сиёсат
ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШӮРОИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ИННОВАТСИЯИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илму инноватсия, пайвандии илму истеҳсолот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икром, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, ходими илмии Маркази инноватсионӣ оид ба омӯзиши маводи табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаррух Шарофов, сарходими илмии Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ва дотсенти кафедраи ҳимояи релеӣ ва автоматикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Борбад Мирзозода бо таклифу пешниҳодҳо барои рушди илму инноватсия дар Тоҷикистон баромад карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2021 №: 76 Мутолиа карданд: 846