logo

иҷтимоиёт

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГИИ ШИРКАТИ “SERBA DINAMIK HOLDING BERHAD” БА БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бо ҳайати намояндагони ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad”-и Малайзия таҳти роҳбарии муассис ва мудири иҷроияи ин ширкат ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло, баргузор гардид, ки масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди он мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд. 
 
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода меҳмононро бо  вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ шинос намуда, ҳавасмандии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти роҳандозии ҳамкории судманд бо сармоягузорон ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба низоми бонкии кишвар иброз намуд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрии ҳуқуқии мукаммал фароҳам аст.
Ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии бонки рақамӣ (digital banking) ва таъсиси платформаи содирот ва воридоти байни кишварҳои ACEAN ва Осиёи Марказӣ иброз намуда, таъкид кард, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” дар баробари таҳкими рушди тиҷорат, инчунин, омода аст, ҳамкории густурдаро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда, ба ин васила барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкии кишвар, рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намояд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки баҳри густариши ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Дар вохӯрӣ намояндаи ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Моҳд Файзал бин Юсуф, мушовири ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Абдумаҷид Тиллоев, мутахассисони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Ахмедова, Лоиқ Саидзода ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон иштирок карданд.
Як нуқта боиси зикр аст, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” яке аз ширкатҳои рушдёфта ва бонуфузи Малайзия маҳсуб ёфта, дорои зиёда аз 30 ширкате мебошад, ки дар 20 кишвари дунё, аз ҷумла Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, ИМА ва ғайра дар самтҳои муҳандисӣ,  технологияҳои компютерӣ, сохтмони неругоҳҳои барқӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва ғайра фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
 Инчунин, таъсиси корхонаи истеҳсоли содаи каустикиро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки маблағи он беш аз 200 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, роҳандозӣ намуда, дар лоиҳаи “TAPI”-и Ҷумҳурии Туркманистон яке аз паймонкорони асосӣ ба ҳисоб меравад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2021    №: 76    Мутолиа карданд: 610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед