logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. МУСОБИҚАҲОИ МАҲОРАТИ ВАРЗИШӢ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОНРО КАМОЛ МЕДИҲАД

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Консепсияи миллии тарбия ва  омода намудани кадрҳо дар соҳаи таъмини амният, ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар қисми низомии N-и раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор гардид.
 
Дар он намояндагони коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, коллеҷи техникӣ - оташнишонии ВКД, коллеҷи техникӣ - технологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз рӯйи ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников, ҳаво додани норинҷак, гӯштини миллӣ, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ, қату рост кардани дастон ва эстафетаи даставӣ сабқат варзиданд. 
Бояд гуфт, ки дар мусобиқа муҳассилини Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»  Алиаҳмадов Қурбон дар намуди давидан ба масофаи 100 метр ҷойи аввал, Алидодов Наҷмиддин дар намуди ҳаво додани норинҷак ҷои дуюм, Муҳаммадисои О. дар намуди ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников ҷойи сеюм, Наҷибуллои Исмоил дар намуди қату рост кардани дастон ҷойи аввал, Сафаров Зикрулло дар намуди гӯштини миллӣ ҷойи аввал ва Ҳ. Ризоев, М. Давлатов, К. Фозилзода дар эстафета ҷои дуюмро ба даст оварда, бо диплому ифтихорномаҳо ва ҷому медалҳои Вазорати маориф ва илм қадр гардиданд.
 
М.Ҷ. ХОНҶОНОВ, сардори кафедраи  ТТМ ва ОҶ,
Б.М. ИБРАГИМОВ, муаллими кафедраи фанҳои дақиқ ва техникӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2021    №: 70    Мутолиа карданд: 461
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед