маориф
НОҲИЯИ ДӮСТӢ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МТМУ №8
Дар деҳаи Ғалабаи деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 ба номи Ҷумъагелдӣ Ҷумъақулов ба истифода дода шуд.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият», гуфт, ки мактаб дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми Бекмурод Холов, роҳбари хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Сохтмони муассиса дар муддати 8 моҳ ба сифати баланд ба анҷом расид.
Зимни шиносоӣ бо муассисаи навбунёд, Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳи онро барои хонандагон ва устодону омӯзгорон туҳфаи арзандаи идона дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки шумораи хонандагони мактаб 339 нафар буда, ба онҳо 39 омӯзгор (аз ҷумла 29 зан) ба забонҳои тоҷикӣ ва туркманӣ таълим медиҳанд.
Изҳори умед шуд, ки бо фароҳам омадани шароити муносиб барои гузарондани машғулиятҳо, минбаъд омӯзгорон барои дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон дучанд заҳмат кашида, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос ва ҷиҳати васеъ гардондани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.
Таъкид гардид, ки бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ, эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ мебошад.
Қурбон Ҳакимзода иқдоми мактабсозии соҳибкори ватандӯст Бекмурод Холовро шоистаи таҳсин хонда, ба ӯ сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2021 №: 67 Мутолиа карданд: 5564