иҷтимоиёт
ҚАНОТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. БУЗУРГОН ДАР СИТОИШИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Шеъри Мирзо Турсунзода - шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард.
Эмомалӣ РАҲМОН
***
Ходими фаъоли давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шоири мутафаккир Мирзо Турсунзода дар кори ба ҳам наздикшавии кишварҳои Осиё ва Африқо, дар муборизаи онҳо барои пешравӣ ба муқобили мустамликадорӣ саҳми бузург гузоштааст.
Сергей МИХАЛКОВ
***
Ашъори ӯ аз ҳудуди кишвараш ҷаҳида, дар тамоми шӯравӣ ва берун аз он шуҳрат пайдо намудааст. Ба ақидаи ман, Мирзо Турсунзода намояндаи хуби назми халқҳои қитъаи бузурги Осиёст.
Ӯ устоди барӯманд ва серталаби қобилиятҳои наве буд. Халқи шӯравӣ дар шахси ӯ намунаи олии хизмат ба назм, садоқат ба ҳизб ва образи коммунисти матиниродаро дидааст.
Николай ТИХОНОВ
***
Вақте ки сухан дар бораи қалами нависанда меравад, ман боварии комил дорам, ки тамоми чакидаҳои килки гавҳарбори Мирзо Турсунзода ба тамоми хазинаи маданияти халқҳои мамлакатамон абадӣ дохил мегардад.
Ашъори хушобуранги шоири заковатманд ва соҳибдил, ки он ба тамоми мамлакати мо нигаронда ва бахшида шудааст, аз доираи ҷумҳурӣ ва давлати шӯравии мо баромада, ба ҷойҳои дур парвоз кардааст.
Шароф РАШИДОВ
***
Оқои Мирзо Турсунзода, ки ҳарчанд номаш монанди номи ман нишоне аз бегонагӣ дорад, нажод ва забонаш бо эрониён ягона аст. Суханвари арҷманд аст, дар кишвари худ бисёр азиз ва муҳтарам аст ва назди мо низ чунин аст.
Парвиз Нотили ХОНЛАРӢ
***
Ман мехоҳам дар бораи Иттиҳоди Шӯравӣ чунин достоне нависам, ки мисли достони нависандаи тоҷик Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндустон бошад.
Мулк Раҷ АНАНД
***
Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт. Ӯ бо забони классикии форсӣ, яъне тоҷикӣ сухан мегуфт ва менавишт, ки вай забони шеъру ғазал буд.
Файз АҲМАДИ ФАЙЗ
***
Шоирони зиёде ба хориҷа мусофират кардаанд ва аз он ҷо бо худ суруди халқҳои дигарро овардаанд. Аммо «Қиссаи Ҳиндустон» - и Мирзо Турсунзода бо шеърияти баланди худ ва эҳсосоти самимие, ки аз ғами мардуми ҷабрдидаи Ҳинд ва фахри кишвари хеш сар задааст, ҳусни таваҷҷуҳи умумро ба худ кашид.
Расул ҒАМЗАТОВ
***
Ба хотири шоири бузург, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам.
Чингиз АЙТМАТОВ
***
Мирзо Турсунзода бузургтарин шоир ва машҳуртарин тоҷик аст.
Қайсин ҚУЛИЕВ
***
Вақте ки «Қиссаи Ҳиндустон» - и Мирзо Турсунзодаро мехонем, дар бораи халқе, ки ҳамин тавр адабиётро ба вуҷуд овардааст, бо миннатдории бузург сухан меронем.
Леонид ЛЕОНОВ
***
Ман дар умри худ мисли ӯ донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классикии Шарқ ва албатта, форсию тоҷикиро басо кам дидаам. Мирзо басо равон ва зебо шеър мехонд.
Набзи дили шоир аз ояндаи инсоният ва тамоми тамаддуни мо мужда медод. Мирзо Турсунзода яке аз машҳуртарин ва боистеъдодтарин эҷодкорони адабиёти сермиллати шӯравист.
Турсунзода халқи тоҷикро бо муҳаббати махсус дӯст медошт, ба адабиёти тоҷик ва Тоҷикистон дилбохтагии ғайриодие дошт. Ин муҳаббати ӯ ба Ватан чун муҳаббати писари вафодор ва олиҳиммат ба модар буд.
Мирзо ИБРОҲИМОВ
***
Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занем, ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар хусуси як давраи томи адабиёти шӯравӣ сухан меронем, ки ӯ симои бузурги он буд. Вай бо шеъри худ дили оламу оламиёнро тасхир кард.
Набӣ ҲАЗРӢ
***
Овози шунавои ӯ ҳамчун мунодии ҳақиқат ва гуманизм дар бисёр маҷлисгоҳҳо ва толорҳои калони мамлакатҳои ҷаҳон баланд садо дод, ки ин овозро маллоҳони Миср, барзгарони Ҳиндустон, киштисозони Марсел ва моҳидорони Адан шунидаанд. Онҳо ӯро медонистанд, асарҳояшро мехонданду дӯсташ медоштанд. Чунин одамон монанди устод Мирзо Турсунзода ҳеҷ гоҳ намемиранд. Онҳо монанди абадият ҳамеша ҳамроҳи моанд.
Ташлӣ ҚУРБОНОВ
***
Мирзо Турсунзода шоири ҳақиқатан замонавист. Чунин мартабаи сазовори шоирӣ ва минбари баланд ба Мирзо тавассути назми бузурги Шарқ ва истеъдоди модарзоди ӯ муяссар шуд.
Петрус БРОВКА
***
Эҷодиёти ӯ ва фаъолияти пайваставу дар ҷӯшу хурӯши ӯро кайҳост, ки дар ҳамаи ҷумҳуриҳо, аз ҷумла миллионҳо хонандагони Украинаи мо, эътироф кардаанд. Шоири интернатсионалист барои ҳамаи мо азиз ва муҳтарам мебошад.
Олес ГОНЧАР
***
Мирзо қаноти миллати тоҷик ва ҳам қаноти ман аст. Касе ҷаҳонро саросар тай накардааст, аммо шахсони бузург бо обрӯю эътибор ва осори безаволи худ ҷаҳонро тай кардаанд. Дӯсти ман Мирзо аз ҳамин хел одамон аст.
Бердӣ КАРБОБОЕВ
***
Ҳар миллате, ки чун Мирзо Турсунзода фарзанд дорад, миллати саодатманд аст.
АХВЛЕДИАНИ
***
Шахсиятҳои барҷастае монанди Мирзо Турсунзода ба туфайли сеҳри истеъдод ва кору амали басо муқтадири умумиинсонӣ пайвас-танд, ки ҳеҷ гусастан надорад.
Александр ДЗАСОХОВ
***
Ман сухани худро аз тасвири симои шоире сар мекунам, ки ӯ дар достони боло ва волои худ ситораи тобони назми навини зодгоҳаш – Тоҷикистонро баланд бардоштааст. Дар назари ман Мирзо - шоире, ки шеър ва номи вай тайи солҳо намоишгари барозандаи бахше аз пешравиҳо ва комёбиҳои умумии моддӣ ва маънавии мо гашта, ба ҳамин симо ва сурат нақш бастааст. Оре, ин сарнавишт ва ҷойгоҳи баландпоя насиби шоире шуд, ки ӯ вассофи баҳор ва сулҳи ҷаҳон буд.
Нахустин бор овозаи шоирии Турсунзода ҳамчун тобиши барқ аз уфуқи дур ба ман расида буд, сипас ба назми ӯ даст ёфтам. Чунин менамуд, ки гӯё шоир на аз водии Ҳисор, ки зодгоҳи ӯст, бевосита ба сӯйи мо омадааст, балки аввал аз сарзамини чандҳазорсолаи гузаштаи Шарқи куҳанро паймуда, пас аз тайи қуллаҳои баланди Ҳимолой ба Ғарб рӯй овардааст. Ин шоир, ки дар дили худ шодӣ ва хурсандии тоҷикон ва ғаму андуҳи ҳиндувонро ҷой дода, тавонист то ба сарҳади афкор ва орзуҳои миллатҳои Шарқ манзил роҳ паймояд.
Мустай КАРИМ
***
Ашъори Мирзо Турсунзода аз ошёни худ – сарзамини тоҷикон болу пар кушода, бо муаллифи худ – шоири ҷаҳонгашта, мунодии сулҳу озодӣ ва бахту саодат сайри олам мекунад.
Муҳаммад ОСИМӢ
***
Ҷозибаи мулоқот ва ҳамсуҳбатӣ бо Мирзо Турсунзода дар он аст, ки суҳбати ӯ гарм, пандомӯз ва маърифатбахш мебошад. Дар суханронии ботамкини ӯ силсилаи нуктаҳои муҳими таърих ва зиндагӣ, меҳнат ва мубориза, санъату адабиёт, халқ, имрӯзу фардоро мешунавед, аз вусъати доираи ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии мусоҳиби худ воқиф мегардед, маърифат мегиред, завқ мебаред. Ҳис мекунед, ки дар ҳақиқат як нафас бо инсони комил ва марди хирадманд мусоҳиб мебошед.
Носирҷон МАЪСУМӢ
***
Мирзо Турсунзода чун инсони комил, адиби забардаст, фарзанди нангбардор, сарпарасти миллату адабиёти тоҷик, ҳомии сулҳ, сарояндаи дӯстии халқҳо, мураббии ғамхори адибони ҷавон, ангуштнамо буд, ангушт-намо мемонад.
Боқӣ РАҲИМЗОДА
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2021 №: 72 - 73 Мутолиа карданд: 507