logo

иқтисод

ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Соли гузашта нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 36,5 миллион сомонӣ таъмин гардид. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия 29,7 миллион сомонӣ маблағи мақсаднок (субвенсия) ҷудо шуд. Қисми хароҷоти буҷет 96 дарсадро ташкил дод.
Дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 3,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 129 миллиону 121,1 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Моҳҳои январ - декабри соли 2020 дар ноҳия 72 коргоҳ ва иншооти хизматрасонӣ бо 434 ҷойи кории нав мавриди истифода қарор гирифт. 
Бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия 6 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардид. Аз ин дар соҳаи саноат 1 лоиҳа доир ба хати интиқоли неруи барқи СASA - 1000 ба маблағи 3178,8 ҳазор доллар омода ва ба вазоратҳои энергетика ва захираҳои об ва саноат ва технологияҳои нав манзур шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва маводи ниёзи аввал дар ноҳия нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҶДММ “Оби қадр” таъсис ёфт. Қаблан корхонаи мазкур дар рӯйхати корхонаҳои аз фаъолият бозмонда буд. Соли гузашта корхонаи «Сомон FM» ҳам аз рӯйхати мазкур бароварда шуд, ки ҳоло ба истеҳсоли консерва машғул мебошад.  
Танҳо давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия ба 13 миллиону 625,2 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 3,7 миллион сомонӣ зиёд аст. 
Корхонаҳои МПМК “Хоҷамастон” ва СИ “Ҳоҷиғозибег” ба истеҳсоли маҳсулоти гӯшти паранда машғуланд. Дар ин корхонаҳо 21 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки талаботи ноҳия ва берун аз онро бо маҳсулоти гӯштии парҳезӣ таъмин мекунад. 
Соли гузашта коргоҳи нави истеҳсоли либоси мактабӣ таъсис дода шуд, ки дар он 35 нафар бо кори доимӣ таъминанд. Инчунин, 2 сехи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи кор ва коргоҳи коркарди моҳии дуддодашуда бо 10 ҷойи кори нав аввали моҳи марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифт. 
Дар маркази ноҳия сокинон аз набудани иншооти обу ташноб (канализатсия) ва нокифоя будани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, ки ин амал барои рушди сохтмон дар ноҳия таъсири манфии худро мерасонад.
Барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 192,2 ҳазор сомонӣ ва 21 тонна муми сиёҳ ҷудо гардидааст. Аз ҳисоби соҳибкорон бошад, дар ин давра 30,3 километр роҳ сангфарш ва 2 пул сохта шуд. Инчунин, дар шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири 12 километр роҳ ба нақша гирифта шуда, аллакай, дар 2 километр кор иҷро шуд. Дар кӯчаи марказӣ 100 ва дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳраку деҳот 3700 нурафкан (прожектор) насб ва 56 пояи оҳану бетонӣ васл гардид. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 715 миллиону 328 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,5 дарсад зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия дар майдони 16153,1 гектар кишти зироатҳоро гузаронданд. Кишти майдони пахта сол ба сол зиёд гардида, барои таъмини корхонаҳои соҳа бо ашёи хоми маҳаллӣ ва тақвияти истеҳсоли нахи пахта ва равған дар ноҳия 8074 ҳазор гектар кишти навъҳои гуногуни пахта гузаронда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 74 гектар зиёд аст.
Ҷиҳати таъмини иҷрои барномаи давлатии боғу токпарварӣ аз ҷониби  хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 10 гектар боғи нав дар заминҳои лалмӣ бунёд шуд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба 3599 тонна расид. Бо мақсади беҳбудии ҳолати мелиоративии замин, аз 607 километр заҳбуру заҳкаш 29,2 километр тоза ва ҳолати мелиоративии 409 гектар замин аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об беҳтар гардидааст.
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1863 нафар барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат карда, аз ин теъдод 919 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Дар ин давра 14 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 696 ҷойи кори холӣ  гузаронда шуд, ки дар он 25 корхона ва 166 корҷӯ иштирок намуд. 
Дар 63 муассисаи таълимии ноҳия 43007 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарикасӣ барои муассисаҳои таълимии ноҳия 13 тахтаи электронӣ бо видеопроектор ва 130 компютер харида шуд. Барои хонандагон 36 синфхонаи иловагӣ бо 900 ҷойи нишаст сохта шуд. Инчунин, бинои нави муассисаи таълимии № 25 дар Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ бо 240 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. 
Аз 33 муассисаи фарҳангии мавҷуда, 4 хонаи фарҳанг, 8 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 бачагона, 1 шаҳрӣ, 12 деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ - истироҳатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Бинои осорхонаи ноҳия таъмирталаб буда, бинои хонаи фарҳанг дар деҳаи Қ. Ғиёсов дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. 
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 159 иншоот сохта ба истифода дода шуд. 
 
Сафар РАҲИМЗОДА, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2021    №: 67    Мутолиа карданд: 633
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед