logo

маориф

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ. 4 ПЕШНИҲОДИ 1 ИШТИРОКЧӢ”

 
Бо ин ном матлаби Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2 январи соли 2021)  ба табъ расид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллифи сатрҳо барои пешниҳодҳои созанда ва ибрози андеша изҳори сипоос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки пешниҳодоти мазкур дар рафти таҳияи Низомномаи озмун дар таҳрири нав ба эътибор гирифта мешавад. 
Вобаста ба пешниҳоди 4-уми муаллиф, ки дар сатҳи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил намудани озмуни дигаре бо номи “Истеъдодҳои нодир ва фавқулода” мебошад, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки, аллакай, аз 26 ноябри соли 2020 бо Қарори Ҳукумати кишвар таҳти № 621 барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд ҳамасола барои дарёфти ин ҷоиза миёни довталабон озмун баргузор мегардад. Ҷоизаи мазкур дорои 20 000 сомонӣ маблағ буда, барои дастгирии навоварон, олимону ихтироъкорони соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нигаронда шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои илмӣ - инноватсионӣ ва ихтирооти онҳо кумаки арзандае хоҳад буд.
Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2011 “Навовари беҳтарин” таъсис дода шудааст, ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Мақсад аз ташкил ва гузарондани озмуни мазкур дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имконият фароҳам меорад, ки бо роҳи ҳавасмандкунонии олимони ҷавон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа шумораи бештари ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмию инноватсионӣ ҷалб карда шаванд, сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ беҳтар гардад. Дар озмун кормандони илмию омӯзгорӣ, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф, ки синни то 35 - сола доранд ва муаллифони ихтироот, навоварӣ ва фаъолияти дигари инноватсионӣ буда, барои амалӣ кардани онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муаллифӣ доранд ё намунаи навоварию ихтироотро намоиш додаанд, иштирок карда метавонанд. 
Албатта, бояд иқрор шуд, ки озмуни “Навовари беҳтарин” ба андозаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” равнақ наёфтааст ва умед аст, ки бо эълон гардидани озмуни нав аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зери унвони “Илм - фурӯғи маърифат” пешниҳоди 4-уми муаллиф низ дар амал пиёда ва истеъдодҳои нав муаррифӣ мегарданд. 
Ҳамчунин, ташаббусҳои ахири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм маҳз барои рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаҳо дар кишвар мебошад, ки ташкилу таъсиси озмунҳои болозикр аз ҷумлаи ин тадбирҳост.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 5198
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед