logo

фарҳанг

ФОЛКЛОР ВА ДРАМАТУРГИЯ. ДУ БОЛИ ПАРВОЗИ ЭҶОДИЁТИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Фолклорро модари адабиёт гуфтаанд, эҷодкорони бузург ҳамеша дар осори худ аз эҷодиёти шифоҳии мардум истифода менамоянд. Шоир ва арбоби шинохтаи назму адабиёти тоҷик, устод Мирзо Турсунзода низ дар осори хеш аз эҷодиёти шифоҳии мардум ба таври фаровон кор гирифта, равониву таъсирбахшии асарҳои хешро таъмин намудааст.
 
Адиби маъруфи рус Максим Горкий дар ин маврид навиштааст: «Санг, ҳатто агар он мармар ҳам бошад, масолеҳи дурушт аст. Аммо юнониҳои қадим аз он чунон муҷассамаҳои ҳайратовар офаридаанд, ки то ҳол аз ҷиҳати зебоӣ ва қувваи ҷозибаи худ намунаи олии санъати ҳайкалтарошианд. «Эдда», «Суруд дар васфи Нибелунгҳо», «Калевала», «Суруд дар васфи Роланд» ва, умуман, тамоми эпос дар заминаи масолеҳи дурушт сохта шуд». Устод Мирзо Турсунзода низ аз ҳамин масолеҳи «дурушт» оқилона истифода бурда, асарҳои баланди санъат офаридааст.
Шӯриши мардуми камбағали Ховалинг, ки соли 1888 ба амал омада буд, дар хотири халқи тоҷик абадан боқӣ мемонад. Сарвари ин шӯриш марди далеру шуҷоъ Восеъ буд, ки халқро ба муқобили беки золими Балҷувон хезонда, пояҳои аморати Бухороро ба ларза овард. Шӯриш шикаст хӯрд ва Восеъ ба қатл расонда шуд, аммо халқ Восеъро аз таҳти дил дӯст дошт, дар васфи ӯ суруду рубоиҳо, шеъру достонҳо гуфт ва кору номи ӯ абадзинда гардид. Мавзӯи мазкур диққати шоирони тоҷик Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотиро низ ба худ кашид ва онҳо соли 1937 ба ҷамъоварии мавод дар бораи шӯриши Восеъ сар карданд. Шӯриши Балҷувон дар лавҳи хотири мардум нағз боқӣ монда буд, ҳатто шоҳидони зинда ва баъзе иштирокчиёни он ҳангоми эҷоди асарҳои ин ду шоир дар қайди ҳаёт буданд. Нақли онҳо дар бораи сабабҳои сар задани шӯриш, роҳбарону иштирокчиён ва шикаст хӯрдани он ба муаллифон кумак расонд.
Турсунзода ва Деҳотӣ либреттои «Шӯриши Восеъ» - ро навиштанд, ки асоси операи нахустини тоҷик «Шӯриши Восеъ» гардид. Ба ин асар композитори барҷаста Сергей Баласанян оҳанг баст. Операи мазкур бори аввал моҳи октябри соли 1939 намоиш дода шуда ва соли 1941 дар Даҳаи якуми санъат ва адабиёти тоҷик дар Москва баҳои баланд гирифт. Опера солҳои зиёд дар барномаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мақоми шоиста дошт. Либреттои он бар асоси маводи  фолклорӣ эҷод шудааст. Дар муносибати қаҳрамонон ва забони гуфтугӯии онҳо андешаву ҳикматҳои халқӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин омил бештар дар суханони Восеъ, Назир, Бобо, Гулизор дида мешавад. Аз оғози асар, суханони Восеъ чун рози дили тамоми халқи ҷафокашида садо медиҳанд.
Вақте ки шӯришгарон қалъаи Балҷувонро фатҳ карда, ба муносибати ин ғалаба базм барпо менамоянд, занон бо латофату зарофат сурудҳои халқиро месароянд, ки чун ҳушдор ба шӯришгарон садо медиҳанд. Занон онҳоро гӯё таъкид мекунанд, ки аз муваффақияти аввалин мағрур нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳанд, зеро душман ҳанӯз дар камин аст:
То тавонӣ, сирри дил бо ёри худ 
ҳаргиз магӯй,
Ёрро ёре бувад, аз ёри ёр андеша кун.
Душманат гар паша бошад, камтар 
аз филаш мадон,
Ин насиҳат гӯш дору зинҳор андеша кун.
Назиру Гулизор – ду дилдода, ду қаҳрамони шӯриш, дар либретто ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Назир ҷавони далер, дӯсти наздики Восеъ ва маҳбуби Гулизор мебошад. Ишқи Гулизор дар дақиқаҳои мушкил ба Назир неру мебахшад, ӯро ба корнамоиҳои нав ба нав ҳидоят мекунад. Ҳангоми шӯриш ӯ аввалин шуда, ба қалъаи беки Балҷувон ворид мегардад ва Гулизорро наҷот медиҳад. Пас аз ғалаба бар беки Балҷувон Назиру Гулизор дар васфи муҳаббати худ чунин месароянд.
Назир:
Ман рӯи туро ба Моҳи тобон надиҳам,
Лаъли лаби ту ба дур(р)у марҷон надиҳам.
Лаъли лаби ту агар ба дастам ояд,
Қимат хараму баҳои Шуғнон надиҳам!
 
Гулизор:
Эй ҷӯраи ҷон, бе ту ҷаҳонро чӣ кунам?
Бе ту гули сурху арғувонро чӣ кунам? 
Бе ту гули сурху арғувон бисёр аст,
Дил майли ту дорад, дигаронро чӣ кунам?
Халқ золимонро ҳамеша ба ягон ҷонвари бадҳайбат, аз қабили аждаҳою наҳанг нисбат дода, дар образи онҳо хислатҳои пасту разили ашхоси золимро тасвир мекунад. Дар либретто Восеъ золимон – ҳокимону бекҳои амирро ба аждаҳо ташбеҳ дода, халқро ба мубориза бар зидди онҳо даъват мекунад.
Дар гуфтугӯи роҳбарони шӯриш – Восеъю Назир аз ҳама бештар ҳикматҳои халқӣ вомехӯранд. Вақте ки амлокдор омада ошӯбгаронро ба оштӣ шудан бо беки Балҷувон даъват мекунад, Восеъ дар ҷавоб мегӯяд:
Ба шумо аз нав оштӣ кардан
Ин баробар ба худ куштан!
Бо ҳама чормағзи пуч шумо
Пур намудед домани моро!
Вақте шӯриш шикаст мехӯрад ва роҳбару раҳнамои он – Восеъ дастгир мешавад, халқ аз ин фоҷиа ниҳоят ғамгин мегардад. Муаллифон барои боз ҳам пурқувват намудани либретто, дар лаҳзаи душвортарин бевосита ба эҷодиёти шифоҳии халқ муроҷиат мекунанд. Онҳо сурудҳои сарояндагону шоирони халқиро, ки дар васфи Восеъ ва шӯриши ӯ месароянд, дар асарашон ҷой медиҳанд. Ин боз як далели он аст, ки эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода бо эҷодиёти шифоҳии халқ зич алоқаманд мебошад. Масалан, шоири халқӣ ин тавр месарояд:
Восеъ хамбид Санги мир,
Муқобили зулми мир
Бояд намудан тадбир!
* * * 
Восеъ рафт сӯи Норак,
Кӯпрукаш кардай порак,
Манғит гаштан оворак.
* * * 
Восеъ сари сангонай,
Пои аспаш лангонай,
Худаш марди майдонай!
 
Ё лаҳзае, ки Восеъро ба қатлгоҳ мебаранд, халқ ба ҷунбиш меояд:
Восеъ фаност имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз 
Ғавғои рӯзи маҳшар 
Дар фақирост имрӯз!
Халқи меҳнаткаш талаф шудани Восеъро ба ғавғои рӯзи маҳшар баробар мекунад. Ғайр аз ин, дар либретто бисёр суханони пурҳикмати иштирокдори шӯриш Бобо ва рубоиёти халқии модари Гулизор – Аноргул оварда шудаанд. Масалан, суруди Гулизор «Ёр аз дили ман хабар надорад» бештар ба сурудҳои фолклорӣ наздик буда, Назир мухаммаси машҳури Ҳофиз бар ғазали Саъдиро тараннум мекунад.
Сурудҳои Нозиму Назир аз назм дида, бештар ба гуфтугӯи халқ наздиктаранд. 
Гулизор дар сурудҳо ҳамчун зани донову ҳушманд ва закӣ ифода мегардад ва аксари он пораҳои фолклорӣ хори халқӣ шудаанд. Чунин намунаҳо арзиши бадеии либретторо таъмин мекунанд. Ба муаллифон низ интихобу ҷобаҷогузорӣ, омезиши бадеии таърих ва фолклор имконият доданд, ки яке аз саҳифаҳои пуршарафи муборизаи халқи тоҷик барои озодӣ ва адолатро бо маҳорат ва истеъдоди баланд инъикосу ба саҳифаи драматургияи мо бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд.
 
Тоҳир МАМАДРИЗОЕВ, драматург
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2021    №: 74    Мутолиа карданд: 448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед