logo

фарҳанг

ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД…

Имсол дар радифи баргузории Ҷашни бузургу таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ ва давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравию Тоҷикистон, академик Мирзо Турсунзодаро низ ботантана таҷлил менамоянд. 
Мирзо Турсунзода замоне ба дунё чашм кушода буд, ки ба таъбири падараш он сол “заминҷунбии сахт рӯй дод ва аз дунболи он дар тамоми водии Ҳисор шӯришҳои халқӣ ба амал омад”. ”Ҳангоми заминҷунбӣ оилаи аввалини падарам нобуд гардид. Пас аз як соли ин воқеа ӯ дубора зан гирифт ва дар ҳамин хонадон ман таваллуд ёфтам. Маро Мирзо ном гузоштанд. Ин ном маънии рамзӣ дошта, аксаран ба умеди соҳиби илму дониш шудан ба фарзандон дода мешуд. Зоҳиран падарам бисёр мехост, ки ман ҳам босавод шавам”.
Падари Мирзо дуредгар ва модараш чевар буданд, яке дар рӯи чӯб ва дигаре дар рӯи матоъ нақшҳои зебо мекашиданду ҳунари хешро дарҷ мекарданд, тибқи завқи хеш нақш офарида, ҳунарҳои халқиро идома ва такмил мебахшиданд. Маҳз ҳамин кӯшиши аз худ чизе офаридан, мувофиқи пиндошту хоҳиши қалби хеш мустақилона ва эҷодкорона амал кардану зебоӣ эҷод намудан барои Мирзои ҷавон аз падару модар ба мерос монд.
Бар замми ин, дар деҳаи ӯ ҳама ҳунарманд будаанд, ҳунармандони халқӣ - Аҳмади оҳангар, Карими бофанда, Мақсуди дуредгар, Алии кулол, Ҳасани аробакаш... Нони ин мардум аз ҳисоби меҳнати ҳалолашон, аз ҳунарашон буд ва саодату сафо, ободию осоиши рӯзгорон ҳосили меҳнати онон аст. Мирзо Турсунзода дар ҳамин муҳити ҳунармандони халқӣ ва дар кишвари шоирхезу афсонавӣ, дар диёре, ки ҳама мардумонаш аз қадим ба шеър иртибот доштанд, парвариш ёфт.
Зимнан ӯ навиштааст: "Вақтҳои бачагӣ ҳар шомгоҳ ҳамроҳи падарам дар болои суфаи таги дарахти чормағз рӯи ҷогаҳ дароз кашида ба ҳайрат ва масаррат ба ситорагони фирӯзаранги осмони лоҷувардӣ чашм медӯхтам.
- Ин чист? - пурсидам боре аз падарам ба анбӯҳи ситораҳои рахшон ишора намуда.
- Кӯчаи Каҳкашон, ҷавоб дод ӯ.
Кӯчаи Каҳкашон. Аҷабо. Кӯчае, ки ба он каҳ мекашонанд?
Ба тасаввури мардум ин анбӯҳи ситорагони дури осмон ба мисли каҳи рехтаи роҳ вонамуд гардидааст. Ман аз овони кӯдакӣ дар иҳотаи чунин образҳои шоирона ба воя мерасидам. Падарам савод надошт, вале шеъри бисёреро азёд медонист ва ҳар гоҳ барои ман мехонд. Аз ҳамон вақтҳо дар дилам нисбат ба шеър меҳру муҳаббат пайдо шуд".
Оре, агар Мирзо Турсунзода дар чунин муҳит, дар оилаи волидайни ҳунарманд, ки завқи саршори шоиронае доштанд, тавлид намешуд ва, агар қатраҳои ашки сарди падараш “мисли борони найсон ба рӯю гарданаш” намерехт, зиддияти ду ҷаҳон - ҷаҳони истибдод, хорию зории ятимӣ ва ҷаҳони озоду хушу хуррами сотсиалистиро намедид, шояд шоир намешуд ва ин ду ҷаҳонро шоирона “Хазон ва баҳор” (соли 1937) наменомид ва хазони умри одамизодро бо диди шоирона ибтидои фаро расидани фасли баҳори зиндагии навини вай таъбир намекард”, - гуфтааст, мунаққид Юсуф Акбаров.
Ифтихору шарафи бузурге ба насли Мирзо Турсунзода насиб гардида буд, ки он дар ҳама корҳои бунёди ҷомеаи навин аввалқадам будан аст. Аввалин нашъаи ин ҷомеаро маҳз онҳо чашиданд. Муаллимони онҳо аз нахустин хонандагону муаллимони мактаби нав, аз аввалин зиёиён ва нахустин духтуру муҳандисони ҷомеаи сотсиалистӣ маҳсуб меёфтанд.
Мирзо Турсунзода ва ҳамсолони ӯ, ки онҳоро дар адабиёт адибони “насли комсомол” меномиданд, ба майдони адабиёт мисли адибони ҷавони имрӯза на аз мактабу донишкадаҳо, балки аз мактаби зиндагӣ омада буданд. Чун он солҳо теъдоди мардуми саводнок кам буд, онҳо аслан ҳамакора - ҳам роҳбари ҳизбӣ, ҳам омӯзгор, ҳам мухбиру ҳам муҳаррир, ҳам ҳуруфчину ҳам мудир, ҳам адиб ва ҳам драматургу ҳам мунаққиди хуб буданд. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, пайваста заҳмат мекашиданд.
Устод Мирзо Турсунзода низ ҳамеша дар ҷӯши рӯзгор ҳамроҳи халқи азизи худ буд. Мавзӯи эҷодиёташ на бофтаи тахайюлӣ, балки аз раванди зиндагӣ ва худаш манша мегирифт. Воқеан ҳам, мавсуф як умр ба ҳайси сарбози сурх мунтазам дар ҳимояи меҳани азизаш буд ва қаламро ба силоҳи бурро алайҳи душманону бадхоҳони инқилоб табдил дода, ба таври ҳамешагӣ дар сафи пеши мубориза қарор дошт. Озодӣ, адолат ва садоқат ба Ватан мавзӯи марказии эҷодиёти ин шоири шаҳири тоҷикро фарогир буд. Бар замми ин, дар эҷодиёти шоир масоили қисмати таърихии инсон, алалхусус бонувон низ ҷойи намоёнро ишғол мекард. 
Бояд зикр намуд, ки бори нахуст дар эҷодиёти шоир Мирзо Турсунзода шукӯҳу ҷалол ва ҳусни латофату назокат, эҳсосоти баланду ҳиссиётомезию шӯрангезии шеъри тоҷикӣ ба ин тартиб зебою хушоҳанг ва дилнавоз ба қалам дода шуда, ин шӯрангезию ҳаяҷонбахшоӣ ва дилнавозӣ яке аз муҳимтарин хусусияти шеъри шоири шӯридадил Мирзо Турсунзода гардиданд. Инчунин, аксари достонҳои бузурги шоир барои рушду нумӯи шеъри нав бо сабку услуби ҷадид ва дилписанд дар адабиёти тоҷик хеле мусоидат кардаанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки устод Мирзо Турсунзода шахси бисёр ҳам масъулиятшинос ва нисбат ба асарҳояш серталаб буд. Ҳар асари тозаэҷодашро гаштаю баргашта таҳриру такмил менамуд, кам менавишт аммо хубу марғуб менавишт. Ӯ ҳаргиз аз паси миқдору ҳаҷм ва дамонидани осори безаволаш кӯшиш ба харҷ намедод. Ҳарчи аз қалбаш бармеомад онро ба хонандагони мушфиқу ташнаи ашъораш тақдим менамуд. Мавсуф ҳам тавассути асарҳои барҷаставу мондагори худ ва ҳам ба воситаи фаъолияти бисёрсоҳаи ҷамъиятиаш бо мақсади нек ва дӯстии халқҳо мубориза мебурд. 
Шоири ширинкалому зиндаёд, мунодии сулҳу ваҳдат ва якдилии халқҳо аз адибони маъруфи даврони шӯравист, ки ба сиёсати замони худ гароиш дошт. Мавсуф ҳамчун шоир дар ҳаводиси давр ширкат варзида, дар муборизаҳои сиёсӣ аз манофеи миллӣ ҳимоят намуда, дар як марҳалаи хело ҳам сарнавиштсозу басо ҳассоси таърихӣ ва барои халқи тоҷик муҳим ҷиҳати рушду нумӯи фарҳангу адабиёти пурғановати он нақши бориз гузоштааст.
Устод Турсунзода тибқи фармудаҳои хирадмандонаи алломаи замон, устод Садриддин Айнӣ баҳри боз ҳам устувору пойдор нигоҳ доштани пояҳои адабиёти муосири тоҷик, инчунин, тарбияву ба камол расондани қувваҳои нави эҷодӣ ва ҳифзи сарватҳои маънавии миллат ва дастраси умум гардондани онҳо, ташкил ва баргузории даҳаву рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар ҷумҳуриҳои бародарӣ кӯшиши зиёде намудааст. Аз устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ маслиҳату машварат хоста, тавассути мукотиба ва нишасту суҳбатҳо мудом ҳамдигарро дастгирӣ менамуданд. Аз ин ҷост, ки соҳаи фаъолияти доманфароху файёзи ӯ дар самти равобити адабӣ ва эҷодӣ бо ҳуруфи заррин сабт шудааст. Аз ҷумла, нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик, ки аз 12 то 20 апрели соли 1941 дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, дар он шахсан устод Садриддин Айнӣ иштирок намуданд. Бори дуюм аз 21 сентябр то 5 октябри соли 1949 ва бори сеюм аз 9 то 20 апрели соли 1957 Даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар шаҳри Москва доир шуда буданд, ки масъулияти баргузории онҳо ба зиммаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устоди ширинкалом ва чеҳраи маъруфи фарҳангиву адабии халқи тоҷик Мирзо Турсунзода вогузор гардида буд. Бо ибтикори устод бори аввал дар замони шӯравӣ соли 1967 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Симпозиуми ҷаҳонии шеъри форсӣ барпо гардид. 
Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маъруф, балки ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамолики Осиё ва Африқо дар кишварҳои мутамаддин давоми ду даҳсола баҳри таҳкими пайванди дӯстӣ ва густариши равобити адабиву фарҳангии ин ду қитъаи олам хидматҳои шоистаро ба анҷом расонда. 
 
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, журналист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 491
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед