logo

сиёсат

ВАТАН

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба 20 – солагии Созмони ҳамкории Шанхай тасмим гирифтааст хонандагони хешро бо дастовардҳои адабиву фарҳангии кишварҳои узви созмон ошно созад. Нахустин матлаби ин силсила ба эҷодиёти нависандаи номвари рус Владимир Крупин бахшида мешавад. 
В. Крупин соли 1941 таваллуд шуда, чун аксари адибон дар аввал шеър менавишт. Лекин бо нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Донаҳо» (1974), ки ба забони содаву фаҳмо аз тақдири душвори аҳолии деҳ нақл мекунад, машҳур шуд. Қиссаи «Оби ҳаёт» - аш (1980) шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Ин асар дар бисёр кишварҳо тарҷумаву чоп шуд, аз рӯи он филми бадеӣ низ рӯи навор омад. Муаллифи беш аз сӣ китоб аст. 
Владимир КРУПИН (Россия)
Чӣ хел зебост рӯди Лобан! Мисли духтараки наврас раҳ ба раҳ бозӣ мекунаду месарояд. Гоҳ побараҳна рӯи алафҳои сабзу реги сӯзон ва мушхорҳо медавад ва гоҳ дар байни арчазорон пинҳон мешавад. Ё худро тарсида вонамуд мекунаду ба ҷарӣ мезанад. Ва, инак, бозиашро хотима бахшида, ғамхорона решаҳои санавбарро шодоб месозад.
Дербоз дар ин соҳил, рӯи кундае нишастаам. Хапу хомӯш нишаста, аз ҳарорати офтоби бегоҳ ҳаловат мебарам. Аз афташ, мурғону моҳиҳо кундае гумонам мекунанд, ки аз ман ҳаросе надоранд. Дарахтони пири ба рӯд афтода ба маҷрои бомароми он халал мерасонанд, лекин об аз шохаҳои дарахтон гузашта, чунон навои хуше мебарорад, ки мегӯӣ ҳамин замон хобат мебарад. 
Ин дам ба гӯшам мерасад, ки ба танини об садои зангӯлачае меомезад. Говест он, ки аз ақиб расида, бо иштиҳо тамоми алафи атрофро мечарад ва баъд тӯлонӣ об менӯшад. Сипас, сарашро бардошта, беҳаракат меистаду ба он соҳил менигарад. Зангӯлачаи гарданаш сокит мешавад. Албатта, дар давоми рӯз ба дилаш задааст он ва бештар навои рӯдро шунидан мехоҳад. 
Аз ҷангали он сӯи рӯд модагавазне ба соҳил мебарояд. Аз шодӣ карахт мешавам ман. Модаргавазн атрофро аз назар мегузаронад, ба соҳили мо менигарад, ин сӯву он сӯ чашм медавонад. Гавазнбачае тохта назди ӯ меояд. Ман нафас намебарорам. Гавазнбача пистон макидан мехоҳад, лекин модаргавазн роҳаш намедиҳад. Он аз паҳлӯи дигар меояд. Модаргавазн бо паҳлуву фуки хеш бачаашро сӯи об тела медиҳад. Баъди шири модар чандон маъқулаш нест об, аз ин рӯ, норозиёна даҳону бинӣ меафшонад гавазнбача. Бо вуҷуди ин, каме об менӯшад ва дар ҳамин ҳангом аз будани гов пай мебарад. Говро, аз афти кор, хармагас мегазад, ки сар меафшонад ва зангӯлачаи гарданаш садо бароварда, гавазнбачаро метарсонад. Модаргавазн бошад, оромона пойҳояшро аз гил мекашаду дар байни буттаҳо нопадид мешавад.
Офтобшин фаро мерасад. Сабзазори поку мубарро ғарқи нур мегардад, ҷилои об чашм мебарад, насими орому сардакак дилу ҷонро менавозад.
Дар куҷои дунёст рӯде чунин бо номи Лобан? Намегӯям. Он хаёлӣ нест, вуҷуд дорад. Ман дар он оббозӣ кардаам. Дар соҳилаш зистаам.
Майлаш, барои онҳое, ки бадие намехоҳанд ба он рӯд, мегӯям. Вале роҳ то Лобан хеле тӯлонист ва то мерасӣ, ки асоят сӯзан мешавад. Хайр, боке не, бе асо ҳам рафтан мумкин.
Хулоса, қад-қади Волга – модари дарёҳои рус – рӯболо меравию меравӣ, баъд духтардарёҳо – Камаи хашмину муқтадир ва Вяткаи орому меҳрубон сар мешаванд, Киллизи ба Иордан монанд ба Вятка мерезад, Лобан - ба Киллиз.
Қад-қади он, рӯ-рӯи реги заррину гиёҳҳои нуқрагун, аз байни санавбарзору бешаҳои дарахтони сӯзанбарг рӯболо мераведу садои бозии насимро бо дарахтони беду тӯс мешунавед, сипас аз назди кундачае мебароед, ки ман рӯяш нишаста будам ва ба он менишинед. Ҳамааш ҳамин. Дигар ба ягон ҷо рафтан даркор нест ва зарурат ҳам надорад. Нишастану интизор шудан лозим. Ҳамин замон аз он сӯи рӯд модаргавазну гавазнбачаҳо ба соҳил мебароянд. Дар ин соҳил бошад, гови зангӯлача ба гардан хоҳад чарид.
Мурғакони нодире рӯ-рӯи рӯд мепаранду худро дар оинаи он дида, ҳама ташвишашонро фаромӯш мекунанд. Моҳиёни бадрашк оби оромро ба талотум меоранд, ҷастухез мекунанд, ба мурғакон ҳасад мебаранду гашта ба оби соф меғӯтанд.
Ҳама дарду доғ, ҳама аламу мотам, ҳама фикру хаёлҳои нохуш батамом ғайб мезананд дар ин лаҳзаҳо. Фақат ҳаво мемонаду само, абр мемонаду Офтоб, об мемонаду соҳилҳо. Ватан мемонаду паҳнои бекарони он, эҳсоси хушбахтие мемонад, ки ҳаст ин Ватан – чунин зебо, чунин ором, чунин меҳрубон.
Ва дар як гӯшаи он рӯде чунин ҷорист бо номи Лобан.
 
Тарҷумаи Сурайё АҲМАДЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 554
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед