logo

иқтисод

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДУШАНБЕ

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ озмуни шаҳрии гулҳо - «Сайри гули лола» натиҷагирӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид. Озмуни имсолаи шаҳрӣ, ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои эълон шудани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021” доир шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди маҳал ва намояндагони дигар вазорату кумитаҳо иштирок карданд. 
Толиб Раҳимзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, зикр кард, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронда мешавад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».
Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ҷиҳати мукофотондани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи чор номинатсия 88 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Ғолибони ҳамаи номи-натсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» - боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ҷойи 1-ум, ҷойҳои 2-юм боғи Устод Рӯдакӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ ва зинаҳои 3-юм насиби Муассисаи давлатии «Боғи ботаникии Тоҷикистон» ва Боғи Куруши Кабир гардид.
Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» - гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) зинаи аввал, лулгашти хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Шоҳмансур) зинаи дуюм ва гулгашти кӯчаи Карамов (ноҳияи Сино) зинаи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» - кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) мавқеи аввал, кӯчаи Нусратулло Махсум (ноҳияи Сино) ҷойи 2-юм, хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) зинаи сеюмро касб карданд.
«Гулпарвари беҳтарин» - Гулнигор Ғаффорова, муовини директори Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал», дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба Шариф Шеров, муовини директори КВД ТИИ «Сабзкорӣ» дода шуд. Таманно Абдуллозода, корманди Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон» -и ноҳияи Шоҳмансур, сазовори зинаи 3-юм шуд.
Барои ғолиби ҷойи якуми озмун дипломи дараҷаи 1 ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм дипломи дараҷаи 2 ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюм дипломи дараҷаи 3 ва 5 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардида буд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи марти соли 2019 рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳал пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 800
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед