logo

иқтисод

БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. 50 - 60 ДАРСАДАШ "БЕМОР" АСТ. ЧАРО?

Ҳукумати  мамлакат тайи солҳои охир ба бунёди боғҳои сермаҳсул таваҷҷуҳи хос зохир намуда, дар ин самт тадбирҳои муҳими ҳавасмандкунанда меандешад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ низ вусъати боғдории интенсивиро бори дигар таъкид намуданд. Вале, бо вуҷуди пешравиҳо, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки технологияи парвариши чунин боғҳо дар шаҳру навоҳӣ на ҳамеша риоя мегардад. Хабарнигори "Ҷумҳурият" мавзӯи мавриди назарро пайгирӣ  намуд, ки муҳтавои он пешкаш мегардад.  
 
571 ГЕКТАР БОҒИ ИНТЕНСИВӢ БУНЁД ШУД 
Ҳанӯз соли 2017 коршиноси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Ярмак иқтидори Тоҷикистонро барои бунёди боғҳои интенсивӣ, махсусан себзор, бузург арзёбӣ намуда, гуфта буд: «Агар боғпарварони тоҷик аз як гектар боғи анъанавӣ 5 - 10 ҳазор доллар даромад гиранд, ин даромад аз ҳисоби  боғҳои ҳозиразамон ба 60 ҳазор доллар мерасад. Барои ин танҳо истифодаи дурусти технологияи парвариш тақозо мешавад». 
Ба андешаи вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, масоҳати боғу токзори кишвар ба 200 ҳазор гектар мерасад, ки 159 ҳазор гектарашро боғ ташкил медиҳад. 112 ҳазор гектари он дар давраи соҳибистиқлолӣ бунёд ёфт. Аз ҷумла, 571 гектар боғи интенсивӣ. “Дар ҷои боғҳои куҳнае, ки аз ҳосил мондаанд, чунин боғҳоро бунёд карданием. Чунки агар боғи анъанавӣ дар 7 - 8 сол ҳосил диҳад, боғи интенсивӣ дар 3 - 4 сол самар медиҳад. Бо назардошти он ки кадом навъи мева дар кадом минтақа ҳосили хуб медиҳад, боғҳо бояд ноҳиябандӣ шаванд. Ният дорем дар заминҳои лалмиву талу теппаҳо бо истифода аз технологияи обёрии қатрагӣ чунин боғҳоро бунёд намоем”, - гуфт Сулаймон Зиёзода. 
Вале мусаллам аст, ки рушди соҳаро бе парвариши ниҳол тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимию дарозумрӣ ва самаранокии дарахтон аз ниҳол вобастагии калон дорад. 
 
НАВЪҲОИ ВОРИДОТӢ БЕҲТАР Ё МАҲАЛЛӢ?
Бо мақсади кам кардани воридоти ниҳолҳои интенсивӣ соли дуюм аст, ки хоҷагиҳои КВД «Тоҷикниҳолпарвар» парвариши онро ба роҳ мондаанд. 
- Соли 2018 аз хориҷа зиёда аз 40 ҳазор ниҳоли такпайванди М - 9, М - 25, М - 26, М - 27-и интенсивию суперинтенсивӣ ворид кардем. Ба хоҷагиҳо 3 ҳазор донагӣ тақсим намудем. Аллакай, 17 - 18 ҳазор ниҳоли себи миёнақади интенсивӣ ба дасти деҳқон расид, ки такпайвандашон аз навъҳои хориҷӣ, болопайвандашон аз намудҳои худианд, - гуфт Исмоил Асоев, саркишоварзи корхона.
Вале ба андешаи боғпарварон, беҳтарин ниҳол ҳамонест, ки такпайвандаш аз тухмии навъҳои маҳаллӣ ё ёбоист. Зеро ин навъҳо дар шароити маҳал мутобиқ шуда, бе обёрӣ ва истифодаи зиёди заҳрхимикатҳою нуриҳои минералӣ ҳосили хуб медиҳанд.
«Дар натиҷаи дигаргуншавии иқлим бисёр боғҳо хушк шуда истодаанд, меваашон норасида мерезад ё касалии ҳашарот таъсир мекунад. Дар ҳамин ҳол истифодаи ниҳоле, ки такпайвандаш аз тухмии маҳаллӣ ва ё ёбоӣ бошад, ба манфиати кор аст. Сифаташ ҳам хубу ба хушкӣ тобовар. Аммо таҷриба нишон дод, ки навъҳои воридотӣ чунин нестанд ва ба онҳо касалиҳои сироятӣ – занбӯруғӣ, аз ҷумла қутунак ва зангор, бештар зарар мерасонанд», - аз афзалияти навъҳои маҳаллӣ нисбат ба воридотӣ гуфт боғпарвари номдор Мирзошо Акобиров. 
 
МУШКИЛИ № 1 - НАБУДАНИ ОЗМОИШГОҲУ ГАРМХОНА 
Ба гуфтаи Исмоил Асоев такпайванди он ниҳолҳое аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ки истеҳсоли он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда нашудааст. Олимон дар ин самт то ба ҳол кор накардаанд.  Бо зикри ин, номбурда ҳамзамон, мушкили соҳаро шарҳ дод: 
- Мушкили аввал набудани озмоишгоҳ аст. Ниҳол бояд бо моддаҳои биохимиявию биотехникӣ дар ҳарорати 2 - 5 дараҷа нашъунамо ёбад. Вале заминаи моддӣ – техникии озмоишгоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ғайр аз ин, барои ниҳолҳои интенсивию суперинтенсивии миёнақаде, ки зимистон пайванд мекунем, гармхонаи дорои сардхона чун обу ҳаво зарур аст. Онро дар гармхона пайванд карда, то шинондан дар сардхона дар ҳарорати муайян нигоҳ доштан лозим. Мутаассифона, чунин шароит надорем. Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Ҳисор ва  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ такпайванди М - 106-ро пайванд карда, дар қуттӣ бо апелка маҳкам кардему дар пеши бухорӣ нигоҳ доштем. Дар натиҷа қариб 50 дарсадашро аз даст додем. То шинондан баъзеашро хунук заду қисми дигараш вайрон шуд. 
 
КАРАНТИНУ БЕЗАРАРГАРДОНИИ НИҲОЛ
НОМ ҲАСТУ НИШОН НЕ… 
Ба ҷуз мушкилоти боло, коршиносону боғпарваронро бо нархи гарон ворид сохтани ниҳолу дар баъзе маврид бо сертификат мутобиқат накардани он ба ташвиш овардааст. 
“Мутаассифона, озмоишгоҳҳо ҳангоми ворид кардани ниҳол сифати онро  намесанҷанд, - изҳори нигаронӣ кард Исмоил Асоев. - Аз ин лиҳоз, 50 - 60 дарсади боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ дучори беморианд. Сабаби асосӣ воридоти маҳсулот бе карантин ва фумигатсия дар сарҳад мебошад. Тибқи талабот маҳсулот бояд дар нуқтаҳои карантинӣ аз санҷиш гузашта, дар биноҳои махсус фумигатсия, яъне безарар карда шаванд. Бо ин роҳ, микробу зараррасонҳои аз хориҷа воридшударо нобуд месозанд. Аммо масъулон ба ин то куҷо эътибор медиҳанд, муаммоест, ки солҳо боз ҳалли худро намеёбад”. 
Ин нигаронии мутахассисон дар ҳолест, ки ба саволи мо дар мавриди санҷиши сифати маҳсулот сардори раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Ҷамшед Носиров чунин посух дод: “Соли гузашта аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Италия, Туркия, Испания, Ӯзбекистон ва Белгия, қариб 101 ҳазор ниҳол ворид шуд. Дар марз мутахассисон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати маҳсулотро санҷида, дар асоси ташхиси бехатарии озуқаворӣ иҷозати вуруд медиҳанд. Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 36 лаборатория мавҷуд аст.  Аз 101 ҳазор ниҳоли соли гузашта воридшуда, танҳо 2 ҳазораш дар дохил фумигатсия шуд. 99 ҳазори дигар дар хориҷ фумигатсия шуда, баъдан ворид гардидааст ва ҳоҷат ба безараргардонии дубораи он нест”. 
Ин ҳам дар ҳолест, ки мутахассисон безараргардонии тамоми ниҳоли аз хориҷи кишвар воридшударо, чи фумигатсия шудани он дар кишвари воридшаванда дар ҳуҷҷат нишон дода шуда бошад чи не, ҳатмӣ мешуморанд. Дар ин маврид нигаронии коршиносону бепарвоии масъулон мақоли “Хоҷа, боғ дорӣ? - Дорам!”- ро ба ёд меорад. Гузашта аз ин, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мутобиқат накардани ниҳолро бо нишондоди сертификат низ ба қайд нагирифтааст, ки бо ин дар муқоиса бо вазъ “як бому ду ҳаво”-ро мемонад. 
 
ЗАРУРАТИ ТАҶДИДИ СИСТЕМА ПЕШ ОМАДААСТ
Тавре омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, карантин ва фумигатсияи ниҳолро ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондан зарур аст. Баробари ин, барои гирифтани натиҷаи дилхоҳ, навсозии заминаи моддӣ - техникии озмоишгоҳҳо амри зарурист. Муҳимтар аз ин, бояд системаи парвариши ниҳол таҷдид гашта, ба парвариши ниҳолҳои воридотивазкунанда бо назардошти навъҳои маҳаллӣ афзалият дод. Зеро Сарвари давлат дар мулоқот бо олимони кишвар аз он ибрози нигаронӣ карда буданд, ки дар шароити рушди босуръати илму техника «мо даҳҳо навъи рустаниҳо, дарахтони ороишиву мевадиҳанда ва гулҳои ҳамешасабзу мавсимиро то ба ҳол аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунем». Ин паҳлуи дигари масъалаи боғдорию сабзкорист, ки алоҳида пайгирӣ хоҳад шуд. Ҳоло як суол посух мехоҳад, ки агар аз роҳандозии боғдории интенсивӣ дар мамлакат чанд сол гузашта бошад, натиҷаи чунин дарахтони зудрасу серҳосил чаро то ҳанӯз  мушаххас гуфта намешавад? 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед