иҷтимоиёт
БӮСТОН. БОЗ СЕ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ
Бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маркази савдо ва хизматрасонии «Тоҷикистон», бинои истиқоматии панҷошёна ва коргоҳи пойафзордӯзии ҶДММ «Собир Сабуров» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин бора Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки ҳар се иншоот дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфт.
Раиси вилоят нахуст маркази савдо ва хизматрасонии «Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ кард. Лоиҳаи иншоотро мутахассисони КВД «Лоиҳакаш» омода кардаанд ва фармоишгари он соҳибкор Фирӯз Ҳоҷиев мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ равона шуда, ба иттилои масъулон, дар он аз 10 то 15 кас соҳиби кор мегардад.
Дар маркази савдо, ҳамзамон, маросими хатнасури 7 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд гузаронда шуда, ба хурдсолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт.
Фармоишгари бинои истиқоматии панҷошёна ҶДММ «Разис» мебошад. Бино дорои 53 ҳуҷра буда, дар вурудгоҳи он маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла дорухона, ташкил мешавад. Бино бо харҷи 3 миллион сомонӣ қомат афрохт.
Дар коргоҳи ҶДММ «Собир Сабуров» барои мардону занон пойафзорҳои тобистона омода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ нигаронда шудааст.
Зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ раиси вилоят иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ густариш ёфта, саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави кор назаррас аст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2021 №: 71 Мутолиа карданд: 690