logo

иқтисод

АГЕНТИИ ОМОР. ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ «НАВКУНИИ НИЗОМИ ОМОРИ МИЛЛӢ»

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нави грантии «Навкунии низоми омори миллӣ»-ро таҳия карда истодаанд, ки дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ қарор дорад. Масъалаи омӯзиши таҳия ва татбиқи лоиҳа дар мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён - ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои дахлдор, субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, воҳидҳои оморӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон тариқи маҷозӣ сурат гирифт.
 
Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омор, иброз дошт, ки таҳияи лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, ба дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 асос ёфта, мақсади он ноил гаштан ба ҳадафҳои зерин мебошад: модернизатсияи методологияи омории истеҳсоли иттилооти мукаммал ва баландсифат, ки дар асоси он ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Инчунин, ба даст овардани маълумоти боэътимод ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, вазъи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи асосӣ ва мониторинги вазъи макроиқтисодӣ ва камбизоатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Татбиқи чунин лоиҳа дар кишвари мо  бори аввал нест. Қаблан низ агентӣ якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ якчанд лоиҳаҳои грантиро бомуваффақият анҷом дод, аз ҷумла лоиҳаи "Мустаҳкамкунии низоми миллии омор” (2006-2011), лоиҳаи "Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор (2015 -2018)” ва амсоли инҳо. 
Дар доираи амалишавии лоиҳаҳо, пеш аз ҳама, низоми оморӣ бо методологияи байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуда, сохтор ва сифати иттилоот нав карда шуд. Тақрибан 35 ҳисобот тариқи электронӣ қабул ва пешниҳод мешавад. 5 тадқиқоти намунавӣ оид ба қувваи корӣ, истифодаи об, истифодаи намудҳои гуногуни энергия, тадқиқоти корхонаҳои хурд ва буҷаи вақт гузаронда шуд. Инфрасохтори сохторҳои оморӣ, вазорату идораҳои дахлдор аз ҷиҳати технологияи иттилоотӣ тақвият дода шуданд. 
Ҳоло дар доираи лоиҳаи “Навкунии низоми омори миллӣ” ду ҳуҷҷати марбут ба ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ва уҳдадориҳои экологӣ ва иҷтимоӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ба ҳамаи ҷонибҳо фиристода шуданд. Махсусан, дар бораи уҳдадориҳои экологӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба бартарафсозии партовҳои электронӣ дода мешавад, ки суръати баланди такмилёбӣ, тез-тез иваз кардани техникаҳои коргоҳ, гузариш ба технологияи рақамӣ ва телевизору мониторҳои борику ҳамвор боиси афзоиш шудааст. Масалан, як батареяи телефони мобилӣ ҳангоми ба муҳит афтодан 400 литр об ва 20 метри мураббаъ масоҳати заминро заҳролуд менамояд. 
Аз ин рӯ, барои ҳифзи табиат ва солимии аҳолӣ бо назардошти ҳисоби дурусти истифода ва коркарди партовҳои электрикӣ татбиқи чунин лоиҳа дар назар аст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба кори худ оғоз менамояд. 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед