logo

маориф

ВМКБ. ДАР ОЗМУНҲО ТЕЪДОДИ КАМИ ДОВТАЛАБОН ИШТИРОК НАМУДАНД. ЧАРО?

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани маънавиёти мардум, 2 соли охир дар кишвар озмунҳои "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" ва "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардида истодаанд, ки дар онҳо намояндагони тамоми минтақаҳои  мамлакат  иштирок мекунанд. Соли 2020 дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон 1285 нафар иштирок намуд. Озмун дар 4 марҳила идома ёфта, 9 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Дар сатҳи ҷумҳурӣ хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 - и ноҳияи Шуғнон Шоҳина Мабатқадамова аз рӯи номинатсияи адабиёти бачагона ба ҷойи аввал, хонандаи синфи 11-и литсейи Оғохон Шарифамо Одинамамадова аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ба ҷойи сеюм, 7 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Дар ин бора Назира  Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ, дар машварати  васеи  назди  раиси  вилоят иттилоъ дод.
- Тибқи талаботи  Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" табақаҳои гуногуни ҷомеа новобаста аз синну сол бояд иштироки фаъолона медоштанд. Мутаассифона, дар ин самт фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуд,- изҳори нигаронӣ кард Назира Амирбекзода ва афзуд,- дар ин росто танҳо заҳмату талоши кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасид. Ин буд, ки  фақат хонандагон дар даврҳои гуногуни озмун сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Соли сипаригардида аз байни 100 иштирокдори даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" 35 нафар дар ҳайати се дастаи ҳунарӣ дар шаҳри Душанбе маҳорати худро нишон дод. Шогирдони мактаби санъати ноҳияи Рӯшон аз рӯи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ сазовори ҷои сеюм, ҳунармандони ноҳияи Ишкошим аз рӯи номинатсияи навозандагии эстрадӣ соҳиби ҷои панҷум шуданд, намояндагони ноҳияи Мурғоб дар номинатсияи анъанавӣ мақоми ифтихорӣ ва дигар иштирокдорон бо Дипломи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гаштанд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ҳам танҳо саҳми кормандони шуъбаи фарҳанги вилоят ва зерсохторҳои он назаррас буд. Дар ҳар ду озмун дар ҳамаи даврҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 3 ҳазору 133 довталаб иштирок кард, ки ин қонеъкунанда нест. Муовини  раиси вилоят аз сифати пасти баргузории озмунҳо ва дар зимн иҷрои нокифояи талаботи низомномаи онҳо  изҳори нигаронӣ кард.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят, дар робита ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" зикр кард, ки на ҳамаи мо дар оғоз ба муҳтаво ва шаҳомати ин чорабинӣ сарфаҳм рафтем. Бо вуҷуди ташвишҳои зиёд, Пешвои миллат, Президенти  кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон тамоми рафти чорабиниро тамошо карданд ва нисбат ба баҳогузории ҳайати ҳакамон эрод ҳам гирифтанд. Мутаассифона, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷараёни баргузории озмун фаъолона ширкат наварзиданд ва ҳатто, ба он ба таври кофӣ таваҷҷуҳ ҳам надоданд ва дар даври ҷумҳуриявии он танҳо нуҳ довталаб вилоятро  намояндагӣ кард, ки онҳо ҳам хонандагон буданд. Ҳол он ки озмун барои доираи васеи ҷомеа роҳандозӣ шудааст. Устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Хоруғ низ фаъол набуданд. Зимни баргузории даврҳои озмун хонандагон танҳо аз осори шоирону адибоне, ки аз рӯи барномаҳои  таълимӣ омӯхта мешаванд, баромад намуданд, вақте ки ба онҳо аз ашъори шоирони муосир, бахусус зодагони вилоят савол доданд, ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд. Минбаъд ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи ширкаткунандагон, ҷалби оммаи васеи ҷомеа ба озмунҳо, дарёфти сарчашмаҳои ҳавасмандгардонии ғолибон тадбирҳои судманд рӯи даст гирифта шаванд. Ҳамчунин, Ёдгор Файзов аз баргузории озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” натиҷагирӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати беҳтар кардани фаъолият дар ин самт дастурҳои мушаххас дод.
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2021    №: 70    Мутолиа карданд: 5278
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед