иқтисод
КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ВАТАНИ "НОНИ ДУЮМ"
Картошка аз ғизоҳои асосиест, ки дар қатори гӯшту равған инсон ба он ниёз дорад. Даврони шӯравӣ истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон хеле нокифоя буд. Барои таъминоти ин маҳсулоти ниёзи мардум онро аз Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ ворид менамуданд. Заминҳои деҳоти кӯҳистон дар он давра, асосан, барои тайёр намудани хӯроки чорво истифода мешуданд. Аз ҷумла, дар Кӯҳистони Мастчоҳ. Мардум чорвои шахсии зиёд надошт ва сатҳи зиндагӣ қариб дар як зина қарор дошт.
Истиқлолияти давлатӣ боиси дигаргун гаштани муносибатҳои ҷамъиятӣ гардид. Барои мисол дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мардум бо истифода аз захираҳои хӯроки табии чарогоҳҳо ба чорводорӣ машғул гардида, заминҳои дар деҳаҳо мавҷударо барои истеҳсоли маҳсулоти полизию ғалладона, аз ҷумла картошка ва талу теппаҳоро барои бунёди боғҳо, истифода менамоянд. Картошкапарварӣ ба самти асосии истеҳсоли кишоварзии ноҳия мубаддал гашт. Ба туфайли истифодаи самараноки замин, дастрасии тухмиҳои картошкаи хушсифат бо кумаки шарикони рушд, ҳосилнокии он зиёд гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шуд.
Картошкапарварони ноҳия истеҳсоли онро сол ба сол афзоиш дода, барои таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Соли 2020 истеҳсоли картошка дар ноҳия 14 ҳазор тонна зиёд гардида, тавлиди солонаи он ба 95 ҳазор тонна расид. Бо вуҷуди пайдо гардидани баъзе мушкилот кишоварзон истеҳсоли онро ҳар сол меафзоянд. Махсусан, солҳои тӯлонӣ кишт намудани картошка дар як замин, боиси паст гардидани ҳосилнокии он гардидааст. Бинобар ин, деҳқонон истеҳсоли онро кам накарда, ният доранд, ки заминҳоро киштгардон намоянд.
Дар асоси нишондоди Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон деҳқонон аз пардохти андози ягонаи замин озод шуданд. Ҷавобан ба ин ғамхории Сарвари давлат нисбат ба кишоварзон ва ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳқонони ноҳия имсол дар майдони 2200 гектар картошка кишт намуда, истеҳсоли онро ба 100 ҳазор тонна расонданианд. Бо ҳамин мақсад, бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва шарикони рушд кишоварзони ноҳия тухмиҳои серҳосилро дастрас намуда, заминҳои ҳосилнокиаш пастро киштгардон менамоянд. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соле як бор ҳосили картошка гирифта мешавад, асосан, фасли тирамоҳ. Баъзе солҳо бо сабаби номусоидии боду ҳаво дар тирамоҳ як қисми ҳосили рӯёндашуда талаф меёбад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ноҳия бештар анборҳои захиракунии картошка сохта, онро аз деҳқонон дар тирамоҳ харида, захира намоянд. Ин имкон медиҳад, ки дар мавриди зарурӣ бозорҳои ҷумҳурӣ бо картошкаи хушсифату арзон таъмин гарданд.
Деҳоти ноҳия аз сатҳи баҳр хеле баланд ҷойгир буда, замин, иқлим ва обу хоки он барои парвариши картошка мувофиқ мебошанд. Аз ин рӯ, боз ҳам ривоҷ додани ин соҳаи муҳими истеҳсолот, дар баробари ҳал намудани масоили амнияти озуқавории мамлакат, боз метавонад, ки ноҳияҳои дигари ҷумҳуриро бо тухмии хушсифати ин зироат низ таъмин намояд.
Абдураҳмон ҚОЗИЕВ,
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2021 №: 67 Мутолиа карданд: 566