барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Гурбонгули Мяликгулиевич!
Хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо - Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба ин талафоти гарон, хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2021 №: 78 Мутолиа карданд: 4672