президент
Сарвари давлат дастур дод, ки ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиат тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд
12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва як қатор ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат, ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи якуми соли равон, рафти сохтмони иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вусъати киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва ба зимистони оянда баррасӣ шуданд.
Оид ба зарари аз офатҳои табиати рӯзҳои охир расида муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди рӯзҳои охир ба хоҷагии халқи ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод, Шӯрообод, Балҷувон, Ховалинг, Ҳисор, Файзобод, Ғончӣ ва Истаравшан хисороти калон ворид шуд. Аз ҳама хисороти зиёд дар натиҷаи аз маҷрои худ берун омадани дарёи Сурхоб дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба миён омадааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат ва ҷалби захираҳои дохилию хориҷӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида шаванд.
Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, аз ҷумла иҷрои буҷети давлатӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва дигарон ахбор доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми воридот ба буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,3% афзуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба афзоиши ҳаҷми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пашму пӯст дар дохили кишвар, тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба расондани кӯмакҳои саривақтӣ ба деҳқонон баҳри вусъати киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба кишти такрорӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки омодагӣ ба зимистони оянда низ аз ҳозир бояд оғоз гардад.
Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, бо рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Ванҷ, ки 2 январи соли равон рух дода буд, шинос шаванд ва баҳри тезондани корҳо барои дар ҷойҳои бехавф ҷобаҷосозии аҳолии бехонамонда ва муҳайё намудани шароити зарурӣ дар маҳалҳои нави зисти онҳо тадбирҳо андешанд. Онҳо ҳамчунин дастур гирифтанд, ки аз рафти сохтмони иншооти сершумори соҳаҳои гуногун дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан карда, баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3569