logo

иҷтимоиёт

ҲОШИМ ГАДО – ШИНОСИ НОШИНОС

ӮРО КАСЕ НАМЕШИНОСАД! МУТМАИНАН НАМЕШИНОСАД…
Оре, ӯ  Суҳроби ял аст. Дуруст, ки Эдипаш ҷаҳонро такон дода буд. Баҳс намекунам, ки Хлестакову Ҳамлеташ беназиранд. Ҳарф нест, ки тамомии нақшҳои офаридааш дар саҳнаи кинову театр беамсоланд. Ҳатто нақшҳои манфияш; образҳои саркардаи босмачиҳо, ки бояд нафрати мардумро меовард, бинандаро ба симои босмачи ошиқ менамуд. Воқеан  ҳам, ин Ҳошим Гадост, ки барои нахустину охирин бор нақши бобои Оғохони IV - ро бозидааст. Бо  ин нақш низ ба дилҳо ҷо шуд, ҳарчанд идеологияи болшевикӣ дигар чи мехост.
Вале бо ин ҳама ӯро намешиносем. Ӯ ҳатто худаш худашро намешиносад. Зимнан, танҳост. Дар ҷустуҷӯст. Дар омӯзиш аст. Худашро меҷӯяду характери фардии хешро меомӯзад…
STOP! Кӣ аз миёни мо худашро мешиносад? Ҳеҷ кас. Вале касе парвое надорад аз ин. 
Вале Ҳошим Гадо дигар аст.  Ӯ  дар симои хеш мехоҳад моро бо мо муаррифӣ кунад. Зимнан, меҷӯяд, мепӯяд, меомӯзад ва… ҳанӯз чизе мураккаб аст, ки мураккабтарини онҳо табиати нобиғаҳост.
 
ҲОШИМ НОБИҒА АСТ!
Медонам, ба бисёриҳо мақбул нест, ки ман нафари зиндаеро нобиға гуфтам. Ҷамъияти мурдапарасти мо нобиғаҳояшро баъди сарашон пайдо кардаву пеши мазорашон зону шикаставу тавбаву надомат сохтаву ҳайкал метарошад. Вале ман дар зиндагиаш, сареҳатан ва бо бовар мегӯям, ки Ҳошим нобиға аст. Ва на танҳо дар санъати ҳунармандӣ.
Олами ҳунар, театр, кино басе печидагиҳо дорад. Мураккабтарин олам аст он. Зеро дигар маълуму мушаххас нест, ки дӯсту душманат бо ту ҳунарнамоӣ доранд ва ё дар асл суҳбат мекунанду симпатияву антипатия низ дар нақшҳост, ниқобҳост, сенарияҳост, суробҳост ва ё дар амал?!. Ҳошим аз ин олам хеле дилмондааст. Мисле, ки дигарон низ дилсарданд. Воқеият ин аст, ки олами театриро фаҳмидану дарк сохтану баҳо гузоштан хеле кори саъб аст. Аммо воқеияти дигар ин ҳам ҳаст, ки дар ин олам мисли Ҳошим Гадо дигар касе нест…
Ҳошим даҳсолаҳост аз бозиҳои пасикулуарӣ сард шудаву аз театр  фирор кардааст. Аммо ин фирори ӯ мисли фирори дигарон нест, ки «ҳақиқатро дар мино» дидаву аз оламу одам бибридаву худро ба маю шароб мезананд. Ҳошим гурехт, аммо на ба оғӯши фаромӯшӣ. Ӯ барои худ ҷодаи нав кашф кард ва собит сохт, ки ба ҳар коре нобиға даст занад-гул мешукуфонад!
 
Ӯ НАВИСАНДА ШУД!
Ҳошим дар тӯли 7 - 8 сол… 100 ҷилд китоб навишт. Ба фарзи мисол, бештар аз асосгузорони марксизму ленинизм. Ин дар ҳолест, ки барои Ленин дастгоҳи идеологӣ тӯли 70 сол менавишту кор мекарду таҳрир менамуду тафсир месохт. Ҳошим дар ин ҷода тани танҳо талош кард…
Имрӯз ҷамъияти китобгурезу китобқимоби мо, ки Ҳошимро нахондаанд, фикр мекунанд асарҳояш сатҳӣ ва пастбаҳоянд. Вале, мане, ки аз ин хизона чанд адад китобро хондаам, бо боварӣ мегӯям, ки «Ҳошим нависандаи олист ва ҳар китобаш ба хазинаи як давлат меарзад». Ман медонам, чӣ мегӯям!
Вусъати андешаи нависанда – Ҳошим бе марз аст. Ӯ тавонистааст, дар кутубаш синтези адёнро ғунҷонад. Ҳатто Авастову Буддоияро синтез кунад. Қиссаҳое, ки дар бораи паёмбарони ин динҳо дар осори Ҳошим дучор меоӣ бо ташреҳи ҳошимӣ воқеан ҳам, бикранд. Ва ин танҳо ҷунуни ҳошимгадоист, ки ҳазрати Довудро «дузду роҳзани одӣ» муаррифӣ карда тавонад.
Мо афроде, ки вусъати андеша надорем, ҳеҷ гоҳ, ин ҳақиқатро наменавиштем. Зеро мо танҳо тавбаву надоматро медонем. Чизе, ки моли авомуннос аст, Ҳошим инро менависад! Зеро болотар аз пиндори як фарди заминист.
 
Ӯ АЗ ДИГАР ОЛАМ АСТ!
Баҳсҳое, ки Гомеру Софокл, Данте, Уқлидусу Суқрот, Сервантесу Шекспир, Исову Мӯсо, Гоголу Пушкин дар асарҳои Ҳошим доир мекунанд, аналог дар таърихи адабиёти мо надоранд. Фарзи мисол, дар китоби «Хлестаков»-аш ончунон «хлестаковщина»-ро муаррифӣ намудааст, ки ту гӯӣ, бо Гогол ҳамнишин буд. Ва ё «Кометы»-яш ӯро ҳамқадаҳи садҳо файласуфи Юнону Руми қадим месозаду мубоҳисаи пешазмаргии Суқрот бо Ҳошим нависандаро ҳампалатаву ҳамкамераи он фарзона менамояд…
Мутаассуф, ҷамъияти сахт мазҳабии мо, ки думболаи таассуб мераваду ҳатто осори ворастаи Саъдиву Ҳофизу Хайёмро ҷомаи мазҳаб мепӯшонад, Ҳошимро ҳеҷ гоҳ нахоҳад фаҳмид. На имрӯз ва на фардо… Зеро ӯ  аз олами мо нест. Вале, ҳатман рӯзе мерасад, ки ӯро аз ифтихори аврупоиён дарёфтаву мушт бар сина зада, хоҳем гуфт:
- Ӯ тоҷик буд! Ӯ аз табори мо буд…
 
Зафар МИРЗОЁН,
муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2021    №: 78    Мутолиа карданд: 678
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед