logo

иҷтимоиёт

ГУЛҲОИ БАҲОРӢ. ЧАРО ОНҲОРО РЕШАКАН МЕКУНЕМ?

Бо фаро расидани фасли баҳор дар кишвари азизамон ҳама ҷо гулҳо мешукуфанд. Махсусан, дар доманакӯҳҳо гулҳои баҳории баҳман, маъмул бо номи бойчечак, сияҳгӯш ва амсоли инҳо мерӯянд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо наврасону ҷавонон бо чидан ва фурӯши онҳо сари роҳҳои мошингард гӯё аз омадани баҳор мужда меоранд.
 
Аз ҷониби сокинони шаҳру деҳоти мамлакат даста - даста чидани сиёҳгӯш ба он оварда расондааст, ки имрӯзҳо ин намуди гул дар табиат зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон он ба қатори гулҳои камёфт ва нодир шомил гардид. Дар ҳоле ки солҳои қабл аз зумраи гулҳои серистифода ба ҳисоб мерафт. 
Ҳикмат Ҳисориев, мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, иброз дошт, ки пайваста аз табиат гирифтани (решакан кардани) гулу дарахтони худрӯй, махсусан аз ҷониби мактаббачагон боиси дигарбора нарӯидани онҳо гаштааст. Аз ҷумла, ба таври оммавӣ бо решааш ҷамъ овардани гули сиёҳгӯш ба нашъунамои он  таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, 30 километр дур аз шаҳри Душанбе дар мавзеи Кондара бойчечаку сиёҳгӯш зиёд мерӯиданд, ҳоло қариб аз байн рафтаанд. Бо ин тарз таъсир гузоштан ба табиат хавфи вайрон шудани занҷираи экосистемаи табиӣ зиёд мегардад. Гулу дарахтон танҳо нарӯида, онҳо дар алоқамандӣ бо дигар мавҷудоти зинда, ки яке аз дигаре вобаста аст, муҳити зисти ҳайвонот ва дигар рустаниҳоро нигоҳ медорад. Чидани гулҳои баҳорӣ, ба монанди бойчечак ва гули сиёҳгӯш боиси коҳиш ёфтани манзараҳои табиии ҳамон минтақаҳо гардида, ҳамзамон, он шапаракҳое, ки барои гардолудкунии ин намуди гулҳо кумак мерасонанд, аз байн мераванд.
- Дар хусуси пешгирӣ аз ҳолати чиниши ғайриқонунии гулҳо борҳо таъкид намудем,  - гуфт Ҳикмат Ҳисориев. - Вале, мутаассифона, ҳолати аз бех кандани гулҳо ҳанӯз ба назар мерасад. Ғайр аз ин, дар роҳи аз ноҳияи Варзоб то Наврӯзгоҳи пойтахт бисёр гулҳои камёфти табиӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ки дар парваришгоҳҳо нестанд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити пешрафти технология, ки одамон хоҳиши ба табиат бештар баромадан доранд, ҳифзу нигоҳубини гулу дарахтон, ҳамчунин, дигар захираҳои табиӣ хеле муҳим ва зарурӣ аст. Аз ин рӯ, коршиносон, дар баробари аз хориҷи кишвар овардани гулҳои мавсимию ороишӣ ва дар парваришгоҳҳо бунёд кардани онҳо, ҳамчунин, ба парвариши сунъии гулҳои табиии кишварамон – бойчечак ва сиёҳгӯш низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Гули сиёҳгӯш ҳамчун рустании бисёрсола, гулаш бунафш, моҳҳои январ – апрел гул карда, апрел - май самар меорад ва метавонад дар қатори гули лолаю садбарг кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои кишварро зебу зинат диҳад. 
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи милитсияи экологии Вазорати корҳои дохилии кишварро зарур аст, вобаста ба чиниши гулҳо (дар табиат кам гаштани онҳо) ва фурӯши сарироҳии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, назорати ҷиддӣ баранд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2021    №: 67    Мутолиа карданд: 886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед