фарҳанг
БО НИГОҲИ ДИЛ ОЛАМРО ШИНОХТ. МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР БОРАИ УСТОД АЙНӢ
Фарзонафарзанди халқи тоҷик Мирзо Турсунзода нахустин суханварест, ки дар Осиёи Марказӣ сазовори баландтарин унвону ҷоизаҳо гардидааст. Ӯ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар замони шӯравӣ ба оламиён муаррифӣ мекард ва ифтихор дошт, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба дунё омадаву ном баровардааст.
Бузургии Мирзо Турсунзода боз дар он буд, ки бо нигоҳи дил одаму оламро мешинохт. Турсунзода дар шинохти нобиғаи халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ талошҳо варзида, номи ӯро дар адабиёти бадеӣ бо достони “Чароғи абадӣ” безавол гардонд.
Достони мазкур соли 1957 нашр шуд. Он аз 378 мисраъ иборат буда, сюжети мураккаб надорад. Мазмунаш ду воқеаи хеле муҳим ва чор бобро дар бар гирифт. Қаҳрамони достон интизори ба дунё омадани фарзанд аст. Вай пагоҳии барвақт ба таваллудхона меравад ва мебинад, ки падаре аз духтардор шуданаш норозист. Дар ин маврид шоир мегӯяд, ки духтар низ меваи умр аст. Баъди чанд лаҳза ба ӯ хабар меоранд, ки соҳиби писар шудаасту аз шодӣ чунин мегӯяд:
Туро духтар, маро бошад, писар шуд,
Барои мову ту як ид сар шуд.
Қаҳрамонро боз мулоқоти хурсандибахши дигар интизор аст. Дар бобҳои “Интизорӣ”, “Мулоқоти якум”, “Мулоқоти дуюм” ва “Дар боғ” образи фарзанди фарзонаи миллатамон - устод Садриддин Айнӣ хеле равшану возеҳ ва хубу дилчасп нишон дода шудааст:
Мулоқоти наве бо пирамарде,
Адиби озмуда ҳар набарде.
Куҳансоле, ки дида ду замонро,
Ғаму андуҳу шодии ҷаҳонро...
Садои Осиёро хуб донад,
Худ ӯро Осиё маҳбуб донад.
Шоири нуктапардоз хидматҳои бузурги абармарди таърих - аллома Айниро бо забони ширину шево хеле ҳақиқатнигорона ба қалам медиҳад:
Яроқашро мубориз аз қалам кард,
Ҳақиқатро, тамаддунро алам кард.
Адиб аз қатра ҳам тобандатар шуд,
Қиёми халқ - дарё, ӯ гуҳар шуд.
Ва он пири дарёдил, мутафаккири бузурги халқи тоҷик Садриддин Айнӣ аз вагон фуруд меояд. Гӯё бо ӯ ба ин сарзамин нуру сафо меояд, аз ҳар дару бом пайғому дуруд баланд мешавад:
Адиби хешро оғӯш кардем,
Заданҳои дилашро гӯш кардем.
Ба устоди қаламкаш дод пайғом,
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ!
Дар байти охир мебинем, ки шоири тавонову нозукбаёни мо бо маҳорати хос моро бо мисраъҳои хушоҳангу ҳамоҳангаш, қофияву радифҳои шевову зебояш мафтун месозад. Ин гуна санъати лафзиро мувозина ҳам мегӯянд. Суханвари бузурги мо, дар ҳақиқат, санъаткори моҳиру беҳамтост. Бинед, бо омадани устод Айнӣ хандон шудани табиати атрофро чӣ гуна ба қалам медиҳад:
Табиат ҳам ба истиқболаш омад,
Чаман дар пурсиши аҳволаш омад.
Устод Турсунзода чун сарроф дурдонаҳоро ба риштаи назм кашида, симои адиби равшанзамири Шарқро басе хотирмон тасвир менамояд.
Боби “Дар боғ” - и манзума хеле таъсирбахш буда, суҳбати қаҳрамони лирикӣ бо адиби бузург моро ба инсонпарварӣ ва ватандӯстӣ водор месозад. Аксари байтҳои достон тамсиланду саршор аз панду ҳикмат. Устод Айнӣ мешунавад, ки мусоҳибаш писардор шудааст, насиҳатомез таъкид мекунад:
Писарро тарбият бинмо падарвор,
Ки гардад он мубориз, халқро ёр.
Ба фарзанд оташи ишқи Ватанро
Фурӯзон кун, фурӯзон, ҷаҳд бинмо...
Ба мисли заррае тобанда бошад,
Ба ҳар маҳфил чароғи зинда бошад.
Зеро худи Айнӣ бо кору номи некаш машъали бузурги рахшон ва чароғи равшани Шарқ гардида буд:
Худи устод машъал шуд, алав шуд,
Чароғи равшани дунёи нав шуд.
Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,
Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам.
Устод Мирзо Турсунзода бо ин достони худ ҷовидона будани хизматҳои устод Айниро ҳунармандона ба қалам додааст. Ин санъати бадеӣ - таҷоҳули ориф, ки устод дар хотимаи достон овардааст, бурҳони қотеи гуфтаҳои мост:
Магар созам ягон боре фаромӯш,
Адиберо, ки буд ҳам ақл, ҳам ҳуш?
Ҳакималӣ НАЗАРАЛӢ, омӯзгори МТМУ № 17, шаҳри Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.04.2021 №: 75 Мутолиа карданд: 593