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматовро хотирнишон созам: “Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин шахси бузург бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро ҳамчун тоҷики бузург, овардани сулҳу осоиштагӣ, оромиву фаровонӣ дар рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст”.
Баъд аз талошҳои зиёду фидокориҳои Пешвои миллат халқи тоҷик соҳиби зиндагии орому осуда гардид. Аммо, мутаассифона, имрӯзҳо низ баъзе аз гурӯҳҳо ва шахсоне, ки дур аз асолати хеш мондаанд, бо ҷаҳонбинии тангу торики худ пешравиҳо ва муваффақиятҳои Тоҷикистонро нодида гирифта, санг ба сӯи миллати худ мепартоянд. Яъне, душманони дохил ва хориҷ ҳанӯз умедашонро аз ноором сохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон накандаанд.
Лекин халқи тоҷик аз он мардуме нест, ки тақдири худро ба дасти хоинону аҷнабиён супорад.
Мардуми сарбаланди тоҷик аз гузаштаи вазнини худ сабақи хубе бардошт кардаасту шарафмандона дар ҳама лаҳзаҳо фарҳанг, забон ва расму оини ниёгони худро пос доштааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ ба фиребу дасисаҳои заҳҳоксифатон дода намешавад. Ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати бохиради Пешвои миллат макони аҷдодии худро ҳифз хоҳанд кард.
Фирӯз САЙМУМИНЗОДА,
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб