ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ИФРОТГАРОӢ
Дар Душанбе як террорист дастгир шуд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нафареро боздошт намуданд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуда буд.
Шаҳрванд Имомалӣ Идибегов, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Рӯдакӣ, ки солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москва кор мекард, бо истифода аз интернет ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайваста, бо пахши наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна ба тарғиби ақидаҳои террористӣ даст задааст.
Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод, ки номбурда бо ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ Темур Амиров ва Даврон Сулаймонов, шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҳудуди Федератсияи Россия амалисозии актҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин, барои хазинаи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» маблағҳои муайян ворид кардаанд. Аз чунин қасди диверсионии Имомалӣ Идибегов ва ҳаммаслакони ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия огоҳ гардида, ҳар ду шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дастгир карданд. Дар ҳамин ҳол, И. Идибегов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор карда, барои чунин кирдори махсусан хатарноки худ - терроризм дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
Кормандони милитсия ӯро 6 апрели соли ҷорӣ дастгир намуданд, ки ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
ҚАЛЛОБӢ
Билети қалбакии ҳарбӣ тақдири корманди комиссариат ва як духтурро сӯхт
Як корманди комиссариати ҳарбӣ ва духтуре дар вилояти Суғд дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ё кӯшиши фурӯхтани билети ҳарбӣ айбдор мешаванд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Фурқат Ниёзов, сардори зершуъбаи афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон дар ҳамоҳангӣ бо Халил Каримов, духтури клиникаи вилояти Суғд, аз шаҳрванд М. Азизӣ барои ба номи додараш М. Азизов омода намудани билети ҳарбии қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ 10000 сомонӣ гирифтаанд.
Дар ин асос нисбат ба онҳо бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2021 №: 74 Мутолиа карданд: 2136