номаҳо
МАОРИФ. БЕТАРАФӢ БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи созанда ва пешбаранда номиданд, ки бесабаб нест. Зеро ҷавонон давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони хеш мебошанд. Яке аз мушкилиҳое, ки боиси нигаронии давлату ҷомеа гаштааст, ин даст ва кирдорҳои ношоям задани ҷавонону ноболиғон мебошад. Бо мақсади аз байн бурдани чунин кирдорҳои номатлуб Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намуда, бо ташаббуси бевоситаашон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро қабул намуданд, ки ин модели тоҷикии қонунгузорӣ маҳсуб меёбад.
Қонуни мазкур аз ҷониби коршиносони ватаниву хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба он баҳои мусбат дода шуд. Ҳоло давлатҳои хориҷӣ кӯшиш намуда истоданд, ки қонуни мазкурро дар қонунгузории хеш ратификатсия намоянд. Ин қонун дар худ фарогири як қатор суннатҳои миллӣ буда, имконият фароҳам овард, ки дар ҷомеа пояҳои арзишҳои маънавиву ахлоқӣ пойбарҷо гардида, уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дучанд намояд. Ин аст, ки волидони мо масъулияти худро ба пуррагӣ иҷро намуда истодаанд.
Чӣ гунае, ки дар урфият мегӯянд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай ҳам азизтар». Аз мақоли мазкур бармеояд, ки ҳанӯз аз замонҳои пеш гузаштагони мо ба масалаи таълиму тарбия бетараф набуда, пайваста аз паи иҷро гардидани он мегаштаанд. Мутаассифона, ҳоло ҳам нафароне ҳастанд, ки меъёрҳои қонуни мазкурро нодида гирифта, ба он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд, ки ба нафъи онҳо нахоҳад буд. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки ҳамкории мутақобилаи волидон бо муассисаҳои таълимӣ пайваста ба роҳ монда шавад ва аз мақомоти назоратбарандаи ин қонун даъват ба амал оварда мешавад, ки назорати иҷрои онро ҷоннок намоянд. Зеро ҷавонон, дар воқеъ давомдиҳандагони мероси ниёгони гузаштагон мебошанд ва мо насли калонсол дар таълиму тарбияи онҳо мутасаддӣ буда, ба ин масъала бетараф набошем.
З. САИДЗОДА, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2021 №: 77 Мутолиа карданд: 8245