фарҳанг
ПОЙАФЗОРДӮЗӢ
Пойафзордӯзӣ яке аз пешаҳои анъанавии тоҷикон ба шумор меравад. Дар шаҳрҳои калон дар даврони тоинқилобӣ корхонаҳои пойафзордӯзӣ мавҷуд буданд. Дар ҳар кадом 20 – 40 пойафзордӯз бо усули дастӣ кор мекард. Дар корхонаҳо навъҳои гуногуни пойафзор: кафшҳои мардонаву занона, мӯза, маҳсӣ (масҳӣ), мукӣ ва ғайра дӯхта шуданд. Устоҳои пойафзордӯзро вобаста ба ихтисос ва маҳсули дасташон устоҳои мӯзадӯз, кафшдӯз, маҳсидӯз, мукидӯз, шиппакдӯз ва ғайра ном мебурданд. Кафшҳо бо пошнаҳои баланд ва паст тайёр карда мешуданд. Барои занҳо кафшҳои нӯгаӣ дӯхта мешуданд, ки пошнааш баланд ва болояш пӯшидаву қафояш пастак буд. Кафши чакӣ бо пошнаи паст, кафшҳои кундал ва ироқӣ, низ маъмул буданд, ки онро сарватмандон мепӯшиданд. Як навъи дигари кафши занона «шиппак» ном дошт, ки устоҳо онро аз се қабат чарм ва пошна тайёр мекарданд.
Баро дӯхтани кафш қолабҳои чӯбини гуногунандоза, анбӯр, газан, теғи чармбӯрӣ, даравш, чӯбтарош, чӯбқалам, чӯби бахия, чӯби пойкашӣ, куванд, кунда, фона, андоза ва дигар олоти корӣ истифода мешуданд. Дар гузашта «мукӣ» низ яке аз пойафзорҳои маъмулӣ ба ҳисоб мерафт. Мукиро мардону занҳо ва бачаҳо дар вақтҳои беборишӣ, дар корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мепӯшиданд. Баландии мукӣ аз мӯза пасттар буда, ба миёнаҳои соқи пой баробар мешуд. Наъи дигари пойафзори анъанавӣ «чоруқ» ё «хомак» ном дошт, ки онро бештар мардуми бенаво дар ҳавои сард истифода мебурданд. Чоруқ ба мисли маҳсӣ пошна надошт ва онро аз пораи пӯсти хоми гов, пашмҳояш аз берун медӯхтанд. Аз дарун ба таги по пахол андохта, ба по пайтоба печонда, онро мепӯшиданд. Аз болотари буҷулаки по онро бо чоруқбанд мебастанд. Ин навъи пойпӯширо бештар на мӯзадӯзҳо, балки мардум барои худ медӯхтанд.
Ҳоло аз ҳунарҳои мазкур мӯзадӯзӣ ва маҳсидӯзӣ як андоза фаъол мебошанд. Чунончи, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Ҳисор ду навъи мӯза духта мешавад. Навъи якум дорои пошна ва соқи баланд буда, онро барои човандозҳо – бузкашҳо ва, умуман, аспсаворҳо медӯзанд. Пошнаи баланди мӯза ба човандоз имкон медиҳад, ки пойро дар рикоб мустаҳкамтар гузошта, хам шуда бузро аз замин бардорад. Навъи дуюми мӯза пошнаи пасттар дошта, онро мардони касбу кори гуногун мепӯшанд.
Масҳӣ пойафзори марбут ба фаслҳои сарди сол буда, навъҳои занонаву мардона дорад. Масҳиро одатан аз болои пайтоба ё ҷӯробҳо бо кафш ё калӯш мепӯшанд ва дар даруни хона бо масҳӣ мегарданд. Соқи масҳиро аз чарми гӯсфанд ва қисмҳои сару таги онро аз чарми гов медӯзанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2021 №: 67 Мутолиа карданд: 482