барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
6 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам табрик ва муборакбод менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густаришу таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Вйетнам буда, нисбат ба дурнамои онҳо назари бисёр нек дорад.
Умедворам, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамкориҳои байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Дар ин самт мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Вйетнамро идома дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифодаи самарабахш қарор диҳем.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Вйетнам ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.04.2021 №: 69 Мутолиа карданд: 3632