logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ «СОҲИБКОРИ БЕҲТАРИН ДАР СОЛИ 2020» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбе бо баргузории як ҳамоиши тантанавӣ аз озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» натиҷагирӣ шуд ва беҳтарин соҳибкорон, ки дар рушди соҳа ва ғанӣ гардондани буҷети пойтахти мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, қадр гардиданд.
Маросими ҷамъбасти озмун ва қадрдонии ғолибон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» - и пойтахт бо ширкати доираҳои соҳибкорӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Чорабиниро муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода оғоз бахшида, ба соҳибкороне, ки дар пешрафти шаҳри Душанбе, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардондани буҷети шаҳр саҳми назаррас мегузоранд, арзи сипоси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо расонд.
Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» аз рӯйи 18 номинатсия доир гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе» бо Ҷоми фахрии ғолиб, дигар довталабон ва иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамин тариқ, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» ғолиби мутлақи озмун ва пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф гардида, ба дарёфти Ҷоми фахрии ғолиб мушаррафт гашт.
Дар идома дигар ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ҳам, дар фазои тантанавӣ диплому сипоснома ва туҳфаҳои омодакардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, ҶСП «Комбинати шири Душанбе» аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ», ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» - корхонаи истеҳсолии Сиёма «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», ҶДММ «Ноқили Талко» «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат», ҶСК «Авитсена» «Сохтмон, тармим ва таъмир», ҶСП «Заводи асфалту бетон» «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», ҶСК «Селтехпроект» «Меъморӣ ва дизайн», ҶДММ «Асрори санг» «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ», ҶДММ «Мерве» «Хӯроки умум», ҶДММ «Реал-рейдинг» «Савдо», ҶДММ «Ред Лайн» «Хизмати маишӣ», ҶДММ «Фавз» «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология», ҶДММ «Тиб барои Шумо» «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», ҶДММ «Маркази тиббии Шифо» «Хизматрасонии тиббӣ», ҶДММ «Интер-Фитнес» «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон»   «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ», ҶДММ «Кашфиёт таҳлил, машварат» «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама», ҶДММ «ТТ Мобайл» «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ», ҶДММ Ширкати телевизион ва радиоии «Азия Плюс» аз рӯйи номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» ғолиб дониста шуда, бо ҷоми ғолиб ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Дар ҷамъомад, ҳамзамон, ба соҳибкорон ва кормандоне, ки барои ташкили чорабинӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ғолибон ва иштирокчиёни озмунро барои соҳиб гардидан бо диплому ҷоиза ва сипосномаҳо сидқан шодбош гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки қадрдонӣ шуданашон аз тарафи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ онҳоро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ боз ҳам ҳавасманд менамояд. 
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2021    №: 74    Мутолиа карданд: 552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед