logo

иҷтимоиёт

ХИРСИ МАЛЛАИ ТИЁНШОНӢ

Тоҷикистон дорои табиати беназир буда, дар он беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвон вомехӯрад, ки аз ин 800 намудаш  дар дигар кишварҳо ба назар намерасад. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуд ҳайвони нодир дохил шудааст ва бо мақсади ҳифзи онҳо (инчунин, рустаниҳои камёб) 4 мамнӯъгоҳ, 13 ғӯруқ, Парки миллии Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати масоҳат калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Парки таърихӣ - табиии «Ширкент» ва Парки табиии «Сари Хосор» таъсис ёфтаанд, ки 23 дарсади ҳудуди кишварамонро ташкил медиҳанд. 
Дар иртибот ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) таҳти ин рубрика мо тасмим гирифтем, ки ба муштариёни сершумори рӯзнома доир ба ҳайвоноти нодири кишвар маълумоти мухтасар пешниҳод намоем.
Яке аз онҳо хирси маллаи тиёншонӣ мебошад, ки калонтарин ҳайвони дарандаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Вай мӯинаи ҷилодор буда, панҷаҳои қавӣ ва чанголҳои дароз дорад. Андозаи бадани хирси болиғ 150 – 180 см ва вазнаш ба 120 – 170 кг мерасад. Ин ҳайвони нодиру зебои кишвари афсонавиамон дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ, Бадахшон ва, аҳёнан, Помир дар баландиҳои аз 1500 то 4500 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад ва алҳол саршумори он тахминан 550 – 600-торо ташкил медиҳад. 
Ҷангалзори паҳнбарг бо дарахтони чормағз, сафедор, олуча ва арча муҳити зисти писандидаи хирси малла ба ҳисоб меравад. Таркиби ғизояш, асосан, решаи рустаниҳо, мева, ғуҷуммева ва ҳашарот аст. Хояндагони хурд (махсусан суғури сурх)  ва парандагонро низ шикор мекунад. Ин дарандаи калонҷусса ҳамеша кӯшиш мекунад, ки аз чашми инсон дур бошад. 
Охирҳои моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр, пеш аз боридани барф, давоми 4 – 5 моҳ ба хоби зимистона меравад. Қабл аз ин, фаъолона ғизо хӯрда, миқдори зарурии чарбуро дар бадани худ захира мекунад. Паноҳгоҳи зимистонаи хирс дар баландиҳои аз 2000 то 3500 метр аз сатҳи баҳр, дар қитъаҳои дастнорас, ҷангалзори анбӯҳи кӯҳӣ ва нишебиҳои шахдори дорои набототи сираки дарахтиву буттагӣ ҷойгир аст. Бояд гуфт, ки  паноҳгоҳи худро хирс солҳои тӯлонӣ истифода мебарад. 
Узвҳои шомма ва шунавоии хирс хуб инкишоф ёфта бошанд ҳам, аммо босирааш заиф аст. Дорои хотираи қавӣ буда, муҳити зисти худро зуд ба хотир мегирад. Тақрибан, 45 – 50 сол умр мебинад. 
Чарондани чорво, буридани ҷангал, даравидани алафзор ва сайругашти одамон дар муҳити зисти хирс ҳаёти орому осоиштаашро халалдор месозанд. Мутаассифона, баъзан зери таъқиби инсон қарор гирифта, аз ҷониби ғӯруқшиканҳо бераҳмона нобуд мешавад. 
Хирси маллаи тиёншонӣ ҳамчун намуди осебпазир ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудааст. Ин дарандаи ваҳшӣ ҳамчун калонтарин сокини ҷангалзори кӯҳӣ, табиати нотакрори Тоҷикистонро зебоӣ мебахшад. Маҳв гардидани хирси малла ба оқибатҳои ғайричашмдошт оварда мерасонад. Аз ин рӯ, барои афзун намудани саршумори хирси малла зарур аст, ки барои ҳаётгузаронии он шароити муътадил фароҳам оварда шавад ва аз таъқиби шикорчиён ҳифз гардад. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 467
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед