иҷтимоиёт
МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ШИБҲИ ҚОРА
Дар яке аз рӯзҳои октябри соли 2009 бо дӯстам доктор Ахтар Ҳусайни Козимӣ, ки аз Ҳинд барои ширкат дар Кунгураи таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам бо ман дар Душанбе пайваста буд, дар хиёбонҳои канори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадам мезадем, то магар китобфурӯшие пайдо шавад ва аз он ҷо китобҳои чопи Тоҷикистон ба хати ниёкон бихарем. Ман суроғи тазкираи «Наштари ишқ»-ро мегирифтам, ки чанд сол пеш дар Душанбе чоп шуда буд ва доктор Ахтар «Гулчини ашъори Мирзо Турсунзода» - ро ҷустуҷӯ мекард. Мақсуди ман ҳосил нашуд, вале доктор Ахтар он чиро, ки мехост, ба даст овард. Ҳамон лаҳза сари хиёбон сафҳаеро боз кард ва барои ман ашъоре хонд. Ашъор ба ёди Файз Аҳмади Файз – шоири номдори урдузабони Покистон буд. Пас аз шунидани ин шеър аҷаб эҳсоси наздикӣ бо Турсунзода пайдо кардам. То он рӯз фақат исми Турсунзода ва васфи маҷди шоиронаи ӯро шунида будам ва, инак, нахустин ошноии ман бо қитъаоти шеъри ӯ буд, ки маро маҷзуби худ кард.
Моҳи июни соли 2010 маро бори дигар гузар ба сарзамини тоҷикон афтод ва ин бор бо фароғат ва фурсати бештар суроғи осори мафохири миллӣ ва фарҳангиро мегирифтам ва ҳар куҷо мешунидам, ки асаре фохири фарҳангӣ дар хоки Тоҷикистон аст, бо иродатмандӣ ба дидори он мешитофтам. Сафарро аз Панҷакент, деҳаи Рӯдак оғоз кардам ва роҳи Мазори Шарифу Хуҷанду Хатлонро паймуда, ба Душанбе омадам. Дар ин сафар ифтихор доштам, ки маҳали будубош ва хокҷойи бузургони адабу фарҳанги форсии тоҷикӣ ҳамчун Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Муслиҳиддини Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абуисҳоқи Хатлониро аз наздик бидидам. Дар яке аз чоштҳо бо дӯст ва мизбони теппаи шаҳраки Лучоб рафтам, ки аз мақбаратулшуарои Тоҷикистон низ дидоре кунам. Дар он ҷо сари таъзим муқобили хокҷойи Турсунзода ва дигар номдорони фарҳанг ва адабу ҳунар фурӯ кардам.
Забони форсӣ то қарнҳои қарн мисдоқи ин байти шайхи Шероз буд:
Ҳар куҷо чашмае бувад ширин,
Мардуму мурғу мӯр гирд оянд.
Мардум аз Бангола то Балкан ва Тӯрон гирди ин чашма меомаданд ва ба ин забони ширин шеър месуруданд ва китоб менавиштанд. Сурудаҳо ва навиштаҳо бар болҳои забони форсӣ савор шуда, аз як сарзамин ба сарзамини дигар сафар карда, миллатҳоро ба ҳамдигар наздик меоварданд. Пуштвонаи дӯстӣ ва ҳамбастагии миллатҳои минтақа забон ва фарҳангу адаб мебошад. Ҳеҷ вазири ботадбир ва сафири корозмуда коре дар ҳамбастагии тӯдаи мардум наметавонад анҷом диҳад, ки Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Амир Хусрав, Бедил ва Иқболҳо дар тӯли таърих анҷом додаанд. Аҷабо, ки роҳи табодули китоб ва фарҳангро бар фарҳангиён бастаанд ва роҳи колофурӯширо бар бозоргонон боз кардаанд. Натиҷаи чунин бетадбирӣ аст, ки имрӯз гӯши донишҷӯёни риштаи форсии донишгоҳҳои мо бо номҳое чун Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва амсоли онҳо ноошност, чӣ бирасад, ки аз ашъори ширини онон баҳравар бишаванд? Таҳқиқи устодони пажӯҳишгари мо ҳам перомуни шеъри муосири форсӣ аз Парвини Эътисомӣ шурӯъ шуда, ба Фурӯғи Фарухзод хатм мешавад ва ҳайф, ки аз муъҷизаи ҳунари шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ баҳсе дар миён нест.
Устод Турсунзода дар ашъори худ нигоҳи дилсӯзона ба Ҳиндустони мустаъмараи англис дорад ва бо мардуми истеъмордидаи Ҳинд изҳори дилбастагӣ. Баррасии ҳамин мавзӯъро муҳаққиқон ва донишварони Покистону Ҳинд метавонанд муқаддимаи ошноӣ бо ин шоири тоҷик қарор диҳанд.
Дар «Қиссаи Ҳиндустон», ки сафарномаи шоир ба Ҳинд аст, ӯ аз як чашм зебоиҳои Ҳиндустонро нигоҳ мекунад ва бо чашми дигар фақр ва фалокати мардуми он, махсусан онҳоеро, ки наҷис ба шумор меоянд, тамошо мекунад.
Устод Турсунзода Ҳиндустони мустаъмараро дида буд ва дар бисёре аз ашъори худ истеъмори аҷнабиёнро зери суол бурда ва изҳор дошта, ки англисҳо ба ҷуз зарандӯзӣ ва зарпарастӣ ва комҷӯйӣ ҳадафе дигар аз ҳукумат дар Ҳиндустон надоштанд.
Баҳри чӣ ин мағрибии дилсиёҳ
Карда ҳарисона ба Машриқ нигоҳ?
Бурд дилашро магар ин сарзамин,
Бӯйи хуши ин чамани нозанин?
Ё ҳаваси дидани бӯзинаҳо,
Ё ба каф овардани ганҷинаҳо?
Ё ин ашъор:
Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.
Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст
Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набаст.
Сар назад аз мағрибии бекарам
Чизи дигар ғайри ҷафову ситам.
Тир назад мағрибии дилсиёҳ
Ҷуз ба дили халқ дар ин сайдгоҳ.
Гарчи дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд.
Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!
Дар «Тоҷмаҳал» шоир дар муқоиса байни мақбараи Тоҷмаҳал дар Агра ва ҳотели «Тоҷмаҳал»-ро дар Бамбай маркази савдогарон ва таҷаммӯи кафандуздон ва мурдашӯ гуфтааст:
Бин, ки ғоратгарон ба макру фиреб,
Шуда меҳмони Бамбай аз Мағриб.
Сохта дар канори баҳри кабуд
Меҳмонхонае ба майли худ,
Номи онро ниҳода Тоҷмаҳал,
«Мекунад он ҳаёти ҳинду ҳал».
Бамбайи беқарор пурғавғо
З-ӯ иваз шуд ба маркази савдо,
Маркази дахлу фитнаҷӯӣ шуд,
Ҳар кафандузду мурдашӯе шуд.
Байни савдогарони вискинӯш
Меравад рӯзу шаб харидуфурӯш.
На фақат мондаанд дар савдо
Буду нобуди халқи ҳиндуро,
Нояккарда шираи норанҷ,
Ҷустуҷӯ мекунанд симу ганҷ.
Ғарбию осиёии судхӯр
Ҳар ду бардошта сар аз як гӯр.
Чанд аз ҳиндувони оқипадар,
Зархаридони қувваи доллар
Дар миён чун ғуломи ҳалқабагӯш
Монда шаъни диёри худ ба фурӯш,
Монда ҳам хуну ҷони ҳиндуро,
Ҳам сафед устухони ҳиндуро...
Дар шеъри «Тара-Чандри» агарчи шоир мафтуни ҳунари рақс ва зебоии раққосаи ҳинду аст, ӯ мехоҳад, ки дили раққоса омоҷгоҳи орзуи миллат бошад ва орзуи миллат дар он аср ба ҷуз озодӣ аз истеъмор чизе дигар набуд:
Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ, ба лағжиш
реги саҳроӣ,
Ҳунарманду ҳунарпеша зи сар то
нохуни поӣ!
Сабук чун парниёнӣ ту, беҳ аз оби
равонӣ ту,
Ба каф дурри гаронӣ ту, ба тан ҷонӣ ту,
ҷонӣ ту!
Матарс аз шуълаҳои аввалини субҳи озодӣ,
Маларз аз боди даҳшатноки тӯфон мисли шамшоде.
Умеду орзуи халқи худро дар дилат ҷо кун,
Дили пурҳасрати онро ба мисли ғунчае
во кун.
Ту, эй фарзанди маҳбуби диёри кишвари
бебахт,
Сияҳчашму сияҳабрӯ, сияҳмӯ, духтари
сарсахт!
Дар муқаддимаи шеъри «Сайёҳи Ҳинд» шоир ба бадбахтиҳои қавми ҳинду дилашро месӯзонад:
Бо хаёли диёри Ҳиндустон,
Ҳиндуи номуроди рӯйи ҷаҳон,
Кишвари мардуми ҷигарпора,
Халқи бехонумони бечора
Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам,
Қиссаи хешро давом кунам.
Ва дар «Нидои замин» хитоб ба кӯҳи Ҳимолой карда, ба бадбахтии Ҳинди мустаъмара фарёд мезанад:
Эй Ҳимолой, кӯҳи сар ба фалак,
Ҳам ба инсон муҳиб, ҳам ба малак!
Бахту иқболро намоён кун,
Шаби торикро чароғон кун!
Абрро аз сарат парешон кун,
Қуллаи хешро дурахшон кун!
Як ба Ҳиндустон назар андоз,
Пора - пора намой пардаи роз.
Зиндаро дидаӣ, ки беватан
аст?
Мурдаро дидаӣ, ки бекафан
аст?
Шояд аввалин бозтоби ашъори дилнишини устод Турсунзода дар шибҳи қора ва барои хонандаи урдузабон ба василаи маҷмӯае буда, ки яке аз наққодони ҳиндӣ марҳум З. Ансорӣ бо номи «Совет юнион ке пандра шоирун ко мунтахаба калом» омода кард ва аз сӯйи дорулишоати тараққӣ (Маскав, 1984) мунташир шуд. Дар ин маҷмӯа, ки баргузидаи ашъори 15 шоири Иттиҳоди Шӯравӣ ба забони урду аст, устод Турсунзода низ яке аз онҳост. Ин маҷмӯа дар сафҳаҳоти 87 то 98 тарҷумаи се суруди Турсунзода – «Боғи муаллақ», «Тара - Чандри» ва «Аз Ганг то Кремл»-ро дорад.
Файз Аҳмади Файз (1911-1984), шоири муборизи урдузабони Покистон, ки муддате дар табъид ба сар бурда ва мураттаб ба Маскав ва шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рафтуомад дошт, дӯстоне зиёд дар ин сарзамин барои худ пайдо кард. Устод Турсунзода яке аз онон буд. Турсунзода дар достони «Ҷони ширин» хотироти гузаштаро мурур мекунад ва аз Файз Аҳмад чунин ёд мекунад:
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Бештар хомӯш гарчи менишаст,
Гарчи камтар сӯйи нон мебурд даст,
Дигаронро гарчи ӯ мекард гӯш,
Мекашид ӯ гарчи танбоку хамӯш,
Лек чашмонаш шарар мерехтанд,
Хуни ҳасрат аз ҷигар мерехтанд.
Печутобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.
Борҳо ин мард зиндон дидааст,
Дар сари мӯ бозии ҷон дидааст.
Рӯ ба халқу кишвари маҳбуб кард,
Марги беинсофро мағлуб кард.
Табъ сарбозу қалам шамшер шуд,
Посбонаш назми оламгир шуд.
Адлҷӯён ӯ ҷаҳонгардӣ кунад,
Дар адои қарзи худ мардӣ кунад.
Зулм гарчи карда мӯяшро сафед,
Лек мегӯяд, ки дунё бо умед.
Файз Аҳмад ҳам зану фарзандро
Дар баҳои ҷон харад монанди мо.
Ҳар гаҳе ки ёди Покистон кунад,
Ёд аз ношод фарзандон кунад,
Гиряи фарзанд озораш диҳад,
Аз ғазаб қудрат ба гуфтораш диҳад.
Аҷиб аст, ки Файз низ дар соли 1911 милодӣ ба дунё омад ва шеъри худро шиоре алайҳи зулм ва ҳимоят аз мазлум сохт. Кош, давлатини Покистону Тоҷикистон ба қирони саъдайн таваллуди ин ду шоири бузург як барномаи муштараки бузургдошт низ дошта бошанд.
Доктор Орифи НАВШОҲӢ,
Исломобод, Покистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2021 №: 78 Мутолиа карданд: 835