logo

туризм

ПАНҶАКЕНТ. БУНЁДИ ИНФРАСОХТОР АСОСИ ПЕШРАФТ ХОҲАД БУД

Панҷакенти муосир бо табиати зебо, кӯҳҳои Фон, дараи Арчамайдон, Ҳафткӯл, Кӯли Калон ва дигар мавзеъҳо солиёни зиёд байни сайёҳон маъруфият дорад. Он яке аз шаҳрҳои қадима на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ аст, ки таърихаш ба умқи 5500 сол мерасад.  Панҷакент дар водии Зарафшон, соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, макони хуб барои ташкили сайёҳии экологӣ– кӯҳнавардӣ ва таърихӣ – фарҳангӣ маҳсуб меёбад. 
- Дар кӯҳҳои Фон 30 кӯл мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо хусусияту рангу табиати ба худ хос доранд. Ба хотири дидани ин кӯлҳо сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар мекунанд, - мегӯяд Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии «Панҷакент Интур». 
Албатта, боигарии асосии кӯҳҳои Фон маҳз кӯлҳои бузургу хурд, серобу камоб, афсонавӣ ва гумшуда дар тангнойҳои жарф мебошанд. Ба гумон аст, ки чунин макон дар ҷаҳон - дар паҳнои на онқадар бузург байни манзараҳои аҷиби кӯҳӣ, зери кӯҳҳои барфпӯш, ҳавои софу нилгун ҷой гирифтани кӯлҳои рангин, ки обашон аз сабзи беранг то савсании баланди мавҷзананда аст, дар ҷаҳон боз вохӯрад. Инсони муосир дар ҳамин гуна муҳити ороми кӯҳҳо, дур аз ташвиши зиндагии рӯзмарра, майли беандозаи истироҳат дорад. 
Бино ба андешаи коршиносон барои ҷолиб гардондани хизматрасониҳои сайёҳии ин минтақа бояд дар баъзе мавзеъҳои кӯҳӣ роҳҳои каннатӣ сохта шавад. Дар ин сурат, сайёҳон имкон пайдо мекунанд, ки аз баландӣ кӯлҳо ва манзараҳои зебои табиатро мушоҳида намоянд ва ба навор гиранд. Чунин тарзи хизматрасонӣ дар бисёр мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон маъмул аст, хусусан дар Швейтсария, ки табиати монанд ба Тоҷикистон дорад. Инчунин, сохтани меҳмонхонаву ошхонаҳои миллӣ ва марказҳои сайёҳии муосир дар наздикии мавзеъҳои сайёҳии Ҳафткӯл, Кӯликалон, Искандаркӯл барои пешниҳоди лавозимоти зарурӣ ва маълумоти дуруст дар бораи сайёҳии мавзеъҳо, теъдоди сайёҳонро метавонад бамаротиб зиёд гардонад. 
Панҷакент на танҳо бо табиати бою рангин таассуротбахш аст, балки бо ёдгориҳои бостониаш дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад. Дар ин радиф метавон Саразми бостонро ном бурд. Ин нахустин ёдгории бостоншиносии Осиёи Марказӣ аст, ки  соли 2011 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. Саразм маркази қадимтарини кишоварзии Осиёи Миёна маҳсуб меёбад. Бино ба таҳқиқоти бостошиносон Саразм чор давраи чандҳазорсоларо гузарондааст. Дар ин ҷо бештар биноҳои маъмурӣ, оташкадаю ибодатхонаҳои мазҳабӣ сохта шуда, атрофашонро ҳуҷраҳои хонагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота карда, иморатҳо бо кӯчаю тангкӯчаҳои сангфарш ҷудо гардидаанд. 
Панҷакенти қадим – шаҳри садаҳои V-VIII бо бозёфтҳои бешумори санъати меъморию тасвирӣ дар ҷаҳон бо номи «Помпейи хурд» машҳур аст. Ковишҳои бостоншиносӣ нишон додаанд, ки он аз шаҳристон, куҳандиз, деҳаи назди шаҳр ва қабристон иборат буд. Бозёфтҳои зиёд монанди муҷассамаҳои зебои шарқии чӯбин ва сафолин, ашёҳои шишагину оҳанин, маҷмӯаи мисину нуқрагин ба Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ супурда шудаанд. Чанд намунаи асли нигораҳо дар Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳо нигоҳ дошта мешаванд. Нигораҳои зиёди нодири аз Панҷакенти қадим то давраи Истиқлолият дарёфтшуда ба Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург интиқол ёфтаанд. Баргардондани он нигораҳо ва ғанӣ гардондани осорхонаҳои маҳаллӣ сафари сайёҳонро дар ин макон боз ҳам рангину гуворо ва бозори сайёҳии минтақаро рақобатпазиртар хоҳад гардонд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 5751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед