logo

иҷтимоиёт

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН

Дар ноҳияи Рашт ба масъалаи соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғл, аз ҷумла занон, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Бо ин мақсад, дар шаҳраки Ғарм филиали Муассисаи давлатии “Маркази калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Рашт  таъсис ёфт.
 
Тавре Наҷибулло Ғиёсов, директори филиали мазкур, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, он аз рӯи 14 ихтисос касбомӯзонро фаро гирифтааст.
Тайи як соли охир ба касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, аз ҳисоби курсҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ 7 гурӯҳ бо теъдоди 105 нафар, аз ҳисоби курсҳои худмаблағгузор 7 гурӯҳ бо теъдоди 81 нафар ва аз ҳисоби шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ 148 нафар, дар маҷмӯъ, 334 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, ки аз ин шумора 116 нафарашро занон ташкил медиҳанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии кормандони сохторҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт мебошад, ки соли 2019 дар рӯзи Ҷашни Ваҳдати миллӣ бинои наву замонавӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла, филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар он ҷойгир аст ва он дорои 8 синфхонаи тахассусӣ буда, бо таҷҳизоти зарурии таълимию омӯзишӣ таъмин мебошад, ки ин шароити мусоиди кору фаъолиятро барои кормандони филиал фароҳам меорад.
- Роҳбарияти филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт туфайли ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош меварзад, ки дар ҷодаи соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғли ноҳия, аз ҷумла занон, тамоми имкониятҳои дар даст доштаашро равона созад, - гуфт Н. Ғиёсов.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед