иҷтимоиёт
ҲИСОР. ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД
Ин минтақаи зархез, пеш аз ҳама, дар пеши назар бо иқлими нарму мусоид, табиати бою рангин, мавзеъҳои сайру саёҳат, обҳои шифобахш, кӯлу чашмаҳои оби мусаффо, боғоту меваҳои лазизу шаҳдбор, ҷилвагар мегардад. Муҳимтарин ёдгории таърихии шаҳр - қалъаи Ҳисор, ки намунаи зиндаи таъриху миллатамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Бешубҳа, Ҳисори бостон - макони афсонавию дорои таъриху фарҳанги пурғановат чун гавҳари тобон ва дурдонае вирди забонҳо гаштааст. Мавриди зикр аст, ки дар доираи Ҷашни 3000 - солагии Ҳисори шодмон ва омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои назаррас амалӣ шуданд. Доир ба раванди корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода хабарнигори рӯзнома бо Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳр, суҳбат орост.
ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Тавре Шарифҷон Ҷумъазода, зимни суҳбат иброз дошт, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва минтақаҳои алоҳида дар асоси стратегияву барномаҳои қабулшуда, заминаи рушди иқтисоди миллиро ташкил медиҳад ва татбиқи самараноки он иҷрои ҳадафҳои афзалиятнокро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти ин, дар соли сипаришуда новобаста аз вазъи душвори иқтисодӣ сиёсати андозу буҷет, пеш аз ҳама, барои таъмини пурраи уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, беҳтар гардондани сифати таълим, ҳифзи солимии сокинон, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, стипендия, дигар кумакпуливу ҷубронпулиҳо, хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ, равона гардид.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки аксари нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр 2 миллиарду 930 миллион сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 101,3 дарсад баробар шуд. Ҳаҷми барзиёди истеҳсоли маҳсулот, асосан, аз ҳисоби истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ (107,4 дарсад), кишоварзӣ (101,8), сармоягузорӣ (144,8), хизматрасонии пулакӣ (108,5) ва гардиши савдои чакана (95,7 дарсад) таъмин гардидааст.
СОҲИБКОРОНИ ҲИММАТБАЛАНД
Рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти соҳибкорон аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб меёбад. Зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву ичтимоӣ мебошад.
Дар шаҳр Ассотсиатсияи соҳибкорони Ҳисор таъсис дода шудааст ва соҳибкорон дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии шаҳр фаъолона ширкат меварзанд. Бо назардошти ин, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ мешаванд. Алҳол шумораи соҳибкорони хурду миёнаи бо патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда 7929 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 520 нафар зиёд мебошад. Соҳибкорони бонангу номуси шаҳр ҳамеша иқдомҳои Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ карда, барои имрӯзу оянда ва рушду нумӯи Ватани азизи худ дастаҷамъона саҳм мегузоранд. Бо ҳиммати баланди онҳо ҳамарӯза як гӯшаи диёр ободу зебо мегардад.
БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
Эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ таконе гардид барои рушду нумӯ, ободкорӣ, созандагӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон. Татбиқи босамари тадбирҳои дар ин самт андешида ба он мусоидат намуданд, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар корҳои бунёдкорӣ вусъат ёфта, рӯз ба рӯз навгоние ба назар мерасад. Мардуми меҳнатқарини шаҳри Ҳисор низ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили гарм ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ камар бастанд. Бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, ашхоси саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ раванди корҳои ободонӣ ранги тоза гирифта, дар ҳамин замина, дар ин водии зархез сохтмони иншооти таъйиноташон гуногун, таҷдиду азнавсозии роҳҳо, таъсиси корхонаҳои хурду бузург, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хуррамгардонии марзи шаҳр, зина ба зина амалӣ мешаванд.
Бо мақсади расидан ба иқдомҳои наҷиб, татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои нақшаи дурнамо дар ҳамаи соҳаҳо ва дар сатҳи баланд сазовор истиқбол намудани ҷашн дар шаҳр бунёди 767 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз аз ин теъдод 422 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашн, аз ҷумла бунёди биноҳои баландошёна, беморхона, осоишгоҳ, марказҳои ташхисию табобатӣ, солимгардонӣ, фарҳангию фароғатӣ, савдо ва хизматрасонӣ, бозори масолеҳи сохтмонӣ, хонаҳои истиқоматии замонавии типи котеҷ, сардхона, ошхонаҳои замонавӣ, сехҳои дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимию томактабӣ ва китобхона, ба анҷом расонда шуданд.
Дар баробари ин, бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 129 километр роҳ сангфарш, 8,4 километр роҳҳои деҳаҳо бетонпӯш ва 17,1 километр роҳ асфалтпӯш гардида, 141 сутуни равшанидиҳанда, 3848 симчӯб, 57 зеристгоҳи барқӣ (трансформатор), 1200 метр лӯлаи обгузар ва 2,4 километр ҷӯйборҳои бетонӣ насб карда шуданд.
САНОАТ РУШД МЕКУНАД
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашн ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гашта, дар самти рушди соҳаи саноат, афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, густариши қобилияти содиротии шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардиданд. Алҳол дар шаҳр теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ ба 74 адад расонда шуда, асосан, дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолият менамоянд. Корхонаҳои саноатии шаҳр соли 2020 ба маблағи 261,7 миллион сомонӣ (107,4 дарсад) маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд.
Ин аст, ки бо андешидани чораҳои муассир дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда натиҷаҳои назаррас ба даст омад. Аз ҷумла, истеҳсоли гӯшти паранда ба 462,4 тонна, маҳсулоти ширӣ ба 115,3 тонна, шири безараргардондашуда 106,6 тонна, қубурҳои металлӣ 1808 тонна, профилҳои оҳанӣ 5136,6 тонна расонда шуд, ки истеҳсоли ҳамаи ин номгӯи маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ мутаносибан аз 100 то 150 дарсад зиёд мебошад.
Дар ин давра дар шаҳр 11 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 230 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаҳо, асосан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва дӯзандагӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд. Сокинони шаҳр аз он ифтихор доранд, ки коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар назди ҶСК «Авитсенна», корхонаи бастубанди ҷуворимакка - ҶДММ «Ситабр Агро» ва корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Комрок Интернейшнл» бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҳоло фаъолияти пурсамар доранд.
Татбиқи босамари ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки дар корхонаҳои саноатӣ ашёи хоми маҳаллӣ то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол гардад.
ХОНИ ПУРФАЙЗИ КИШОВАРЗОН
Водии Ҳисор бо заминҳои ҳосилхез, сокинони заҳматдӯст ва саховатпешаю дастархондораш аз давраҳои куҳан чун диёри пурфайзу баракат ном бароварда буд. Ин аст, ки ҳоло низ дар ин макони зархез мардум ин анъанаро идома медиҳанду дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми худро мегузоранд.
Кишоварзони шаҳр бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолии шаҳр, инчунин, пойтахти кишвар бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ пайваста талош доранд. Фаъолияти истеҳсолии кишоварзон давра ба давра рӯ ба афзоиш дошта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта ба 773,8 миллион сомонӣ (101,8 дарсад) баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи рустанипарварӣ 562,1 миллион сомонӣ (102,1 дарсад) ва дар соҳаи чорводорӣ 211,6 миллион сомонӣ (121,6 дарсад) - ро ташкил намуд.
Соли ҷорӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ҳудуди шаҳр ба сербориш омадани боду ҳаво нигоҳ накарда, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 19259 гектар кишти зироат гузаронданд.
Дар маҷмӯъ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 26842 тонна ғалладона, 60407 тонна сабзавот, 9646 тонна картошка, 3314 тонна полизӣ, 2042 тонна мева, 27862 тонна ангур, 6428 тонна гӯшт, 27645 тонна шир, 32,3 миллион дона тухм ва 40,2 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан номгӯи ин маҳсулот барзиёд истеҳсол шудааст.
Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳр бо сабзавоти тару тоза дар давраи зимистон 9 гармхона ва дар самти парвариши лимӯ 4 гармхона фаъолиятро пурсамар ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр ҷиҳати кам кардани талафот ва нигоҳдории меваю сабзавот 15 сардхонаи замонавӣ мавҷуд аст, ки барои ҷойгиркунонии зиёда аз 6185 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имкон дошта, барои дар тамоми фаслҳои сол бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолии кишвар ва хориҷи он мусоидат менамояд. Инчунин, бо саҳми соҳибкорон сохтмони 6 сардхонаи дигар бо иқтидори нигоҳдории 600 тонна маҳсулот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди шаҳр идома дорад.
ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ФАРОВОНАНД
Дар радифи табиати тасхиркунандаю мавқеи ҷуғрофии минтақаҳои дигари кишварамон шаҳри Ҳисор низ бо инфрасохтори нисбатан пешрафта мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони зиёди хориҷӣ гардидааст. Зеро шаҳр дар самтҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатию истироҳатӣ ва варзиш барои ҷалби сайёҳон имкониятҳои фарох дорад. Бо назардошти муҳимият ва афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ ва эълон шудани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр 87 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла 8 ёдгории монументалӣ, 12 меъморӣ ва 67 археологӣ мавҷуд аст, ки диққати саёҳонро ба худ ҷалб намуда, дар байни сайёҳон маъруфият доранд. Инчунин, дар мавзеъҳои сайёҳии табиӣ - экологӣ ба сайёҳон 16 бӯстонсарой (Hostel) хизмат мерасонад. Ҳамчунин, айни замон, осорхона, осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ”, “Сатурн”, «Сангчашма», меҳмонхонаҳои “Усто Набот” ва “Даҳбед”, 7 тарабхона ва як қаҳвахонаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир бо шароиту имкониятҳои васеи қабулу истироҳати мизоҷон фаъолият доранд.
Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат соли гузашта як ширкати сайёҳӣ таъсис ёфта, 3 хатсайри нави сайёҳӣ, ки дорои ёдгориҳои қадима мебошанд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин давра 33983 нафар сайёҳ аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳр дидан намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли пешӣ 48 ҳазор нафар кам мебошад. Сабаби кам гаштани сайёҳон ин баста шудани роҳҳо бинобар хуруҷи бемории сироятии COVID-19 арзёбӣ мегардад.
Яке аз минтақаҳои маъруфи сайёҳии шаҳр, ки дорои ёдгориҳои меъморӣ ва таърихию фарҳангист, Мамнӯъгоҳи таърихию кишваршиносии қалъаи Ҳисор мебошад. Ин аст, ки ҳамасола меҳмонони зиёд аз дохилу хориҷи кишвар аз ин марзи бостонӣ дидан мекунанд. Зиёда аз 3000 сол қабл ин ҷо маркази тамаддуни волои ниёгони мо арзи ҳастӣ намуда буд. Он дар баландӣ, зери фазои кушод ҷойгир буда, арзиши беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъморӣ дорад. Ёдгориҳои таърихию меъмории қалъа, ки бунёдашон аз қарни XI пеш аз мелод оғоз ёфта, то садаи XX думбола мегирад, то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд. Ин даргоҳи маърифату фарҳанги волои тоҷикон имрӯз яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар мебошад.
ҲИСОРИ ШОДМОН САРСАБЗ МЕШАВАД
Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ маъракаи сабзазоркунӣ ва ободонӣ муташаккилона идома дошта, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр соли равон 13678 ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла 3873 ороишӣ, 1644 сояафкан ва 8161 мевадиҳанда, 31824 гулу бутта ва 590 бех қаламча шинонда шуда, майдони 120 метри мукааб сабзапӯш гардонда шудааст.
Хусусан, корҳои ободонӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Ҳисор -Турсунзода ва роҳи 2,7 - километраи даромадгоҳи шаҳр суръат гирифта, ба миқдори 200 ниҳоли ороишӣ ва 48000 гулҳои рангоранги лола, садбарг ва навъҳои дигар шинонда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва самараноку оқилона истифодабарии замин дар 12 ҷамоати шаҳр бо иштироки 7350 нафар шаҳрванд аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» ташкил шуданд, ки зиёда аз 137,4 метри мукааб партов аз маҳаллаҳо тозаву ҷамъоварӣ гардид. Ҳамзамон, пайваста дар ҳамаи гӯшаю канори шаҳр бо иштироки фаъоли сокинони маҳаллӣ, кормандони сохтору идораҳо ва роҳбарияти шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил мешавад.
Мардуми шукргузору сарбаланди шаҳр талошу заҳмати пайгиронаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъати комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр минбаъд низ бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ азм доранд, ки шаҳри азизи худро тозаю зебо, дилкаш, ҳамешасабз ва ба як шаҳри пешрафтаву муосир табдил диҳанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2021 №: 67 Мутолиа карданд: 560