logo

сиёсат

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИВУ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИНРО БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ БАРОВАРД

Сарвари давлат илму маориф ва фарҳангро  аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хеш эълон дошта, дар ин росто ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо шарикон ва ниҳоду созмонҳои хислати  гуногундошта  ба роҳ мондаанд. Ҳамкориҳои бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан ба манофеи миллии кишвар мувофиқат мекунанд ва ин ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо – сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, савдо, илму техника, фарҳанг ва маориф дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан, густариши ин муносибатҳо дар низоми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин ва дигар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зиёд ба назар мерасад. 
Робитаҳо байни халқҳои тоҷику чин ба умқи қарнҳо расида, ҳанӯз аз даврони қадим мардумони ин ду кишвар байни ҳам робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ доштаанд. Хусусан, тавассути Шоҳроҳи бузурги Абрешим. Ин муносибатҳо ҳоло дар доираи СҲШ вусъати тоза ёфта истодаанд. Равобити созандаву самарабахши  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  сол ба  сол  ҳам  дар  чаҳорчӯбаи   муносибатҳои   байнидавлатӣ ва  ҳам дар доираи СҲШ вусъати тоза пайдо  намуда, самтҳои навро дар бар мегиранд. Созмон аз замони ташкилёбии хеш худро ҳамчун сохторе муаррифӣ кард, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг талош меварзад. Дар даврони навин бо дарёфти Истиқлоли давлатӣ робитаҳо байни Тоҷикистону Чин мазмуну мундариҷа, характер ва самтҳои нав ба худ касб карданд. Роҳбарони Тоҷикистону Чин нисбат ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гуманитарӣ аҳамияти бештар медиҳанд. Ин мавзӯъ дар доираи ҳар вохӯрӣ матраҳ  мегардад. Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фарҳанги Чин хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, сафи омӯзандагони забони  хитоӣ дар ҳоли афзоиш мебошад. Дар донишгоҳҳои кишвар гурӯҳҳои забони чинӣ амал мекунанд. 
Ҳамчунин, марказҳои фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ фаъол гардидаанд, ки дар он донишҷӯёни тоҷик забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои халқи Чинро меомӯзанд. Дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин низ сафи донишҷӯёни тоҷик сол ба сол меафзояд. Имрӯз дар 112 муассисаи таҳсилоти олии Чин беш аз 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар Чин низ ба таърих ва  фарҳанги ғании халқи тоҷик таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ин аст, ки дар баъзе аз муассисаҳои илмӣ ва илмиву таҳқиқотии ин кишвар марказҳои тоҷикшиносӣ ба фаъолият пардохтаанд.  
Дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи илму техника ҳамкории барои ҳар ду кишвар судмандро роҳандозӣ намудаанд. Аз ҷумла, муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин ҳамкории судманд доранд. Аз ҷониби олимони  Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон экспедитсияҳои муштарак ба роҳ монда шудааст, ки онҳо барои гузарондани тадқиқоти объектҳои мушаххас мусоидат намуда истодаанд. Дар доираи ҳамкориҳо Маркази илмию техникии Осиёи Марказӣ таъсис ёфт, ки тавассути он кишварҳои узви СҲШ метавонанд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ намоянд. Маркази мазкур дар минтақа барои пешгирӣ намудани заминҷунбиҳои эҳтимолӣ мувофиқи принсипи «ягона», инчунин, барои бунёд кардани базаи ягонаи иттилоотии илмию техникии Осиёи Миёна, ки дар он мониторинги экологӣ гузарондан имконпазир гардад, мусоидат менамояд. Инчунин, барои мубодилаи иттилооти илмӣ -техникӣ, таҳқиқоти стратегӣ, муаррифии маҳсулоти нав ва интиқоли технологияҳо, инкубатсия, омодасозии кадрҳои илмӣ, паҳн намудани натиҷаҳои тадқиқот, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии кадрҳо ва ғайра пешбинӣ шудааст. 
Солҳои 2008, 2013, 2019 дар Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва солҳои 2007 ва 2014 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Чин гузаронда шуданд. Ҳамчунин, ҳамасола бо дастгирӣ ва пешниҳоди Созмони ҳамкории Шанхай дар кишварҳои узв намоишгоҳҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо бо ҷалби мутахассисон мавзеъҳои таърихиву саёҳатӣ, расму оин ва анъанаҳо  роҳандозӣ мешаванд. 
Соли ҷорӣ ба таъсиси СҲШ 20 сол пур мегардад. Кишвари мо ҷиҳати пазируфтани раёсати СҲШ омодагӣ мегирад. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи тадорукотро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории сатҳи баланди нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис додааст. СҲШ дар давоми мавҷудияти хеш худро ҳамчун майдони босамари мубодилаи афкор, шинохти мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, вобаста ба талаботи замони муосир мақсаду вазифаҳои доштаашро такмил медиҳад. Ба муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Чин назар карда, бо боварӣ метавон гуфт, ки он оянда   рушди бештар хоҳад кард. Умуман, метавон чунин хулоса намуд, ки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СҲШ барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узв ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ муҳим ва муассир хоҳад буд.
 
Ёраҳмад НИЁЗӢ, 
директори Институти Осиё 
ва Аврупои АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2021    №: 78    Мутолиа карданд: 959
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед