сиёсат
СИЁСАТИ ЭКОЛОГӢ. НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАҲОИ МУҲИМИ ОЯНДАСОЗ
Давраи соҳибихтиёрии кишвар, ки алҳол дар арафаи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҷомеа таъсири мусбат расонда, боиси ба даст овардани комёбиҳои назаррас шудааст. Дар ин давра сиёсати экологии кишвар баҳри истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои табиии Ватани биҳиштосоямон равона гардидааст.
Табиати сайёраи Замин аз муъҷизаҳои Коиноти беҳудуд аст, ки барои одамон макони зисту манбаи ғизо, барои мутафаккирон сарчашмаи таҳқиқоту илҳом мебошад. Гарчанде давлатдорӣ дар ҷомеаи инсонӣ таърихи тӯлонӣ дорад ва давраҳои мухталифро дарбар гирифтааст, муносибати инсон ба табиат ҳамеша дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи давлатдорӣ қарор доштаву мақсади ин маҳдудиятҳо таъмини истифодаи оқилонаю ҳифзи захираҳои табиӣ ба шумор меравад. Равандҳои рушди ҷомеа, афзоиши теъдоди аҳолӣ ва омилҳои дигар дар заминаи болоравии талаботи ҳаётӣ боиси шадидтар шудани истифодаи захираҳои табиӣ гардидааст. Хусусан, рушди босуръати соҳаи саноат ва шаҳришавии аҳолӣ, ки дар охири асри XIX ва оғози қарни XX зоҳир гардидааст, боиси тазъйиқи баланди антропогенӣ, яъне фаъолияти хоҷагидории инсон ба муҳити табиӣ шудааст ва он то ҳол идома дорад. Алалхусус, дар нимаи дуюми садсолаи бистум дар натиҷаи таъсири омили антропогенӣ баробарвазнии байни табиат - ҷомеа сахт коҳиш ёфт ва қудрати худбарқароршавии табиат нисбат ба муносибати истисморгаронаи инсон оҷиз монд. Зеро, дар ин давра сиёсати экологии мамлакатҳои ҷаҳон қариб, ки ташаккул наёфтаву сатҳи мавҷудаи он тамоили истифодаи захираҳои табииро бидуни меъёру андозаҳои муайян доштааст. Аз ин лиҳоз, солҳои 70-90-уми асри XX мафҳумҳои «инқирози экологӣ», «офатҳои экологӣ», «мушкилоти экологӣ», «садамаҳои экологӣ» пайдо шуданд, ки инъикоси аёни муносибати инсон ба табиат ва оқибатҳои ногувори он буданд.
Дарки воқеии ин таҳдидҳо дар сатҳи роҳбарияти олии мамлакатҳои ҷаҳон ба он мусоидат намуд, ки дар миқёси давлатҳо мақомоти ҳифзи табиат ё худ экологӣ ташкил намоянд, ки онҳо сохтори вазорат ё ташкилотҳои ҷамъиятиро дар бар мегирифтанд. Бар замми он, олимони соҳаи табиатшиносӣ дар солҳои 70 - уми асри XX исбот намуданд, ки мамлакати алоҳидаи мустақил дар ҳудуди давлати худ наметавонад, ки муаммоҳои экологии бавуҷудомадаро мустақилона ҳаллу фасл намояд. Зеро, муаммоҳои экологӣ аллакай бо ҳудуди давлатҳои алоҳида маҳдуд нагардида, ба муаммои глобалӣ мубаддал гардида буданд. Инчунин, аниқ карда шуд, ки дар навбати аввал мебояд мақомоти давлатии фаъолияти самаранокдошта оид ба ҳифзи табиат таъсис дода шавад.
Мебояд зикр кард, ки дар солҳои 70 - уми асри XX фаъолияти ҳифзи табиат танҳо аз нуқтаи назари таъсири антропогенӣ ба муҳити табиӣ тавассути рушди соҳаи саноат, истифодаи номутаносиби захираҳои табиӣ барои мақсадҳои хоҷагидорӣ ва ғайра баррасӣ мегардид. Дар як вақт, диққати махсуси олимон ва гурӯҳи муҳаққиқон ба тадқиқи муаммоҳои мушаххаси экологӣ равона мегашт. Масалан, олимони шӯравӣ В. В. Данилов-Данилянтс, С. А. Агаханян ва шогирдони онҳо дар солҳои 60-80-уми асри XX ба муаммои хушкшавии баҳри Арал, обшавӣ ва ақибгардии пиряхҳо, лоиҳаи равона намудани оби дарёҳои Сибири Федератсияи Россия ба Осиёи Марказӣ ва монанди онҳо машғул мешуданд.
Дар ин давра олимони тоҷик низ ба масъалаҳои ҳифзи табиат мароқи беандоза зоҳир мекарданд. Олимони соҳаҳои табиатшиносӣ К. В. Станкович (1969), С. Я. Абдураҳимов (2003), Г. Н. Сапожников, Х. М. Муҳаббатов (1979, 1983), М. Х. Хоҷаев (2010) оид ба масъалаҳои гуногуни ҳифзи табиат тадқиқотҳои зиёд гузаронданд. Натиҷаи тадқиқот барои муайян намудани самтҳои сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2000 - 2015 ҳамчун заминаи илмӣ истифода гардиданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки тадқиқоти масъ-алаҳои экологӣ дар оғози солҳои 90 - уми асри XX омӯзиши амният ва пешгӯии экологӣ ба ҳисоб рафта, дар ин давра раванди ташаккули сиёсати экологии давлат ва мавқеи он дар ташкили фаъолияти пурмаҳсули мақомоти ҳифзи табиат мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Тадқиқоти захираҳои табиӣ бо ҳамаи ҷузъҳои таркибиаш аз ҷониби олимони ватанӣ С. Э. Юсуфова, Р. Б. Баротов, Ф.Ф. Ҳакимов, М. О. Охунов ва дигарон гузаронда шудаанд. Дар ин гурӯҳи муҳаққиқон заҳмати Г. В. Кошлаков ва шогирдони ӯ дар ташкил, ташаккул ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат хеле муҳим аст, ки он ба муносибати конститутсионӣ - ҳуқуқии байни ҷомеа ва инсон асос ёфтааст. Чунин услуби методологии илмӣ барои ҳаллу фасли муаммоҳои экологӣ ҳангоми таҳияи заминаи конститутсионӣ - ҳуқуқии ташкили системаи амнияти экологӣ, фаъолияти мақомоти давлатии ҳифзи табиат ва сохторҳои он дар охири солҳои 90-уми асри XX ва оғози асри XXI аз ҷониби Т.В. Злотникова, М.Н. Майданова ва Вербинский дар минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Россия низ истифода бурда шудааст, ки заминаи устувори илмӣ - амалии чунин услубро исбот менамояд.
Аз ҷониби Т.О. Салимов ва гурӯҳи олимон тадқиқоти ташкили системаи амнияти экологӣ ва заминаҳои конститутсионӣ - ҳуқуқии ҷабҳаҳои мухталифи фаъолияти мақомотои ҳифзи табиат давоми солҳои 2001-2010 гузаронда шудааст, ки мақсади ниҳоии он муайян намудани дурнамои сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 мебошад.
Дар соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи ҳуқуқӣ ва муайяннамоии самти асосии сиёсати экологии мамлакатро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» дар бар мегирифт. Бори нахуст соли 1997-ум ҳуҷҷати муҳими стратегӣ - Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998-2008 қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати экологии кишварро муайян ва манбаъҳои маблағгузор, мақомоти масъул, муҳлати иҷрои тадбирҳои пешбинигардида ва ҷабҳаҳои дигарро амиқу мушаххас дар бар гирифт. Баъдан, қабул гардидани Консепсияи давлатии ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2008-2013, Барномаи давлатии баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2006-2010, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Барномаи давлатии комплексии рушди маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи солҳои 2020-ум ва ҳуҷҷатҳои дигари давлатӣ самтҳои сиёсати экологии давлати соҳибистиқлолро муайян намуданд.
Сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ зина ба зина такомул ёфтааст, ки аз сатҳи баланди татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳувайдост. Агар давоми солҳои 1993 - 2000 - ум, асосан пурқувват сохтани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таҷҳизондани он бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, заминаи моддӣ - техникӣ ва ғайра амалӣ гашта бошанд, баъдан самти асосӣ ба баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ равона гардид. Ҷорӣ намудани омӯзиши табиатдӯстӣ дар кӯдакистонҳо, ворид намудани фанни «Экология» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пешбинии фанни «Ҳифзи табиат», «Консепсияи муосири табиатшиносӣ» дар нақшаҳои таълимии ҳамаи ихтисосҳои муассисаҳои олии касбӣ ва ғайра зинаҳои дигари рушду такомули сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки давоми солҳои 2000 - 2005 - ум пурра татбиқи худро ёфтааст ва то ҳол идома меёбад.
Бар замми он, ташкили вохӯриҳо, семинарҳо, озмунҳо, суҳбатҳо ва тадбирҳои дигари тарғиботӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа хеле вусъат ёфтаанд, ки заминаи онҳоро иқдомҳои наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи захираҳои об ташкил медиҳанд. Аз ҷониби 177 мамлакати ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо кардани эълони «Соли 2003 - соли байнал-милалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» давоми солҳои 2005 - 2015-ум, «Соли 2013 - соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028 боиси тақвияти сиёсати экологии мамлакат шудааст.
Натиҷаи тадриҷан дигаргун шудани сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2000 - 2020-умро метавон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мушоҳида намуд, ки инъикоси воқеан ҳам баланд рафтани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Ободу кабудизоркунии ҳудудҳои шаҳру деҳаҳо бо шинондани дарахтони ҳамешасабзи ороишию сояафкан, гулҳои зебо, буттаҳои сабз, қуттиҳои партовпартоии замонавӣ ва даҳҳо хислатҳои нави сифатӣ дар ҳаёту фаъолияти ҷомеа намудор гардид, ки нишонаи ташаккули мафкураи нави экологии аҳолӣ мебошад.
Ҳадафи чоруми стратегии миллии кишвар - рушди саноатикунонии босуръат бо сиёсати экологии мамлакат ҳамрадиф аст. Зеро, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ироаи Паёми солона бо эълон намудани ҳадафи нави стратегӣ таъкид доштанд, ки раванди саноатикунонии босуръати кишвар мебояд бо татбиқи технологияҳои муосири кампартов ва бепартов, яъне аз ҷиҳати экологӣ безарар амалӣ гардад. Ин заминаи воқеии саҳми арзандаи Тоҷикистон дар раванди пешгирии тағйирёбии глобалии иқлими сайёра мебошад. Ҷомеаи мутамаддини кишвар мутмаин аст, ки сиёсати экологии давлат минбаъд низ такомул хоҳад ёфт ва ҳамеша баҳри ҳифзи муҳити зисти сайёра, аз ҷумла табиати биҳиштосои Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона мегардад.
М. С. СОБИРОВ, дотсенти кафедраи экология
ва ҳифзи табиати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
М. С. ҲУСАЙНОВ, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2021 №: 74 Мутолиа карданд: 623